10 нуктаи мухим барои як рохбари муваффак!

   Рости гап, ман чанд муддат аст, ки дар мавриди симои рохбари точики  як чизе навиштани хастам. Чи навиштани хастам, хозир хатто барои худам мушаххас накардаам. Аммо менависам. Хатман! Менависам, ки чаро гурусначашмтарин, берахмтарин, магруртарин ….рохбару рохбарчахо факат хаминчо хастанд? Чаро? Чаро агар гуи, ки аз кор мерави, душманат мешаванд? Чаро агар маошатро талаб куни, бадат мебинанд? Ва боз дар мавриди хазор чарои дигар менависам. Агар насиб бошад! Аммо холо ин чо баргардони як маводеро аз хатти форси  дар хамин мавзуъ  мегузорам. Умедворам, ки ба он таваччух мекунед! Читать далее →

Чи тавр мурокиби хамёндуздхо бошем?

     Хамёндузди яке шоеътарин анвои дуздихо дар чахон аст. Онхо бо чунон махорате ин корро анчом медиханд, ки шумо пас аз мутаваччех шудани мочаро ва аз даст додани амволатон бояд соатхо фикр кунед, то бифахмед кай ва кучо ин бало саратон омадааст.

Хамёндуздхо метавонанд бидуни он ки аслихае дар даст бигирад, бо истифода аз бетаваччухии шумо хамёни пулатонро бардорад ва барохати аз махал дур шавад. Бадтарин иттифок замоне меафтад, ки шумо дар холи сафар бошед. У метавонад пулхо ва кортхои эътибории шуморо бардорад ва сафарро бароятон талх кунад ва мутмаин бошед имкони дунбол кардан ва гирифтани дузд дар чое, ки шумо бегонаед, бисёр кам аст. Читать далее →

Тафсири чанд конуни зиндаги!

      Он чизе, ки дар поён мехонед, фикркардаи ман нест. Аммо ба ман бисёр писанд омад ва ман кушиш кардам, ки онро баргардон кунам ва инчо гузорам. Вокеан хам дар зиндагии мо конунхои навишта ва нонавишта накши калиди доранд. Мо онхоро гох риоя мекунему гох не, гох ба каси дигар меомузему худамон бо он амал намекунем, аммо аксар вакт мо дар бораи онхо факат шунидаему тамом -дигар чизе намедонем!

Дар катори конунхои дигаре, ки  дар сахифахои кадом газетае пушту ру чоп мешаванду шояд шумо хам  онхоро дидаед, боз конунхои  дигаре, чун конуни такси, конуни нимаи рох,  конуни оина (ин ба театри  ОИНА робита надорад!)  ва амсоли инхо хастанд, ки мо аз руи онхо гох  амал мекунему гох онхоро инкор…  

Читать далее →

28 сентябри соли 2010

      Мегуянд, ки рохи бехтарини дастгирии камбагалон ба як нафари онхо табдил наёфтан аст. Вале имруз баъзан ба хамин хулоса бештар бовар мекунам, ки баъзе нафарони машхур, шинохта ва пуртаъсир бештар  ба дастгири ва ёрманди ниёз пайдо мекунанд. Онхо ниёз ба нафароне доранд, ки дар пайи идораи нафс ба онхо кумак кунанд. Нафси саркашро чи гуна бояд ба занчир кард? Инро гумонам, ки бехтар аз хама як факиру тихидасту бечорае медонад…

Имруз дар мавриди конунхои гайриодди, 7000 сомони барои шинохта шудан,  як «значок» барои кахрамони ва  богча-артиш навиштам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти