Пешниход (3)

Тачриба нишон медихад, ки бештари касоне, ки нисбаташон  дилсузи мешаваду аз дастгирии  бештаре бархурдор мегарданд, як руз хатман ба кавле «мегузаронад». Баъди солхои ноороми, ки аксарият аз кишвари мо куч баста буданду мо муттахасиси тайёр барои идомаи кори онхо дар мактаб  кам доштем, ба рузгори муаллимон — махсусан дар дехот аз чониби Хукумат таваччухи зиёд зохир шуд. Кам ё беш аз баъзе имтиёзхо бахурдор шуданд, сохиби замин барои кишту кор гаштанд, дар самти даъват ба хизмат хам аз сабуки бархурдор шуданд, пайваста маошашоро зиёд мекунанд ва мисли инхо. Харчанд вазъи рузгори омузгорон дар шахр нисбат ба дехот ба маротиб бехтар бошад хам,  ин гурух низ аз таваччухи хукумати кишвару хукумати шахр бархурдоранд. Нисбат ба чанд соли пештар маошу даромади хубе доранд. Аммо дар баъзе масъалахо эхсос мешавад, ки онхо аз андоза зиёд «эркаги» мекунанд ва чизи бештареро барои худашон ичозат медиханд. Ин чо ба  масъалаи пули мактаб ва чамъоварии пул барои хар гуна харочоти мактаби таваччухи бештар хохем кард. Маълум аст, ки маблаги конуниро хам барои мактаб волидон бе гирифтани кадом расиду хуччати расми ё ба дасти муаллим медиханд ва ё ба дасти фарзандашон. Дар холе, ки тахмин мекунам, ки он ё ба хазинаи мактаб ва ё ба хазинаи намедонам идораи маориф бояд супорида шаваду барои волидон хуччате вобаста ба кабули он пул дода шавад. Ин корро мо хама баробар намекунем. Майлаш!  Читать далее →

Пешниход (2)

Чанд соли охир ба номгузори таваччухи хоссае зохир мешавад ва раванди точики кардани номи кучаву деха ва чамоатхо хануз идома дорад. Факат дар мохи июли соли равон беш аз 52 дехаи Точикистон тагири ном кардааст. Дар ин раванд хатто баъзе номхо хам, ки точики буданд, дубора ба кавле точикитар мешаванд. Мисли кучаи Муродуллох Шерализода (дар шахри Душанбе), ки акнун номи Асадулло Гуломовро дорад ё Донишгохи омузгори, ки каблан ба номи Кандил Чураев буду имруз номи Садриддин Айниро дорад. Ин мавзуъи тамоман дигар аст……

Аммо он чизе, ки ман мехостам ба он таваччух шавад, ин такрори номхои точики дар шахру нохия ва хатто чамоату вилоятхо аст. Барои мисол, хатто дар нохияву шахрхо чанд номи «Навобод», «Шаршар», «Лолаги»….. ва мисли инхоро вохурдан мумкин аст. Шояд ин тартиб зиён надошта бошад, аммо мо, ки дар мавриди гановати забони точики зиёд мегуем, наход ду номи гуногун ёфта ба дехаву чамоат ва хочагиамон гузошта натавонем!?  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти