Бехтар аст нагуед, ки дуст надоред фарзанди бохуше дошта бошед, чун бовар намекунем.
Мухаккикон муътакиданд «хуш» илова бар заминаи генетик, то хадде хам иктисобе аст ва дар тули зиндаги ва ба нисбати шароити мухите аз огози таваллуд то бузургсоли ва бар асоси омузишхои фард дар у шакл мегирад, роххоеро барои таквияти он пешниход мекунад. Ба назар мерасад, ки хуши инсон, хам ирси ва хам иктисоби аст.
Дарвокеъ бо ин ки хуш падидае генетик ва истеъдоде худододи аст, тавоноихои зехнии афрод тайи даврони зиндаги ва аз даврони кудакии онхо кам-кам шакл мегирад. Бар асоси тахкикоти илмии анчомшуда, бо ба кор бурдани равишхо ва барномарезихои хосе дар зиндагии рузмарра ва дар фазои омузишии кудакон, метавон кудрати тафаккур ва хуши онхоро парвариш дод. Шумо хам метавонед аз ин 9 равиш барои бохуштар кардани фарзандатон истифода кунед:
Бози барои хуш
Шатранч, чадвал, позал ва дигар бозихои фикри, хамаги барои магзи кудак хамчун варзиш хастанд. Бозихое монанди судуку (чадвали аъдод) илова бар ин ки метавонанд саргармии лаззатбахше барои кудаки шумо бошанд, таквияткунандаи тавоноии тафаккури стратеги, халли мушкилот ва тасмимгири дар вазъиятхои печида хастанд.
Анвои бозихои фикриро дар хона дошта бошед ва илова бар ин, гохе масоилеро ба таври хаёли тарх куне два барои халли ин мушкилот ва масоили сохтаги, аз кудакатон кумак бихохед. Бигзоред бо вазъиятхои душвор ва мавкеиятхои печидаи тасмимгире маваччех шуда ва роххои пешниходии худро барои халли масоил ба шумо бозгу кунанд.
Дар чустучуи дониш бош
Мухаккикин муътакиданд, ки волидайне, ки кудакони худро ба ироаи назарот ва идеяхои чадид ташвик карда ва кунчковии онхоро мавриди таваччух ва эхтиром карор медиханд, дарси бузурге ба онхо додаанд; ин ки «чустучуи дониш ахамияти зиёде дорад». Аз кудаконатон дар заминаи саргармихо ва алоикашон суолоте бипурсед ва аз кунчковии онхо химоят кунед, нукот ва мавориди чадид марбут ба саргармихояшонро ба онхо ёд дихед ва барои ташвики кунчковихояшон онхоро ба гардишхои омузиши бибаред. Гардиш дар музейхои таърихи ва табии, расадхона ва паркхои хайвонот аз ин чумлаанд.
Варзиш, варзиш, варзиш!
Мутолиоти гурухе аз донишмандони амрикои нишон дода, иртиботи мустакиле байни фаъолиятхои варзишии кудакони дабистони ва мавкеияти тахсилии онхо вучуд дорад. Бинобар тахкикоти ин гурух, ширкат кардани кудакон дар фаъолиятхои варзши, афзоиши мизони эътимод ба нафс, махорат дар корхои гурухи ва тавоноихои мудирияти ва рохбариро дунбол дорад.
Хамчунин дар мутолиоти онхо собит шуда, бештари заноне, ки дар мавкеияти кори дар накшхои мудирияти ва раёсат муваффак будаанд, дар даврони кудаки ва навчавони дар фаъолиятхои гурухи ва тимии варзиши ширкат доштаанд. Пас ба чойи ин ки пас аз хурдани шом, назди телевизион бишинед, бехтар аст бо кудакатон тупбози карда ё ба пиёдарави биравед. Бад нест кудаки худро ба ширкат дар тимхои варзишии мадрасааш ташвик кунед.
Алифбои мусики, алифбои хуш
Шояд шунидани сару садои нохинчори кудакатон дар холе, ки машгули тамрини навозандаги ва омухтани мусики аст, аслан лаззатбахш набошад, аммо бояд бидонед, ки ин саргармии лаззатбахши кудакон, яке аз мавориде аст, ки нимкураи рости магзи онхоро парвариш медихад.
Бинобар тахкикоти донишмандони Донишгохи Торонто, барномарезии даврахои омузиши мусики барои кудакон мунчар ба афзоиши зариби хуши ва тавоноихои илмии ояндаи онхо хохад шуд.
Шири модар, усораи хуш
Шири модар аввалин гизои магзи кудак аст. Тахкикоти анчомшуда нишон медихад, ки шири модар аз 2 чихат барои кудак муфид аст. Яке ин ки аз хатари эхтимолии иттилои кудак ба бемори чилавгири мекунад ва дигар ин ки ба танхои як гизои комил барои навзод аст. Донишмандон ба ин натича расидаанд, ки тагзияи навзод аз синаи модар, кудакро хам солимтар ва хам бахуштар мекунад.
