Тачриба нишон медихад, ки бештари касоне, ки нисбаташон дилсузи мешаваду аз дастгирии бештаре бархурдор мегарданд, як руз хатман ба кавле «мегузаронад». Баъди солхои ноороми, ки аксарият аз кишвари мо куч баста буданду мо муттахасиси тайёр барои идомаи кори онхо дар мактаб кам доштем, ба рузгори муаллимон — махсусан дар дехот аз чониби Хукумат таваччухи зиёд зохир шуд. Кам ё беш аз баъзе имтиёзхо бахурдор шуданд, сохиби замин барои кишту кор гаштанд, дар самти даъват ба хизмат хам аз сабуки бархурдор шуданд, пайваста маошашоро зиёд мекунанд ва мисли инхо. Харчанд вазъи рузгори омузгорон дар шахр нисбат ба дехот ба маротиб бехтар бошад хам, ин гурух низ аз таваччухи хукумати кишвару хукумати шахр бархурдоранд. Нисбат ба чанд соли пештар маошу даромади хубе доранд. Аммо дар баъзе масъалахо эхсос мешавад, ки онхо аз андоза зиёд «эркаги» мекунанд ва чизи бештареро барои худашон ичозат медиханд. Ин чо ба масъалаи пули мактаб ва чамъоварии пул барои хар гуна харочоти мактаби таваччухи бештар хохем кард. Маълум аст, ки маблаги конуниро хам барои мактаб волидон бе гирифтани кадом расиду хуччати расми ё ба дасти муаллим медиханд ва ё ба дасти фарзандашон. Дар холе, ки тахмин мекунам, ки он ё ба хазинаи мактаб ва ё ба хазинаи намедонам идораи маориф бояд супорида шаваду барои волидон хуччате вобаста ба кабули он пул дода шавад. Ин корро мо хама баробар намекунем. Майлаш!
Мувофики тартиби мавчуда агар фарзанди шумо дар мактабхои хусуси тахсил мекунад, шумо хар сол бояд шартномаро бо он муассиса имзо кунед. Онхо хам бе хамоханги бо макомоти дахлдор, махсусан макоми зиддиинхисори бояд нархи тахсилро боло набаранд.
Дар 9 мохи тахсил кариб дар хама иду чашнхо, зодрузхо, корхои таъмири, мучаххазкунии синфхонахо, омодаги ба фасли сармо ва мисли инхо пул чамъовари мешавад. Волидон аксаран рози мешаванд, пул ёфта медиханд ва хатто барои мисол, намепурсанд, ки чаро мо дар хонахои худ як «радиатор»-ро 5-6 сол истифода мекунему шумо дар мактаб хар сол «радиатор» мехаред!? Ин хам майлаш!
Лекин ман наметавонам ба пул ва маблагхои пули «сахт часпидан»-и муаллимони муассисахои давлатии таълимиро дида, «майлаш» гуям. Фахмидед ман чиро дар назар дорам? Тасаввур кунед, муаллим ва ё муаллимахо хануз мох ба анчом нарасида ба «талаб» кардани пули мактаб сар мекунанд ва барои ин аз худи шогирдашон — аз кудаки синфи 1, 2, 3, 4,…ки аслан бояд таваччухаш факат ба хондану босавод шудан бошад, истифода мекунанд. Он вакт намедонам омузгор дар бораи холати рухии кудак фикр мекарда бошад ё на? Омузгор фикр мекарда бошад, ки агар падари он кудак хамон субх пул надошта бошад, вазъи рухии он кудак чи гуна мешавад? Вакте ки кудакро миёни хамсинфонаш боло карда, барои хатто дертар овардани пули мактаб сарзаниш мекунанд ва пеши хама ба он ишора мекунанд, фикр мекарда бошанд, ки окибати ин амалашон чи хохад буд? Суоли аз хама мухим хамин аст, ки чаро муаллимон ба ин кор сару кор доранд, дар холе ки мактабу маориф мухосиботу хазинадор дорад? Яъне, тахмин кардан мумкин аст, ки аз чамъи пули мактаб муаллимон хам хиссае ба даст меоранд. (!) Агар ин конуни бошад, майлаш! Вале пешниходи ман ин аст, ки махз барои омузгор, ки вазифааш таълиму тарбияи насли наврас аст, пули мактабро талаб кардану барои ин кор аз худи кудак истифода бурданро манъ кунанд! Ин корро бигузор хазинадори мактаб, мухосиботи идорахои маориф, яке аз чонишинони директор ва ё акалан раиси кумитаи волидони синф бикунад. Агар ин кор бисёр зарур бошад, онхо ба волидон занг бизананд ва ё СМС бинависанд, ки «пули тахсили фарзандатонро пардохт кунед». Албатта ба хамон гурухе, ки эхтимол дертар он пулро пардохт мекунанд. Бигузор кудакон нарху маблагхои гуногуну бахси пардохт накардани пули тахсилу дертар овардани маблаги тахсилро нафахманду надонанд. Омузгор хам дар рузи иду чашнхо набояд худаш барои кудакон хадду андозаи тухфахои пулиро мушаххас кунанд, мисли «фалон чиз бояд харед» ва ё «аз 20 ё 50 сомони боло биёред!» Дар ин холат «эркаги» -и омузгор хама «сархад»-хоро убур мекунад.
Мантикан хам агар фикр кунем, чамъоварии маблаг кори муаллим нест, ин то чое риоя нашудани вазифахои асосии омузгорон ва замина барои доман пахн кардани фасод дар муассисоти таълими аст. Омузгороне, ки дар баробари устоди фанни алохида буданашон хатман бояд равоншиносу равондон хам бошанд, набояд ин гуна хатои чидди содир кунанд ва хар мохе як бору чанд бор холати рухии кудакони маъсумро бад кунанду андешаи онхоро равонаи мушкили оилави ва молиявии волидонашон. Дар холе, ки маълум аст, ки вазъи хама оилахои точикистони баробар хуб ва ё оливу бе камбуди нест…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: либоси ягона, мактаб, маориф, пора, пули тахсил, таълимгох, хонадагон |













Добавить комментарий