Мехохед фарзандатон нобига бошад?

                Бехтар аст нагуед, ки дуст надоред фарзанди бохуше дошта бошед, чун бовар намекунем.

Мухаккикон муътакиданд «хуш» илова бар заминаи генетик, то хадде хам иктисобе аст ва дар тули зиндаги ва ба нисбати шароити мухите аз огози таваллуд то бузургсоли ва бар асоси омузишхои фард дар у шакл мегирад, роххоеро барои таквияти он пешниход мекунад. Ба назар мерасад, ки хуши инсон, хам ирси ва хам иктисоби аст.

        Дарвокеъ бо ин ки хуш падидае генетик ва истеъдоде худододи аст, тавоноихои зехнии афрод тайи даврони зиндаги ва аз даврони кудакии онхо кам-кам шакл мегирад. Бар асоси тахкикоти илмии анчомшуда, бо ба кор бурдани равишхо ва барномарезихои хосе дар зиндагии рузмарра ва дар фазои омузишии кудакон, метавон кудрати тафаккур ва хуши онхоро парвариш дод. Шумо хам метавонед аз ин 9 равиш барои бохуштар кардани фарзандатон истифода кунед: Читать далее →

17 ноябри соли 2010

            Агар  ба андозаи хамон  тарсе, ки дар майнаву дили мост мо чуръат ва саъй медоштем, холо на он касоне будем, ки хастем! Холо хам бад нестем, аммо дар хама амалу харакатамон хамон эхсоси тарс чо шудааст ва ба назари баъзехо  чунин мерасад, ки он на тарс, балки кадом эхсоси ба масъулияту эхтиёткори ва санчидан вобастае  аст. Бубинед, ки мо хангоми замин харидан метарсем, ки мабодо баъди хона сохтан моро аз инчо мекучонанд, ёхангоми харидории хавли низ,  хангоми мошинрони хатто дар холи дурустии хучатхоямон хам, метарсем, ки нозирони рох моро нигох медоранд, замоне, ки  ба мачлис даъват мешавем, аз натичаи он метарсем, ки мабодо ба газаби раис ё рохбар гирифтор нашавем…Хулоса, ин гуна холат кам нест. Ин андешаро як мехмони радиои мо хам, ки аз Шветсария буд, баён кард. Гуфт, ки «ман вакте ки ба назди гуштфуруш меравам, фикр намекунам, ки у маро фиреб мекунад, ё чи хел карда гушти хуб бигирам…..Ман дар ин бора умуман фикр намекунам, зеро медонам, ки у ба ман факат гушти хубро медихад». Аммо инчо мо бояд бо хар чизи нодаркору камахамият майнаамонро пур кунем, зеро хамон гуштфуруш, хамон раис, хамон ронанда ва хамон…хамватани мо холо тамоман дигаргуна фикр мекунанд ва фахмиши фарккунандае доранд….

          Имруз дар мавриди мошин ва ронанда, нозирони минтакавии милиса, киссаи чияни ким кадом ректор, гапи зан ва сирри чехраи кушодаи зан навиштаам! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти