Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил (10)

Буду боши мо дар шахри орому сокити Нексвил ба охир расид. То имруз хама хурсанд буданд. Лекин имшаб хайати гурухро бемории санги гурдаи хамгурухи мо Александр Тузов аз хафтаномаи «Вечерный Бишкек» норохат кард. Субх у ба ман занг зад, ки «Субхон, ту ягон доруи таскинбахши дард надори?» Маълум шуд, ки дарди гурдааш хуруч кардааст. Бояд гуям, ки инчо мо хамаамон варакаи сугурта дорем. Хамон ба кор омад. Уро тарчумон ва рохбалади мо Леонид ба беморхона бурд. Баъди навбатпойи ва ташхис санги гурдаро ошкор кардаанд ва акнун уро чаррохи мекунанд. Вале бе нештару хуну халаф! Табибон гуфтаанд, ки баъди 24 соати чаррохи метавони бо гурух дубора бипайванди. Холо ки мо барои рафтан ба пойтахти иолоти Теннесси шахри Нэшвил тайёри мебинем, у бо мо хайру хуш карду рафт барои чаррохи!  Полина, Стелла, Найра ва тарчумони дигари мо Лариса ба мошини Умар нишастанд. Ман бо мошини Дмитрий — хамон шогирди профессор мешинам. Се соат рох аст, сухбат мекунем. Шумо аллакай уро мешиносед. Гуфтам ку, у зодаи Белорусия буда, хамин чо тахсил кардааст ва акнун устоди факултаи журналистика буда, чанд руз пештар бо духтари мексикои Марианна оиладор шудааст.   Читать далее →

Мубориз!

Парвиз Рустамович Холиков, лейтенанти калон, собик навбатдори шуъбаи хадамоти давлатии мухофизаи шахри Норак, собик ваколатдори кофтукови чинои оид ба корхои ноболигон ва чавонони шуъбачаи минтакавии милисаи шахракаи Оби Гарми ШКД шахри Рогун, собик ваколатдори гурухи мубориза бар зидди муомилоти гайриконунии маводи нашъадори ШКД шахри Рогун, маъюби гурухи 1-ум. Читать далее →

7 марти соли 2011

Фардо Рузи Модарон аст! Ин хуб аст. Аммо хуб нест, ки имруз Рузи Падарон нест! Харчанд маълум аст, ки барои  фарзанди нексиришт хар руз рузи волидонаш аст. Падарони азиз! Рузи пештар аз Рузи модарон барои Шумо муборак бошад!

Имруз ман дар мавриди душворихои зердасти зебардасте будан, омодагии мардум ба пошхурии СССР, дасти «дароз» -и табибон, «зоопарк» дар шоу-бизнес ва унвонхои «заказной» навиштаам. Читать далее →

21 феврали соли 2011

     Дируз хамсарам дар мавриди ким – кадом зане гуфт, ки бо у дар дармонгохи дахонпизишкии кудакона сухбат кардааст. Он зан ба хамсари ман гуфтааст, ки «мо барои тахсили ду кудакамон, ки яке 5 солаву дигаре чанд сол аз у калонтар аст, солона 22,5 хазор доллар пардохт мекунем…»

У бовар кардааст…(Шояд рост бошад, аммо ман бовар накардам!) Мегуфт, ки «вазифаи баланд ва пули бисёр доштан хуб аст, мошинаи киммати чомашуи мехари, хавли мехари, чанд хона мехариву ба ичора медихи, либосу пушоку зиёд мехари». Баъди он, ки орзухояшро шунидам, гуфтам, ки «бо ин орзу ва ниятхое, ки ту дори, хаёлам вакти мансабдор буданам хам ман аз порагири мемирам, ки баъд барои хамаи он пул расад!!!»

Ин навбат дар мавриди сарояндахои «депутатзеб», киссаи момаи Иззатмо, радиохо барои ба ёд овардани замони гузашта, «чаррохии плостики» дар телевизионхо, сохтмон ва пешпардохт, манъкуниву   ичозатдихихо, гуногунрангии зоологи ва рузи Забони Модари навиштам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти