Бехуда нест агар бигуем дуруг гуфтан хам истеъдоди худашро мехохад. Дар ин чо бо ангезахо, решахо ва резакорихои ин падида бештар ошно мешавем. Мутаассифона, то ба имруз илм муваффак набуда, то марзи афкори рост ва дуругро мушаххас кунад.
Абулкосим Рачаб бо ин мукаддима маколаеро дар бораи роххое барои шиносоии афроди дуруггу навишта, ки бахшхое аз он дар идома меояд…
Чаро дуруг мегуем?
Чуз дар мавориди хос, ки шахси дуруггу аз рафтораш бе он ки ба дунболи касби манфиате бошад, лаззат мебарад, пайваста барои дуругхоямон ба дунболи далоиле конеъкунанда мукобили вичдони хеш мегардем.
Тарси аз даст додан ё майли ба даст овардани фарде, ки ба у алокамандем, мавкеияти шугли ё ичтимоии муносиб ва… мухимтарин ангезахои дуругхои кучак ва бузург хастанд.
Равоншиносон бар ин боваранд, ки бештар дуругхои мо ба манзури мухофизат аз равобити ичтимоиямон аст. Аз суи дигар набояд фаромуш кард, чуз дар мавориди истисно ва дар мавриди афроде, ки бо таваччух ба эътикодоти мазхабии кавие, ки доранд ва мубарро аз хато хастанд, касе, ки иддао кунад дар тули зиндагиаш дуруг нагуфта, дуруггуи бузурге аст. Бе тардид хамаи мо аз руи ичбор ё ба ихтиёри худамон дуругхое дар зиндаги мегуем, аммо гохе афроде пайдо мешаванд, ки дар ин замина ифрот мекунанд. Равоншиносони Донишгохи Данди Шотландя рафтори чунин инсонхоеро мавриди мутолиа карор дода ва иллатхое барояшон баршумурдаанд.
Чанд омили дуруггуи
- Бемории дуруггуи:
Надоштани дарки сахех аз кори дуруст ва галат ва надоштани хисси пушаймони пас аз озори дигарон, аз вижагихои аслии ин гуна беморон аст.
Чунин афроде бисёр дуруг мегуянд. Ва ба хеч вачх эхсоси бади нисбат ба амали худ надоранд ва аслан бо азоби вичдон бегонаанд.
2. Одате ба номи дуруггуи:
Барои чунин афроде хамеша дуруг аввалин гузина (интихоб) аст; хатто агар барояш далеле конеъкунанда вучуд надошта бошад. Тачрибот ва хотироти даврони кудакии афроди дуруггу – назири зиндаги дар мухити фосиде, ки дуруг зарурати идомаи хаёт ва зиндагии нисбатан рохати онхо будааст – боис мешаванд онхо дар хар синну соле хам, ки бошанд ба таври нохудогох дуруггуиро тарчех диханд.
3. Бесуботии шахсияти:
Маъмулан зиндагии афроде, ки чунин хусусияте доранд, бо бебандубории ахлоки хамрох аст. Онхо барои фирор аз эхсоси гунох ва шарме, ки нисбат ба аъмол ва масъулиятнопазирии худ доранд, дар дуруггуи ифрот (зиёдарави) мекунанд.
4. Дуругхои намоиши:
«Холам аслан хуб нест, ба зуди мемирам» ва «агар таркам куни худамро мекушам» аз ин кабил дуругхост, ки голибан барои чалби хисси тараххум ё ишку мухаббати атрофиён гуфта мешаванд. Ин дуругхо лузуман мунъакискунандаи эхсосоти вокеии шахс нест.
Чи гуна дуругсанчи хубе бошем?
Ташхиси фарди дуруггу аз шахси ростгу чузъи алоики муштараки хамаи мост.
Равоншиносон тавсияхое мекунанд, ки донистани онхо метавонад ба шумо кумак кунад:
— ба харакоти зохирии у таваччух кунед:
Танхо ба як фактур, масалан стресс доштани фард таваччух накунед, чаро ки мумкин аст шахсе рост бигуяд, вале хангоми сухбат кардан асаби ба назар бирасад. Кабл аз ин ки савол пурсед – бидуни он ки чалби таваччух кунед – холати аввалияи вай назири мизони нигарони, асабоният, иртиботи чашми ва пилк задану мавкеияти дастхояшро ба хотир биспоред;
— мукоиса кунед:
Калиди фахмидани ин ки шахсе дуруг мегуяд ё на, дар ин аст, ки пас аз савол карданатон – дуруст тули замони кутохе, ки иттилоот дар магзи тарафи мукобил пардозиш мешавад, то чавоби шуморо бидихад – тагйироти рафториеро, ки дар мархилаи пеш ба хотир супурдаед, барраси кунед. Таваччух дошта бошед, фурсати мукоисаро аз даст надихед, зеро эхтимолан пас аз гузашти ин замони тиллои фард ба тасаллуте нисби руи рафтораш хохад расид;
— ба харфхои у хуб гуш кунед:
Гохе авкот таваччух ба холати бадан ва рез шудан дар рафтори тарафи мукобил кумаки шоёне ба шумо намекунад. Дар ин гуна маворид диккат дар гуфтахои шахс, бехтарин рохнамоест. Дуруггухо маъмулан беш аз хад ба чузъиёти берабт мепардозанд. Онхо саъй мекунанд, бо ин кор зехни мухотабашонро аз мавзуи асли дур кунанд, то дуругашон камранг чилва кунад. Фаромуш накунед, ки дуруггу фаромушкор аст;
— чанд дакика макс (таваккуф) кунед:
Барои бештари мардум дуруг гуфтан амре сахт аст ва хеч иттифоке мисли сукуте, ки миёни посухи у ва саволи баъдиатон баркарор мекунед, азобовар нест. Саъй кунед дар ин лахазот мизони асабоният ва нигарониашро бисанчед;
— бахсро иваз кунед:
Бетардид, ширинтарини замон барои дуруггу лахзае аст, ки эхсос кунад дуруг ба поён расида ва дар кораш муваффак будааст. Тагйири бахс тавассути шумо эхтимолан лабханде бар лабони дуруггу менишонад. Дар ин хангом бозгашт ба мабхаси кабли монанди зарбаи поёнии як боксёр барои нокаут кардани харифаш аст ва бо хашм музоифи у хамрох хохад буд.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: бахс, бемор, дуруг, дуруггуи, истеъдод, сухбат. |














Салом акаи Субхон ин кадар гапхои ачиб менависед. Чолибанд! Дар бораи чи гуна шинохтани дуздхо хам мехостам ки ягон маълумот бинависед, чунки чанд бор мешавад, ки пулхояро аз сумкаам дар наклиёт медузданд.
НравитсяНравится
Саломалейк…..Лекин ман рости гап кушиш мекунам ки пули духтарора надуздам аз сумкаашон 🙂 Ман набудам 🙂 Аммо агар чиддитар нависам, ман хатман кушиш мекунам, ки ягон маводи чолиби дигарр хам хамин гуна дар мавриди Шинохти дуздхо баргардон карда инчо гузорам !
НравитсяНравится
Шумо ин кадар зуд ба саволхои мухлисонатон чавоб менависед. ))) Ташакур ба шумо акаи Субхон! Аз хозирчавобиатон шод хастем!
НравитсяНравится
Боз хам саломат бошед!!!
НравитсяНравится
Руз ба хайр акои Субхон! Бисёр навиштаи чолиб буд ки хондем. Чихеле ки пештар Лола навиштааст, агар барои шинохти дуздхо низ ягон мавод ин чо меовардед бисёр маводи хондани ва чолиб мебуд. Чунки фикр мекунам, ки холо мутаассифона ходисаи дузди хусусан дар бозори Корвон бештар рух медихдад.
НравитсяНравится
САЛОМ АКАИ Субхон УСТОДИ ШУМО ДА 4ОДАИ ХОЗИР 4АВОБИИШУХИОМЕЗ КИСТ?,
НравитсяНравится
Саломалейк…..Рости гап, ман хозирчавоб хам нестам, аммо хайёл мекунам, ки ин чиз аз бунёди лугавии инсон, доираи дарку фахми вай, тачрибаи у бештар вобаста аст, нисбат ба он, ки аз устод !
Ба Шумо хам хар мох 3000 $ доллар маош бидиханд, хамин гуна хозирчавоб мешавед! 🙂 (Боз бовар накунед! )
НравитсяНравится