3 марти соли 2011

     Аслан дагаливу сангдилиро ба мардхо вобаста медонанд. Хам мегуянд, ки занхо рахмдилу мехрубонанд. Шояд хамин тавр аст, аммо ман чизи дигареро мушохида кардам: чанд омиле хаст, ки занро хеле берахму номехрубон ва хатто хавфнок мекунад. Аввалтар аз хама — ин рафтани хаёи у аст, дуюм ошноии у бо мардхои зиёд, ки баъди бехаёиаш меояд. Баъди ин бошад, омилу сабабхои сеюму чоруму садуму n-ум меояд. Дар холати берахмии занон  назди у берахмтарин мард хам хануз мехрубон аст. Тафовут миёни берахмии  зан ва мард хамин аст, ки зан он вакт хам табассум мекунад, бо чашмонаш ошикона бози мекунад…

Имруз дар мавриди як сухбати телефони, гурхои даркори ва нодаркор ва акаи овозхонони точик навиштам.

 

  • Александр БЕЛЛ  /Alexander Graham BELL/ -ихтироъкардаи телефон таваллуд шудааст (1847)

        Субх. Нафаре ба оператори навбатдори ширкати алокааш занг мезанад.

        -Апачон, пулои телефони ман ку?

        -Муштарии мухтарам! Шумо мумкин сухбат кардед ва онхо сарф шуданд.

        -Апа, биё гумуш кун, ман шаб 50 сомони шотумда партофтум, телефона заряда мондуму хоб рафтум, ягон чо занг назадам! Пули мардума хамаша хурден, манн намедонум хозир пулои маара востанавит мекуни…

Ва дар идомаи он боз саду як чизи дигар хам мегуяд. Оператори навбатдор мебинад, ки дигар ба хуби ва осон аз ин муштарии на он кадар мухтарам халос шуда наметавонад, аз у мепурсад:

        -Муштарии мухтарам! Хамааш фахмо шуд.  Маълум мешавад, ки шумо аз пули барк карздор будед ва идораи фуруши барк бо хамин рох –яъне ба воситаи зарядкаи телефонатон пули барки истифодакардаи Шуморо гирифтааст! Ана хамин тавр! Бо савол доред?

        -А, хо мебахши апа-ааа….Савол нестак!!!

 

  •  Бокимондахои часади чарли Чаплин аз гураш дар Швейцария дуздида шудааст (1978)

        Агар хамин амал  меъёри мухаббати мардум мебуд, сабзахо дар руи гурхо дар гуристонхои мо хеле кам помол мешуданд! Ё шояд умуман помол намешуданд….

 

  • Хофизи халкии Точикистон Акашариф Чураев таваллуд шудааст (1894)

Ту акаи кулли хофизон хасти дигар,

Макбулшудаи пиру чавон хасти дигар.

Охангу садои ту ба дил биншаста,

 Махбубу шарифу човидон хасти дигар!

 

 


Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти