Фардо Рузи Модарон аст! Ин хуб аст. Аммо хуб нест, ки имруз Рузи Падарон нест! Харчанд маълум аст, ки барои фарзанди нексиришт хар руз рузи волидонаш аст. Падарони азиз! Рузи пештар аз Рузи модарон барои Шумо муборак бошад!
Имруз ман дар мавриди душворихои зердасти зебардасте будан, омодагии мардум ба пошхурии СССР, дасти «дароз» -и табибон, «зоопарк» дар шоу-бизнес ва унвонхои «заказной» навиштаам.
- Ба Сталин рутбаи маршал дода шудааст (1943)
Ё дода шудааст ё гирифтааст... Дар аксар маврид аз хама душвор зердаст будан аст, боз махсусан зердасти хамин гуна нафарон, ки «сухтани димогашон» баробар аст -ба сухтани «каппа» -и Шумо!
-
Дар СССР намоиши филми бисёрсериягии «Канизак Изаура» ба охир расидааст (1989)
Акнун маълум мешавад, ки бо намоиши хамин гуна филмхо дар мавриди ким кадом канизаку ким кадом бой ба мардум фахмондани мешуданд, ки умри давлати абаркудрати шумо, ки баробарии инсонхоро таъмин мекунад, хеле кам мондааст ва омода бошед!!!
-
Дар Австрия чаррохон бори аввал хар ду дасти беморро иваз мекунанд (2003)
Лекин маро чизи дигар хайрон мекунад: он бемор пулро бо кадом дасташ ба гурухи табибону хамширахову «санитарка» — хову дарбони касалхона дода бошад?
- Дар маросими кушодашавии як рок-клуб дар Ленинград аввалин барномаи консертии гурухи «Зоопарк» баргузор шудааст (1981)
Акнун маълум мешавад, ки «зоопарк» дар шоу бизнеси руси хам хасту дар шоу бизнеси точики хам. Факат фарк хамин аст, ки дар як чо «зоопарк» майдону сокинони камтар дораду чои дигар бештар…
-
Президенти СССР М. Горбачёв бо фармони худ ба варзишгар Лев Ящин унвони Кахрамони Мехнати Сотсиалисти дод (1990)
Горбачёв медонист, ки чанд мох пас давлати Шурави пош мехурад, аммо як варзишгаре чун Ящин як умр аз у миннатдор мемонад, ки барояш унвони кахрамони доданд. Мухлисони сершумори у хам рози хоханд буд. Аммо дар кишвари мо будаанд нафароне, ки ба назди рохбарон рафта, унвону чоиза талаб ё хохиш мекардаанд. Акнун хаёт хамин аст. Аз суи дигар мардуми оди аз кучо медонанд, ки шумо худатон он чоизаро «хохиш» кардед ва ё барои хизматхои арзанда доданд? Хулоса, ки Далер Назаров ва Субхон Саидов холо фурсат доранд…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Далер Назаров, Рузи падарон, Субхон Саидов, бемор, духтур, зердаст, маршал, сериалхо, чаррохи, шоу бизнеси точики |













Салом акаи Субхон, маълум мешавад ки суханвари беохир будааст. МЕгуянд ун сухан аст ки худро дар ту натича ва ту худро дар он натича мекуни….Пас маълум мешавад ки натичаи хуб медодааст. ОФАРИН акаи Субхон!!!! Вале шумо норохат набошен як руз рузи шумо-яъне ПАДАРОН ё МАРДХО эълон хохад шуд!!!!
НравитсяНравится