Афсонаи навро шунидед? «ХУДОВАНД замину осмон, обу кулу дарё, куху ЗАМИН, долу дарахт…хулоса, ки ХАМА ЧИРО офарид ва онхоро порча-порча таксим карда, ба ихтиёри чанд нафар гузошт. Ва хамин тавр кард, ки он чанд нафар хешу табор ва ошнову чура бошанд. Он чанд нафар хеч гох пир намешуданд, онхо човидона буданд, онхо аз дигарон фарку бартари доштанд, онхо метавонистанд хама чиро фурушанд, харанд, фуру баранд ва бо як ченак чен кунанд-ПУЛ… Шояд ХУДОВАНД хамин гуна хоста буд, ки онхо Интернетро надонанд, блогу сомонаву хатто почтаи электрониро нафахманд ва факат аз хисоби ВА ГАЙРАВУ ВА ХОКАЗОХО дар сафар бошанд. Будани дигарон дар пахлуи онхо гуё ГАЛАТ ва ХАТО шуда бошад…»
Ин афсона дигар давом надорад ва хам маълум аст, ки анчоми он мисли афсонахои момаи Иззатмох хубу гуворо нест. Аммо мехостам пурсам, ки «Шумо ягон бор ба кабулгохи Раиси нохиятон рафтаед? Шумо медонед, ки чаро расман МУОВИНИ АВВАЛИ РАИС хасту МУОВИНИ ОХИР нест? Раиси кумитаи заминсозии нохияи Шумо медонад, ки дар 1 $ сурати ки аст…?
Имруз дар мавриди бозори занон, дарди овозхон Субхони Саид, ислохкунии инсонхо, ном ва таъсираш ба одамон, депозит дар бонке, ки вучуд надорад, филмхо бо як камера, занону духтарони «дастнорас» ва «осорхонаи Ракибовхо» дар Файзобод ва Фейсбук навиштаам!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Файзобод, афсона, бонк, кинои точики, осорхонахо, пул, сарватманд, хайём | 1 Comment »










