17 ноябри соли 2010

            Агар  ба андозаи хамон  тарсе, ки дар майнаву дили мост мо чуръат ва саъй медоштем, холо на он касоне будем, ки хастем! Холо хам бад нестем, аммо дар хама амалу харакатамон хамон эхсоси тарс чо шудааст ва ба назари баъзехо  чунин мерасад, ки он на тарс, балки кадом эхсоси ба масъулияту эхтиёткори ва санчидан вобастае  аст. Бубинед, ки мо хангоми замин харидан метарсем, ки мабодо баъди хона сохтан моро аз инчо мекучонанд, ёхангоми харидории хавли низ,  хангоми мошинрони хатто дар холи дурустии хучатхоямон хам, метарсем, ки нозирони рох моро нигох медоранд, замоне, ки  ба мачлис даъват мешавем, аз натичаи он метарсем, ки мабодо ба газаби раис ё рохбар гирифтор нашавем…Хулоса, ин гуна холат кам нест. Ин андешаро як мехмони радиои мо хам, ки аз Шветсария буд, баён кард. Гуфт, ки «ман вакте ки ба назди гуштфуруш меравам, фикр намекунам, ки у маро фиреб мекунад, ё чи хел карда гушти хуб бигирам…..Ман дар ин бора умуман фикр намекунам, зеро медонам, ки у ба ман факат гушти хубро медихад». Аммо инчо мо бояд бо хар чизи нодаркору камахамият майнаамонро пур кунем, зеро хамон гуштфуруш, хамон раис, хамон ронанда ва хамон…хамватани мо холо тамоман дигаргуна фикр мекунанд ва фахмиши фарккунандае доранд….

          Имруз дар мавриди мошин ва ронанда, нозирони минтакавии милиса, киссаи чияни ким кадом ректор, гапи зан ва сирри чехраи кушодаи зан навиштаам! Читать далее →

Будан ва набудан!

           Дируз дар гузорише, ки Маркази робитахои чамъиятии КАМ Точикистон таёр кардаасту онро  ба такрор шабакахои телевизионии Точикистон нашр кард, сухбати нафареро шунидам, ки сокини вилояти Хатлон буда, гуё дар кадом дехаи минтакаи Рашт омодагии чанги мегирифтааст. Барои ман чумлаи дигараш шавковар буд. У мегуфт, «ман як сол буд, ки ба аёдати наздикону пайвандонам нарафта будам, намегузоштанд».  Яъне, агар ман нозири минтакави хамон худуди истикомати он чавон ва ё худуди боздошти муваккатии у  мебудам, бояд аз кор мерафтам. Мерафтам ва халос! Читать далее →

Милиса. Милые лица?

      Ман баъди хатми мактаби миёна як сол ба мактаби олие дохил нашуда, кор кардаам. Дар мавсими нави дохилшави ман ба хулосаи омадам, ки  ба Академияи Милиса дохил шавам.  Зеро таёрихои маро барои дохилшави ба факултаи хукукшиноси бисёрихо бефоида мегуфтанд. Ва ман бовар кардам, ки (шояд) ба он факулта ман дохил шуда натавонам.  Омадам ба Душанбе. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти