26 октябри соли 2010

    Маро имрузхо аз хар рузи дигар дида бештар  бемасъулияти ва хунукназарии инсонхо, махсусан онхое, ки бояд нисбат ба мардум бемасъулияту хунукназар набошанд, хайрон мекунад. Барои чи вазифадорон ва масъулон хар кадом кореро, ки бояд содикона ва софдилона анчом бидиханд, намекунанд? Хама ба дасту ба ваъдаат таваччух мекунанд, хама пул мехоханд, хама ба ту дар холе ки ба у мурочиат мекуни ва аз хукуки конунии мурочиат истифода мебари, сарду бечозиба назар мекунад? Ман дар ин сардихову бемехрихо хатто дар гармии фасли тобистон хам хунук мехурам…Кай дар ин шахру дар ин  кишвар мехру масъулияту мухаббати холисона ва човидона меояд? Факат  » хеч вакт! » нагуед!!!

Имруз дар мавриди Рузи хушдоманхо, накши табибон дар нишастани тайёрахо, муйхои дарози зан, хоби мардуми хоболуд, шуълахои руи ях ва мастии бе шароб навиштаам. Читать далее →

25 сентябри соли 2010

      Ман аслан факат хамин рузи-рузи шанбе истирохат дорам. Аммо истирохатро хам дар коргох мегузаронам. Истирохат албатта бехаракати нест, аммо бо будан дар хона ва дароз кашидан руи чойхоб хаёл мекунам, ки бехаракат шудам ва мувозинатро гум кардам. Альберт Эйнштейн дуруст мегуяд, ки «Зиндаги мисли рондани велосипед аст. Хамин , ки аз харакат бозмонди мувозинатро гум мекуни!»  Агар чунин аст, пас ба пеш!!!

Имруз дар мавриди домодхои гаронтаъсир, духтурони  бандии пул, хунгузарони ва «хун макидан», зани яхуди ва хуччати ронандагии точики, дарёфти чоизаву унвон ва бахси  ду шахси бемор навиштаам. Читать далее →

Охири рох ва мох. Охири маош!

         Нарххо имрузу хар руз боло мераванд.(Баъди бандшавии каторахои сузишвори ва маводи дигар, баъди селу жола ва таъсири бади он ба кори дехкон дигар ба ин чиз шубха нест!) Ман ва хамкасбони ман ба гурухи мардуме ворид хастем, ки нисбат ба ин зухуроти аксар вакт сунъи сохташуда, бетафовут буда наметавонем. Дурустараш болоравии нарх ва кариб нонамоён шудани маош мардуми ин гурухро, ки аксариятро ташкил мекунанд, ба ташвиш меорад. Коидахои бозори бо коидахои нонавиштаи мардуми савдогар ва онхое, ки ин хама чараёнро дар бозорхо «назорат»  мекунанд, омехта гашта, бори вазнинро факат ба души онхое бор мекунад, ки хар мох мунтазири маош хастанд ва дигар манбаи иловагии даромад надоранд. Албатта хукуматдорону рохбарон гунахкор нестанд, ки мардум манбаи иловагии дарёфти маблаг дошта наметавонад ва ё надорад, аммо факат хаминро шиор кардан хам дуруст нест! Зеро бештари корхое, ки аслан бояд барои мардум анчом дода шавад, он хам дар сатхи зарури  анчом намеёбад. Бигирем хамон сифати махсулоти хурокаро! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти