28 феврали соли 2011

    Мо одатхои хуб зиёд дорем. Шояд бештар аз одати нохубамон. Баъди он  ки куфл аз лабхо бо шикастани сохтори шурави шикаста шуд ва кушишхои ошкоро гуфтан аз чониби як -ду босаводу колабшикан анчом дода шуд,  хама гумон кард, ки метавонад хама чиро гуяд ва бо хама кас дар хама мавзуъ бахс кунад. Баъди якчанд сол аксарият, ки доираи фахмиши худро на он кадар васеъ ёфтанд, аз бахсу бе фоида гуфтан  дур шуданд ва хам холо онхое, ки дигар дарк кардан, ки хамсухбатхо аксаран гуфтаи онхоро намефахманд, дигар намегуянд. Аммо онхое, ки фахмиши хеле танг доштанду доранд, холо хам хар кучо, ки ду касро дар сухбат ёфтанд, бахсеро ба миён меоранд ва дар он хама гуна андешаи дигаронро инкор мекунанд. Мушкил ва бадбахти хамин аст, ки барои онхо мавзуъ мухим нест -кайхон аст он, геология аст, чанги шахрвандиву «маршировка»-и донишчуён ё  вазъияти Либияву Миср аст… Аммо он руз андешаи як донишмандро хондам, ки гуфтааст: «Агар хохи ки туро гуш кунанд, хомуш бош!!!»

Имруз дар мавриди «роххои шлагбаумдор», сабаби дар кучахои шахр набудани мардуми мансабдор ва сарватдор, андоз аз хучрахои махбасхона ва духтарони паричехраи точик навиштаам. Читать далее →

Чи гуна чаззоб, фиребанда ва дилрабо бошем?

      Фиребандаги, яъне ин ки битавонед дигаронро ба суи худ чазб кунед. Ин хислати ахлоки ба мурури замон ба даст меояд, аз он чое хар як аз афрод дар замони таваллуд ба мизони мухталифе чаззобият по ба ин дунё мегузоранд, метавон гуфт, ки дарсади бисёр зиёде аз чаззобият иктисобї аст ва бо каме тамрин ба рохати кобили дастраси хохад буд. Харчи бештар талош кунед, муваффактар хохед буд. Талош ва таваччухи тамом ва камол ба ниёзхо ва хостхои дигарон метавонад ба шумо ин итминонро бидихад, ки ба чехраи як фарди чаззоб табдил шудаед.  Читать далее →

Роххое барои шиносоии афроди дуруггу

    Бехуда нест агар бигуем дуруг гуфтан хам истеъдоди худашро мехохад. Дар ин чо бо ангезахо, решахо ва резакорихои ин падида бештар ошно мешавем. Мутаассифона, то ба имруз илм муваффак набуда, то марзи афкори рост ва дуругро мушаххас кунад.

Абулкосим Рачаб бо ин мукаддима маколаеро дар бораи роххое барои шиносоии афроди дуруггу навишта, ки бахшхое аз он дар идома меояд… Читать далее →

Ёд нагирифтем!

      Фардо Рузи байналмилалии мубориза бо бемории сил аст. Ин хафта дар газетае хондам, ки дар 10 сол дар як хонавода аз чануби Точикистон 11 нафар ба халокат расидааст. Аз хамин бемори! Ва хам хондам, ки як масъули вазорати тандурусти гуфтааст, ки бигзор дар газетахо хангома накунем. Пули зиёди худиву бегона бошад меравад, гуё барои мубориза меравад….

Муборизаро ёд нагирифтем! 

Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти