Акнун мохи ноябр хам омад. Ин мох бо барфу борону сардиаш комилан кор надорад, ки мо либоси зимистона харидаем ё не, мо таппаку ангишту чуб дорем ё на? Вокеан хам, Шумо либосу гарму хезуму ангишт доред? Захираи ду солаи гизо чи? Тасаввур мекунам, ки хама дар андешаи як чизе хаст: касе дар интизори лимити барк озурда аст, каси дигаре аз Руссия пулро интизор аст, ки либосу гандуму орд ва ангишт бихарад, касе бошад бепарво аст, зеро ба хонаи у хама чиро просто так, ё шояд барои факат як имзояш, шояд барои таъсири макому курсиаш меоранду меоранд…
Дируз як дустам накл кард, ки як нафаре, ки чун мулло ва донишманд бисёрихо эхтиромаш мекунанд, дар махфиле Раиси як нохияро сарзаниш (!) кардааст, ки чаро «хаму як тележка хуроки чорворо ба хонаи у нафиристодаст?» Худатон акнун хулоса бароред!
Аммо ман ин карат дар мавриди «шикори рубоху гургу хирс», хайру сахои мачбури, «Ифтихорнома» барои кахрамонпадархо, монеаэчодкунии мардхо барои занхо, духтарони «девона-аааа» -и дискоклубхо, вобастагии зан ва пиво, гунохи «Точикфилм» дар бешавхармонии духтарони точик, дубайтии ТВ ва Рузи кормандони СИЗО навиштаам.
-
Дар Аврупои гарби Рузи Рубох ва огози мавсими шикори рубох кайд карда мешавад.
Дар кишвари мо бошад, инак чанд сол аст, ки бо кушода шудани Агентии Назорати молияви ва мубориза бо коррупсия мавсими «шикори рубоху гургу хирс» сар шудаву давом дорад!
-
Католикхо имруз Рузи хамаи мукаддасхоро тачлил мекунанд.
Хама гуна мукаддасот арзиш ва эътибору мавкеи худро гум мекунад, агар ба сарват ва дарои маком ва таваччухи бештар дода шавад. Аммо дар кишвари мо як раванди фавкулода ачоибро мушохида кардан мумкин аст: баъзехо вокеан хам бо хамон маколи машхур амал карда, «аз рох мезананд ва хайр мекунанд». Окибат ба хайр бошад!
- Бори аввал дар Кремль ба сокини посёлкаи Мамонтовкаи Вилояти Маскав Анна Алексахина аввалин ордени «Кахрамонмодар» дода шудааст (1944)
СССР бархам хурду хамин гуна касе натавонист, ки захмати мардхоро хам дар ин самт исбот кунад ва ба онхо хам дар баробари ордени тиллои занхо акалан як «Ифтихорнома» бидиханд!
-
Дар СССР ба искоти хамл ичозат дода шудаааст (1955)
Ин кор аз соли 1936 манъ карда шуда буд.
Вокеан хам зан будан душвор аст: барои он, ки зан асосан бо мардхо сару кор дорад! Мардхо, ки вазифадор шуданд, хар кор мекунанд- гох таваллуд карданро манъ мекунанд, гох искоти хамлро ва эхтимол боз ягон вакт ким кадом корхои дигарро хам барои занхои бечора манъ кунанд!
-
Дар натичаи як сухтор дар дискоклуби Сен-Лоран (Фаронса) 144 нафар ба халокат расидаанд (1970)
Чанд руз пештар сарвари як ресторан гуфт, ки дар хамон ресторан, ки дар миёни хонахои истикомати аст, дискоклуб ташкил кардани аст. Гуфтам, ки мардум меомада бошад? Гуфт, ки аввал ман чанд духтари «девона» бояд ёбад, он вакт писарон худашон омадан мегиранд! «Духтари девона»- ба маънии духтарони хушру ва «конкрет» …Акнун, мухтарам мардхо, худатон хулоса бароред, ки имруз ки девонаи вокеи асту ки просто «девона»!
-
Бенджамин Ли ГИННЕСС – пивопази ирланди ва аввалин лорд-мири шахри Дублин таваллуд шудааст (1798)
Имруз пивои навъи Guinness дар тамоми дунё машхур аст.
Агар хамсари хуб доред, «пивои пеши хонаатон туфта аст», вале агар хамсаратон нохубу ноахл аст, пас аз кучое хамин гуна эхсос пайдо мешавад, ки «бехтарин пиво дар дукони пивофурушии пеши хонаи шумо фурухта мешавад!»
- Айшвария РАЙ –ситораи кинои хинд, маликаи зебои дунё дар соли 1994 таваллуд шудааст (1973)
Бовар кунед, ки ман духтари вокеан хам зебои хиндиро надидаам. Гумонам факат кинои онхо тавонистааст, ки духтарони хиндиро хостани ва машхур кунад. Аз ин ру «Точикфилм», ба пеш! Дар бадбахти ва бе шавхармонии хар духтари точик гунохи Шумо хам хаст!!!
-
Дейл КАРНЕГИ –донишманди амрикои, муаллифи китоби «Дарёфти дустон ва таъсиррасони ба одамон» хамин руз вафот кардааст (1955)
«Фаромуш накунед, ки хушбахти аз он вобаста нест, ки Шумо ки хастед ва чи доред, вай пурра аз он вобаста аст, ки Шумо чи гуна фикр мекунед»
Дейл Карнеги.
-
Дар барномаи телевизионии «Поле чудес» ба чои Влад Листьев Леонид Якубович рови интихоб мешавад.
Гайри куху пушта ту чи дори, ТВ?
Кай бар дили ман шоди биёри, ТВ?
Чун «Поле чудес» ягон чи боз ор, варна,
Субхон бимирад дар интизори, ТВ!
-
Имруз дар ФР Рузи кормандони СИЗО ва махбасхонахо аст.
Дар Точикистон мо ин гуна руз дошта бошем? Ба гумонам, ки хаст ва он шояд аз хамин сол сар карда, 23 август кайд карда шавад.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Агентии коррупсия, СИЗО, Точикфилм, диско-клуб, кахрамонмодар, мулло, пиво |













Салом акаи Субхон, ба рости ман ба шумо гап надорам, шумо дар асл худодод ва истеъдоди фавкуллода табии доред, аз навиштахои хазлдоштаатон хамеша хушам меояд, Шоирам будаед ОФАРИНАТОН!!!.
НравитсяНравится
Саломалейк…..Шоир ку не, баъзан кушиш мекунам, ки ду ё якчанд чизро ба хам вобаста кунам 🙂
НравитсяНравится