Мутолиоти эшон нишон дода, кудаконе, ки дар даврони навзоди 9 мох аз синаи модарашон тагзия шудаанд, ба нисбати онхое ки як мох ё камтар шири модарашонро хурдаанд, бисёр бохуштаранд. Пас ахамияти шири модар бояд аз ибтидо мавриди таваччух карор гирад, чаро ки илова бар тазмини саломатии навзод, барои ояндаи у ва рушди махоратхои зехниаш хам муфид хохад буд.
Компютер дар хидмати хуш
Шояд тааччуб кунед, чун бозихои компютери шухрати баде пайдо кардаанд ва бисёр мавриди интикод карор мегиранд. Бале, дуруст аст, ки бисёре аз онхо вахшиёна, бефоида ва гайрификри хастанд, аммо мо дар мавриди анвое аз бозихои компютери сухбат мекунем, ки махоратхои фикри ва стратеги ва кудрати тасмимгири ва халлокияти кудакро парвариш медиханд. Имруз дар дунё баъзе ширкатхои муътабари сохти бозихои компютери, дар талош хастанд, то бозихои омузишие бисозанд, ки парваришдихандаи хофиза ва тавоноихои зехнии кудакони хурдсол (хатто кудакони навпо) бошанд. Тахкикоти ахир нишон медихад кудаконе, ки анвои бозихои компютерии омузиширо бози мекунанд, нисбат ба онхое, ки ин бозихоро тачриба накардаанд, аз кудрати дарку тачассуми тасвирии бештаре бархурдоранд.
Чолиб аст бидонед, муаллимони бритониёи, имруза дар синфхонахои дарсашон аз анвои бозихои компютерии омузиши истифода мекунанд.
Субхона аз ёдат наравад!
Натоичи муътабари тахкикоти дакике, ки дар дахаи 80-и мелоди анчом шуда, нишон додааст, ки хурдани субхона боиси таквияти хофиза ва кудрати ёдгири мешавад. Кудаконе, ки субхона намехуранд, маъмулан зудтар хаста шуда ва камтокаттар ва зудранчтар хастанд. Ин даста аз кудакон нисбат ба онхое, ки рузи худро бо хурдани субхона шуруъ мекунанд, аз суръати амали камтаре бархурдоранд. Бо вучуди камбуди вакт, камтар касе фурсат пайдо мекунад, ки хар руз бинишинад ва субхонаи муфассале нуши чон кунад. Аммо кудаки худро хатто факат бо хурдани як истакон шир хам шуда, субхона хурда, равонаи махди кудак ё мадраса кунед, то тамаркази бештаре дошта бошад.
Хуб бихур, то бохуш боши
Канд ва дигар хурокихои бефоидаро аз барномаи гизоии кудакон хазф кунед ва ба чойи он маводи магзи ва муфиде, ки ба рушди зехнии онхо кумак мекунад, чойгузин кунед. Солхои аввалияи даврони кудаки – бавежа 2 соли аввал – бисёр ахамият дорад ва лозим аст тамомии маводи лозимро дар режими гизоии кудак карор дихед.
Барои мисол, рушди шабакаи магзии кудак ниёзи шадиде ба мизони кофии охан дорад, чаро ки дар кудакон дучори камбуди охан, чараёни аъсоб кунд мешавад. Хамчунин тахкикоти анчомшуда нишон медихад, ки мизони муковамат дар баробари беморихо дар кудаконе, ки тагзияи солимее надоранд, бисёр кам аст. Бинобар тагзияи нодуруст боис мешавад, кудакон аз мадраса ва хамсолони худ акиб бимонанд ва дучори афти тахсиле шаванд. Пас агар мехохед кудакатон дар мактаб бахои бехтаре бигирад, ба тагзияи у хам таваччух кунед.
Дусте, ки хуш медихад
Китоб яке аз равишхои муфиди кадими аст, ки имтихонашро пас дода, аммо баъзе мавокеъ дар мукобили равишхои технологии имрузи барои таквияти хуш, дасти кам гирифта мешавад; дар холе ки китоб кобили дастрастарин, камхазинатарин равиш барои омузиш ва рушди зехнии кудакон дар тамомии синну сол аст. Барои кудаконатон аз санини поинтар китоб хонданро шуруъ кунед. Онхоро барои узвият дар китобхона сабти ном кунед ва китобхонаи манзилатонро пур аз китоб кунед.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: богча, зехн ва шуур, кудак, мактаб, нобига, тарбия |













Салому алайк акаи Субхон! Бисёр гапои ачиб овардед ин чо, хусусан барои модарон гумон мекунам, ки хондани ин матлаб аз фоида холи нест. Комёб бошед!
НравитсяНравится
Асалом акаи Субхон. Ман якумбор аст ки блоги шуморо мехонам. Ин чо чанд навиштаи шуморо хам дидам аммо хамин мавзуи навиштагитон дар бораи кудакон ба ман бештар маъкул шуд. Хеле хуб буд. Саломат бошед!
НравитсяНравится
Akai Subhon in Nobigahoi oinda dar rasm kiho boshand? In sherbacaho chi nom dorand?
НравитсяНравится
Саломалейк…. Ин «шербачахо» Хабибулло, Эхсон, Форис ва Аличонанд. Аличону Эхсон писарони мананд, он дуи дигар писарони холаи писарони ман 🙂
НравитсяНравится