Ман маърузаву хисоботро дар мавриди бехтар шудани зиндагии мардум кам намешунавам. Он дар ТВ хам хасту дар Радио ва дар баъзе газетахо хам. Аммо чанд бор бештар аз он дар мавриди ин мешунавам, ки ким кадом сарватманду доранда ва ё вазорату агенти барои фалон шумора фарзандони оилахои камбизоат туй ташкил карду кумак кард. Як бор шумо хамаи хамон ракамхоро чамъ кунед, ки чанд нафар мешаванд, ки ким каси дигар туйи онхоро баргузор мекунаду ба хонахояшон лампаву орду равган мебаранд? Яъне, ки он чизе, ки дар огози хамин матлаб гуфтам, гуфтаи охири маро инкор кард.Хамин тавр не? Пас, чанобони сарватманд ва кормандони вазорату агенти ва коргоху ташкилот! Кумакхои худро бе даъваткунии кормандони ВАО, махсусан ТВ ба мардуми эхтиёчманд расонед! Худованд худаш мебинад ва подоше хам барои ин гуна амали шумо ваъда додаст (агар ба он касе шуморо мачбур накарда бошад!). Он вакт хам маърузаву хисобот «дуруст» мешавад ва хам чанд литр бензини кормандони ТВ сарфа!
Имруз дар мавриди «кушиш» -хои як аскар, мавкеъи баландтари хамсари дуюм, курбони барои шод шудани арвохи ихтироъкардаи нурхои рентгени, «киссахои таърихи» -и вазиру раис, чангу хандаву курсии мансаб навиштаам.
-
Вазири мудофиаи Точикистон, генерал-полковник Шерали Хайруллоев таваллуд шудааст (1949)
Аскаре ба назди кумандон омада хохиш мекунад, ки хамсараш таваллуд мекунад ва уро чавоб бидихад. Кумандон уро чавоб медихад. Баъди се руз он аскар ба кисми низоми бармегардад. Кумандон мупурсад, ки хамсарат чи таваллуд кард? Аскар чавоб медихад, ки «рафик командир, хозир маълум нест, баъди 9 мох маълум мешавад !»
-
Надежда Сергеевна АЛЛИЛУЕВА – хамсари дуюми И. Сталин худкуши кардааст (1932)
Хамин гуна овозахо хам буданд, ки гуё Сталин худаш уро парронда буд. Хамсари Молотов, ки шохиди хамин ходиса будааст, гуфта, ки «ман ягон бор ашки Сталинро надида будам. Аммо дар сари тобути Надежда Сергеевна мушохида кардам, ки ашк рухсорахои уро мешуяд!»
Албатта, хамсарони дуюм хам он вакт ва хам имруз зеботар, чавонтар ва ботачрибаанд. Гумонам барои хамин ашки мардхо беихтиёр равон мешавад.
-
Ректори Донишгохи Вюрцбургск Вильгельм Конрад РЕНТГЕН нурхоеро кушодааст, ки баъдан номи уро гирифтанд –нурхои Рентгени (1895)
Баъди 6 сол у аввалин сохиби чоизаи Нобель дар самти физика гашт.
Хамин руз фахмидам, ки тамоми рентгенологхои Точикистон, ки аз ихтирои чаноби Рентген истифода карда, сохиби пулу молу сарвату мошин шудаанд, ба хулосае омадаанд, ки пул чамъ карда, як гов мехаранд ва барои шод шудани арвохи он муйсафед худои мекунанд…
-
Шохи рус – Пётри 1 барои начоти аскарони гаркшудаистода худро ба дарёи сарди Нева меандозад (1724)
Мегуянд, ки у баъди хамин ходиса хунуки кашида, вафот мекунад.
Шояд дар таърих хамин гуна ходисахо хам буданд, ки раисон бо ронандаву кормандони оддиашон хурок хурда, шикамбаашон кафидааст, вазире, ки бо дарбони вазорат бо даст салом кардаасту як сари кадам ба хучраи у даромадааст, ними баданаш аз кор мондааст, раиси нохияе, ки пиёда сайри нохия кардаасту бо мардуми одди сухбату мулокот кардааст, «свинниный грипп» шудааст…
Ва гумонам хамин «киссахои таърихи» — ро раисону вазирону мансабдорони мо медонанд, ки миёни мардуми оддиву бечора кариб ки намераванд ва аз хоксориву мехрубони дури дуранд….
-
Дар Нью-Джерси аввалин маротиба дар таърих катора ба садама дучор мешавад, ки дар натичаи он ду нафар ба халокат мерасанд (1833)
-
Хамчунин, хамин руз аввалин харби тайёрахои реактиви дар фазои Куриё ба вукуъ пайваста аст (1950)
Он замон ба хам бархурдани катора ва тайёра тамоман ходисаи гайримукаррари буд. Аммо имруз ба назар мерасад, ки «каторахо» ва «тайёрахо» (чизеро миёни хам кисмат карда натавониста!) пайваста дар холати «садамави» карор доранд. Ин гуна холатхо боиси курбон шудани чандин нафари бегуноху гунахкор мегардад. Боз хам ёдрас мешавам, ки дар «бархурд»-и хамин гуна «катора» ва «тайёра» -хо факат тамошобини одди бурд мекунад. Тамом!
-
Дар иолоти Индиана фермер С. Шрапп бе танаффус 12 соат хандидааст. Ин рекорди чахони буд. Табибон ба воситаи электрошок хандаи уро нигох медоранд (1910)
Биёед, холати вокеан хам хандаоварро интизор нашуда, холо ва хамин лахза бихандем, зеро хамон гуна холати вокеан хам хандаовар шояд умуман фаро нарасад!
-
Актёри амрикои Рональд Рейган Губернатори иолоти Калифорнияи Амрико интихоб мешавад (1966)
Чанд муддат пештар А.Щварценеггер губернатори хамин иолот буд. Яъне, дар дунё хамин гуна тачриба хам хаст, ки вазифа ва курсихои алохида факат барои намояндагони як касбу ихтисос, гурух ва ё махаллу минтака «чудо ва муайян» мешавад. Ягона курсие, ки мо онро бе чангу чанчол ва шиносбозиву пора ба хамдигар медихем, хамон курсии ровии Радио аст, ки ба он гох корманди идораи иттилооти мешинаду гохе мухаррирони идораи мусики ва фарогати ва шабона бошад, хатто посбонон ва мехмонони онхо!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Сталин, Шерали Хайруллоев, актёр, гаркшуда, камбизоат, кумак, мансаб, оббози, рентген, тирамох, хайру сахо, ханда |












Дуруд ба бародари серкору сергайрат Субхон Чалилов!
Болотар дар бораи мансабдорону раисон навиштед суханони хубу дуруст. Шумо бародар кадоме аз мансабдоронро медонед ё мешиносед ки нисбати мардуми одди хоксор бошанд?
Ман як собик вазирро мешиносам ки у бо хама бою камбагал муносибаташ як хел буд. Ба камбагалон кумаки моли мекард. Вале холо дар ин вазифа нест! Шумо оё кадоме аз мансабдоронро худатон дидаед ё мешиносед?
НравитсяНравится
САломалейк… Ман рости гап дар мавриди мехрубони ва хоксории чанд нафари мансабдор шунидаам. Хастанд. чаро не?
НравитсяНравится