9 марти соли 2011

 Ман як вакт киссаи мардеро шунида будам, ки омодааст барои кудаконаш «муаллими ханда» киро кунад. У ба ин назар будааст,  ки кудакони забондону замонави ва аз хар чихат таъмин хам бе доштани завки шухикуни ва дарки хазлу зарофат, яъне шухтабиат набуда,  наметавонистаанд, ки комил бошанд. Шумо чи фикр мекунед: он мард хеле зиёд пул дораду чои сарфкуниашро намеёбад ? На!  Харчанд маълум аст, ки истеъдодро бо пул ба кудак додан номумкин аст, аммо он мард кушиш мекунад. Ин сад фоиз мукобили амалу беамалии нафаронест, ки ба будани кадом чавхаре дар калби тифлонашон хатто бовари надоранд. Хамин гуна  орзухо мемиранд ва пайвандон бегона мешаванд! Кудаконро бо орзуву имкону шароиташон набояд инкор кард!!!

        Имруз дар мавриди баробарии хавфи парвози аввал бо аввалин тангенсавори, будан ва бошидан, имтихонхои пулаки, пули манзили ичораи нафарони зебову дидани ва аз муд рафтани рубоиёту шеъру газал навиштаам. Читать далее →

2 марти соли 2011

 Имруз дустам Фируз Хакимов (DJ Fire) навишт, ки «дилам барои модарам танг аст, хотирахо аз уву аз замони  буданаш  маро мекушанд»…  Баъди пагох  Фируз зодруз дорад ва ин аввалин зодрузи у БЕ модари азизаш хохад буд. Дигар  факат хотирахо  мемонад,  ки  ширину  ширинтар мешаванд, дил ба ёди  накхати дасту руи МОДАР  гум мезанад ва хам дар андух гум мешавад…ТУ дигар чуз сабр чора надори, дустам! Бозгашти мо ба суи Худост, ба суи Худост  бозгашти  МО!!! Читать далее →

Дарс хондан хам одоб дорад!

  Дарс хондан худ одоб аст ва русуме дорад. Одоб ва русуме, ки боиси боло рафтани кайфияти он мешавад ва зимнан зомини саломати низ хаст.

Гарчи хамаи мо каму беш бо онхо ошноем, аммо ёдоварии он, он хам аз диди мутахассисон, холи аз лутф нест. Фосилаи чашм то китоб, дарачаи харорати уток, сару садо ва … аз мухимтарин мавориде аст, ки дар кори хондан ва навиштан таъсир дорад. Матлаби хозир ин маворидро аз диди пизишкон мавриди барраси карор додааст. Читать далее →

Замзама!

       Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли дар огоз вокеан хам лахзаи хеле хотирмон дошт. Ё ман кам ТВ тамошо мекунам ва ё вокеан хам ин бори аввал буд, ки  аксари намояндахои мардуми ва аъзоёни хукумат Суруди Миллиро замзама мекарданд. Ё оператор-наворбардори ТВ бомахоарт буд ва ё шояд ин гуна эхсос аз он буд, ки имсол ин макоми баланди конунбарори кишвари мо 15 сола мешавад. Хар гунае, ки набошад, кормандони ТВ нишон доданд, ки намояндагони хукумат ва намояндахои мардум зери лаб суруди миллиро замзама мекунанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти