Имрӯз то соати 14 мо вақти озод доштем. Якҷоя хостем, ки боғи ҳайвоноти Варшавароо тамошо кунем. Боғи ҳайвонот дар майдони 40 га доман паҳн карда, хеле зебо аст. Кам-кам борон меборид. Вале он ба тамошо ва нақшаҳои мо комилан халал нарасонд. Ворид шудан ба ин боғ 13 злот буд. Манзараҳои афсонавӣ, дӯконҳои хеле зебо, майдонҳои мувофиқу тоза барои ҳар ҷонвари он боғ моро ба тааҷуб овард. Ба худам фикр кардам, ки агар 1 журналисти поляк барои тамошои боғи ҳайвоноти мо биёяд, шарманда хоҳем буд. Ғайр аз хонаи гориллаҳои азимҷусса дигар ягон ҷои ин боғ ягон хел бӯи нороҳаткунанда надорад. Хонача ва ҳавличае, ки барои хар сохтаанд… ман намедонам онро ба чӣ муқоиса кунам…. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Боғи ҳайвонот, Словакия, Хелсинки, Чехия, диплом, дониш, злат, ҷонварон | Leave a comment »











