Бардоштхо аз ПАЁМ

        Бе шубха мушкилтарин кору амал, ки хамзамон мояи ифтихор хам хаст, ватандориву механпарасти аст. Ифтихор аз механ ва аз таъриху тамаддун, ки дар калби хар ватандор нихон аст, хамзамон барои амалхои шоистае чихати шинохти бештари ватанаш тахрикаш медихаду водораш мекунад.  Бе шубха соли 2016 – соли тачлили 25 солагии Истиклолияти Давлатии Точикистон —  барои кишвари мо ва мардуми сарбаландаш соли пур аз комёби ва дастовардхои беназир буд. Огози корхои сохтмони дар доираи лоихаи КАСА-1000,  огози корхо дар сарбанди НБО Рогун, аввалин медали тиллоии олимпии Точикистон, таъсиси Рузи Президент дар кишвари мо, раъйпурсии умумихалки вобаста ба тагироту иловахо ба Конститутсияи Точикистон, ба руйхати экосайёхии чахони воридшавии куххои осмонбуси Помир, расман пазируфта шудани унвони Асосгузори сулху вахдати милли ва Пешвои миллат, огози гуфтушунидхо вобаста ба хатсайри хавои миёни Душанбе ва Тошканд, ба истифода додани басти дуюми Маркази барку гармидихии Душанбе-2, ба руйхати ёдгорихои чахонии фархангии ЮНЕСКО пазируфта шудани Оши Палови точики ва боз чандин руйдоду ходисаи фархабахши дигар дар соли 2016 ба вукуъ пайвастанд. 
      Паёми Президенти кишвар, Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат дар санаи 22 декабри соли равон ба хамон рузхое рост омад, ки СММ пешниходи Точикистонро дар мавриди эълони дахсолаи нави амал – «Об барои рушди устувор» кобили кабул донист. Маротибаи чорум аст, ки дунё ба харфи сарвари Точикистон гуш медихад, икдому пешниходи он касро бо аксарияти овозхо ва чонибдории бештари кишвархои дунё кабул мекунад.  Ин боиси ифтихори хар сокини баруманду сарбаланди ин кишвар аст. Таваччухи кулли мардуми кишвар ба паёми Президенти Точикистон ба Мачлиси Оли нишони хамраъйии сокинон ба тасмимхои шоиставу саривактии рохбарияти олии кишвар аст. Намояндахои хама касбу кор дар Паёмхои харсолаи Пешвои Миллат хатман нуктахои мухими фаъолияти худро пайдо мекунанд, дастуреро барои амал то пайёми дигар ба даст меоранд.
          Барои мо хам Паёми имсолаи Пешвои Миллат инъикоси авзоъи кишвар дар соли равон, самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии кишвар ва  дастуре барои расидан ба натичахои бехтару хубтар дар соли равон буд. Пешвои Миллат новобаста ба он, ки масъулияти хеле гаронеро дар шинохти бештари кишвар дар арсаи чахони, устувории сиёси ва иктисодии кишвар, амнияту суботи комил дар каламрави Точикистон  ба душ доранд,  дар Паёми навбати чанд карат дар мавриди захмати мардуми шарафманди диёр кайд карданд ва бо як хоксории самимона хама натичахои назаррасро дар самтхои калидии кишвар аз шарофати захмату мехнати халк донистанд. Аммо мо аз чониби худ таъкид мекунем, ки дар тахкими пояхои Истиклоли Давлати, рушди иктисоди ва ичтимоии кишвар, маъкеъи назарраси Точикистон дар харитаи сиёсии чахон – аз устувории сулху ороми ва бартараф сохтани окибатхои чанги дохили сар карда то имрузи осоишта ва ободи кишвар махз Президенти мо – Пешвои Миллат накшу сахми арзандаву шоистае доранд.  

     Тавре ки Пешвои миллат таъкид мекунанд, воридшавии кишвари моро ба мархилаи рушди устувор ва пешрафти босуботи иктисоди ва ичтимои мешавад аз солхои 2000-ум гуфт. Хукумати кишвар тавонист, ки аввалтар аз хама низоми дурусти корхои баркарорсози ва ободкориро ба рох монад ва танхо баъди он татбики ислохоти дарвокеъ фарогир имконпазир гардид.  Хукумат бо назардошти сиёсати дархои кушод кушиш кард, ки тамоми талошхои худро барои расидан ба се хадафи оли ва мухими стратеги – таъмини истиклолияти энергетики, рахои аз бунбасти коммуникатсиони ва хифзи амнияти озукавори равона кунад.  Хар нафари равшанфикр дарк мекунад, ки дар шароити мушкили иктисоди, бо камтарин имкониятхо даромади бучаро аз 300 миллиони 15 соли кабл то 18 миллиард сомони расонидан, кори сахлу осоне нест. Факат дар соле, ки гузашт, даромади пулии мардуми шарафманди Точикистон 27,2 миллиард сомониро ташкил додааст, ки ин натичаи аз солхои кабли хубтаре аст. Музди миёнаи мехнат сар аз соли панчуми мустакилияти кишвари мо 60 баробар боло рафтаву хачми миёнаи нафака 85 баробар афзун шудааст. 

      Пахлуи дигари ин дастовардхои иктисоди – бехтар шудани некуахволии мардум ва поин рафтани сатхи камбизоатии ахоли аст. Шумораи ахоли аз 5,5 миллиони солхои аввали истиклолият то 8,7 миллион нафари имруз расид. Махз хамин талошхо боиси он гашт, ки умри мардум дар кишвари мо ба хисоби миёна ба 73,5 сол расонида шавад.  Миллиардхо сомони дар даврони сохибистиклоли аз сарчашмахои мухталиф барои рушди сохахои гуногун — мисли ичтимоъ, иктисод, алока, инфрасохтор, маориф ва тандурусти сарф шудааст.
      Точикистон тавонист, ки худро чун кишвари истехсолкунандаи неруи аз чихати экологи тоза муаррифии бештар кунад ва ба катори чанд кишвари пешгом дар самти «энергияи сабз» ворид гардад. Тасаввур кунед, ки мо имруз 98% неруи аз чихати экологи тозаро истехсол мекунем ва бо сарбаланди метавонем гуем, ки дар пешгирии окибатхои ногувори гармшавии иклим дар кишвар ва хатто дар минтака  сахмгузори мекунем. 

          Блоки иктисодии хукумати кишвар бо тавсияву дастурхои Пешвои Миллат тавонист, ки дар шароити мушкили бухрони иктисоди дар дунё ва таъсири бештари омилхои чиддии беруна нагузорад, ки окибатхои  бухрон нигаронкунанда бошад ва барои ичрои нишондодхои мухими иктисоди афзоиши мачмуъи махсулоти дохили ва рушди пайвастаи кишвар муваффак шавад.

          Пахлуи дигари хеле мухими Паёми Президенти кишвар — мухтарам Эмомали Рахмон баррасии авзоъи имрузаи системаи бонкии кишвар буд. Вокеъият ин аст, ки имсол чанд бонки кишвар дучори мушкили молияви ва иктисоди буданд, ки то чое нигарони ва нобовариро миёни мардум ба бор овард. Мизочони чанд бонки калони тичоратии кишвари мо аз Паём вобаста ба ин мавзуъ албатта интизорихои неке доштанд ва он ба гумони голиб, ки бароварда хам шуд. Аввалан Пешвои миллат таъкид карданд, низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти бонкхоро аз чониби Бонки Милли ба талабот чавобгу нест. Кам шудани фоизи карзхои додашуда, поин рафтани сатхи хизматрасонии бонки, вазъи ногувори ташкилоти амонативу карзии кишвари мо, ки боиси дар як ташкилот муттахид шудани чанд тои он ва хатто бархам хурдани баъзеи онхо гашт, аз мушкилоти умдаи ин самт дониста шуд. Макомоти марбутаи кишвар — аз чумла вазорати молия ва Бонки Милли акнун вазифадоранд, ки фаъоляити бонкхо, ташкилоти мухталифи молияви ва коргоху муассисоти бучавии кишварро катъи ва хеле чидди назорат кунанд. Нуктаи дигари мухим дар идомаи ин мавзуъ – риояи хатмии хукукхои мизочони бонк ва риоя шудани ухдадорихои хатмии муассисоти молияви буд. Махз хамин нуктахои мухими Паём бовариро нисбат ба системаи бонкии кишвар бештар мекунад. 

