Аксари мо дар кудакихои худ рузхоеро ба ёд меоварем, ки бузургтархо барои саргарм кардан ва ё кутох намудани шабхои дарози зимистон бо кисса, масал ва чистон аъзои хонаводаро гирди хам меоварданд ва лахазоти истиснои ва дилпазирро дар паси ин достонхои розгуна ва пурмаъно фарохам мекарданд. Лахазоте, ки то кунун дар ёд ва хотирахо боки мондааст.
Нависандагони хавзаи кудак ва навчавон, хамчунин равоншиносон бар ин акида хамраъй хастанд, ки киссахо барои кудакони хурдсол факат як мухаррики равони ва шунидори нестанд, балки коркардхои фаровоне барои ин гурух аз кудакон доранд.
Кудакон аз тарики киссахо бо мухити пиромуни худ ошно мешаванд. Хар киссае метавонад фазоеро ба вучуд биёварад, ки кудакон хангоми руёруи бо намунахои вокеи, рафтор ва вокуниши муносиберо аз худ нишон диханд.
Киссахо ба кудакон ёри мерасонанд, то иртиботхоро дарк кунанд робитае, ки байни шахсиятхои як кисса вучуд дорад, метавонад ба кудак ёри бирасонад, ки худ чи гуна ин маворидро дар зиндаги риоят кунад.
Мавзуи мухими дигар, ки таъсири зиёде бар фароянди ичтимои шудани кудак дорад ин аст, ки киссахо паёмхо ва арзишхоеро ба мухотаби худ мунтакил мекунанд кудак дар асари шунидан, такрор шунидан ва хатто фикр кардан ба кисса метавонад ин паёмхоро чазб кунад ва арзишхои хонаводаги, ичтимои ва инсониро бигирад. Гайримустаким будани ин паёмхо мучиб мешавад, ки барои кудак дилнишинтар, чаззобтар ва дустдоштанитар шавад.
Хамчунин киссахо кудрати тамаркуз ва диккати кудаконро афзоиш медиханд. Кудакон дар асари шунидан ин тавоноиро ба даст меоваранд, то битавонанд шунидани фаъолро тачриба кунанд. Онхо хатто барои ин ки битавонанд мочароро дунбол кунанд, зарури аст, ки диккат ва тамаркузи лозимро барои хуб шунидан тамрин кунанд. Барои муназзам шудан ва фаъол шудани кудакон дар умур хам киссагуи як омузиши чаззоб аст, киссахо метавонанд ба кудакон ёд бидиханд, ки чи гуна руи кор тамаркуз кунанд ва бодиккат он корро пеш бубаранд. Дар айни хол киссахо мучиб мешаванд, то кудакон битавонанд бо густурдае аз калимахо ошно шаванд. Калимахое, ки мумкин аст дар гуфтугуи рузона хеч вакт мавриди истифода карор нагиранд, хамчунин киссахо мучиб мешаванд, то кудакон бо тачрибахо, эхсосхо, авотиф ва шевахои нигариши бузургхо ошно шаванд.
Кудакон аз он чо ки хануз тачрибаи густурдае дар шинохти дунё надоранд, саъй мекунанд, ки бо иртибот додани байни омухтахои кабли ва мавзуъхои чадид ба таодули зехни худ кумак кунанд. Ин раванд ба кудак ёри мекунад, ки бо мантики худ ба кашф ва шинохти дунё икдом кунад ва бар асоси чунин раванде аст, ки аз киссахои тахайюли лаззат мебаранд ва аз онхо бахрабардори мекунанд. коркардхо ва арзишхои киссахо ба маротиб бештар аз он аст, ки бихохад ба хамин чанд маврид хулоса шавад. Аммо хамин мавориди боарзиш метавонад далоили мухиме бошад, ки битавон аз тарики киссахо ба рушди отифи, ичтимои, каломи ва зехнии кудак ёри намуд.
Баргардон аз http://www.persianv.com/nozadan
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: афсона, киссахо, кудак, ояндаи миллат, шаб |













Добавить комментарий