Оё метавон афродро аз руи пойхояшон шинохт? Дар ин макола матлабе чолиб дар ин бора мехонед.
То кунун инсонхо эътикод доштанд харакоти хоси бадан ва чигунагии нигох кардан метавонад нишонахое аз дуруг гуфтан, асаби будан, хиёнат кардан ва монанди онро фош кунад.
Аммо профессор Чефри Бити аз донишгохи Манчестер дар ин бора гуфт: бисёре аз мардум намедонанд пойхои инсонхо метавонанд паёмхои рамзолуде дар мавриди шахсият, тамоилот ва афкори инсонхо аз худ нишон диханд.
Тахкикот нишон медихад, инсонхо дар замони дуруг гуфтан пойхои худро ба таври гайриоди бехаракат нигох медоранд, то хадди мумкин дигаронро мутаваччехи дуруг гуфтани худ накунанд.
Занон низ маъмулан мардонро аз руи шакли кафшхояшон ва ин ки ба чи мизон тамиз аст ва бо дигар либосхояшон хамхони дорад арзёби мекунанд.
Мардон дар замони асаби будан маъмулан харакати пойхояшон афзоиш пайдо мекунад, аммо занон дакикан бар хилофи мардон дар хангоми асабоният пойхои худро бехаракат нигох медоранд.
Афроди хичолати хам маъмулан пойхои худро такон медиханд, ки ин нишон аз рохат набудани онхо дар як чамъи хос дорад. Афроди магрур ва мутакаббир аз суи дигар, харакати пой камтаре доранд.
Профессор Бити дар ин бора гуфт: аксари мардум бо холоти чехра ва маонии онхо ошнои доранд, аммо дар мавриди харакоти пойхо ва маонии онхо чизе намедонанд. Аммо хакикат ин аст, ки забони пойхо метавонанд иттилооти зиёде дар мавриди шахсияти як фард, ин ки фард дар замони сухбат кардан ба чи чизе фикр мекунад, фош кунад. Хатто аз тарики онхо метавонад ба холоти эхсос ва равоншиноси ва хусусиёти як инсон пай барад.
Яке аз нукоти чолиб дар ин маврид он аст, ки аксари инсонхо метавонанд холоти чехраи худро кантрол кунанд, аммо маъмулан онхо кантроли хосе руи харакоти пои худ надоранд ва ба хамин далел ин узви бадан ба рохати метавонад шахсияти сохиби худро фош кунад.
У дар идома гуфт: ман барои фахмидани маонии гуногуни харакоти пой даххо сол тахкик кардам ва иттилооти зиёде дар ин маврид касб кардам.
Маъмулан мардум барои он ки мутаваччех ба дуруггуии шахсе бишаванд, ба чехра ва чашмони у нигох мекунанд, аммо хакикат ин аст, ки бисёре аз мардум метавонанд чехраи худро кантрол карда ва дуруггуии худро пинхон кунанд. Аммо яке аз бехтарин равишхо барои пай бурдан ба дуруг гуфтани як шахс, таваччух ба харакоти пойхост. Замоне ки инсонхо дуруг мегуянд, ба таври гайриоди пойхои худро собит ва бехаракат нигох медоранд.
Ин дар холест, ки бисёре аз мардум тасаввур мекунанд, инсонхо ба далели асаби будан дар замони дуруггуи бештар харакат мекунанд, аммо ин мавзуъ комилан баръакс аст. Замоне ки мо дуруг мегуем, дар холи саркуб кардан ва махфи кардани як эхсоси хуб хастем ва хамин корро хам бо харакоти пои худ анчом медихем.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: пойхо, пойхои зебо, тадкикот, шинохтани инсонхо |












Cалом акаи Субхон, матлаби хеле ачоиб. Бори аввал мехонам , ки инсонро метавон аз руйи пойхояш шинохт ва ё бахо дод.
НравитсяНравится
Салом акаи Субхон. Ин хел гапои ачиба аз кучо мехонед??
Дар мавриди бо кадом нишонахо бовафо ё бевафо будани занхоро фахмидан мумкин аст агар ягон чи мемондед ки мехондем ачоиб мешуд. ))))
НравитсяНравится