          Сохибкорон ва точирон, ки гушу хуш ба нукти Пешвои Миллат доштанд, аз гамхорихову имтиёзхои давлату хукумат бевосита огоханд ва тадбирхои чиддиро якчоя амали мекунанд. Наздик шудани хукумат ба сохибкорон, гуш кардани мушкилу пешниходи онхо, таъсис додани Рузи Сохибкор дар кишвар, ташкили форуму нишасту намоишгоху вохурихои сатхи мухталиф миёни доирахои сохибкори ва сармоягузори дар Точикистон боиси он гашт, ки дар чанд соли охир кишвари мо се карат ба 10 гонаи кишвархои дар ислохот пешсаф ворид шавад. 
          Президенти кишвар дар мавриди мавчудияти монеъахои сунъи дар рохи тичорату сохибкори гуфта, вокеъан хам бохабар буданашонро аз нозуктарин мушкили доирахои сохибкори ба намоиш гузоштанд. Он кас хеле хуб дарк кардаанд, ки авзоъи имрузаи иктисодии чахон ва таъсири омилхои мухталиф водор мекунад, ки барои сохибкор имтиёзи бештаре дода шавад.  Умеди зиёд аст, ки баъди ишора ба ин нуктаи мухим  дар Паём макомоти дахлдор, мисли кумитаи андоз, гумрук, кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати, вазорати рушди иктисод ва савдо ва  вазорати молияи кишвар механизми мушаххаси дастгири  давлати ва пешниходи имтиёзхоро барои доирахои сармоягузори ва сохибкори фикр кардаву пешниход мекунанд. Мухимтар аз хама умеди зиёд аст, ки бо назардошти кабули Конунуи Чумхурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор» дар тахрири нав шумораи тафтишу санчишхои гохо бемаврид ва зиёдати кам мешаванд.

Эхсос мешавад, ки дар Паёми Пешвои Миллат накши инсони комил ва неруманд барои амали сохтани хадафхои стартегии кишвар, афзун сохтани самаранокии мехнат, тахкими пояхои давлатдори ва рушди самтхои мухиму пешбари иктисоди ва ичтимоии чомеъа хело баланду муассир каламдод шудааст. Ин гуна инсонхо хатман хамон ватандустони асил, чавонони неруманд, ки имсол соли онхо эълон гардид ва сокинони шарафманду чонибдори якпорчагии Точикистон хастанд.  Вазифахо дар 5 -10 соли оянда, ки иборат аз афзоиши хачми истехсоли махсулоти саноати, зиёд кардани хачми содироти молу махсулоти ватани, чалби бештари сармоягузории мустаким, истифодаи захирахои мавчуда барои афзоиши мачмуъи махсулоти дохили, кам кардани сатхи камбизоатии ахоли ва ба кишвари индустриаливу аграри табдил додани Точикистон аст, пеши намояндагони касбу кори гуногун ва ватандустони содик гузошта шудаанд. Аз чумла дар хамин маврид дар Паёми имсолаи Пешвои Миллат нуктаи хеле мухиме зикр шудааст, ки айнан меорем:

     «Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди нерӯи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад. Дар ин давра ҳамаи аҳолии калонсол ҳадди ақал соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ ва на кам аз нисфи аҳолии қобили кор соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хоҳад шуд. Аз ин хотир, зарур аст, ки дар давраи татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ бо мақсади баланд бардоштани ченаки нишондиҳандаҳои сармояи инсонӣ ба пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо оби тоза, дигар шароити коммуналиву манзилӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад».

            Тавре ки болотар зикр кардем, дар Паёми Пешвои Миллат комилан хама пахлухои мухиму хайётии кишвар инъикоси худро меёбанд. Афзоиши ахолии кобили кор дар кишвар, ташкили чойхои нави кори, дастгирии бахши хусуси ва сохибкории истехсоли, рушди хунархои мардуми, инкишоф додани шаклхои мавсимии машгулияти фоиданок, касбомузии насли чавону миёнасоли кишвар, назорати фаъолияти дорусози ва сифати дорувор, бунёди коргоххои дорусози,  фаъол гардонидани озмоишгоххои навтарин ва усулхои муосири табобат, дастраси ба тандурусти ва табобати босифат, дар муассисахои таълими чори кардани омузиши Конститутсия ва Конуни ЧТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» —  нишони мухтавои амики Паём буда, онро ба хуччати асосии фаъолияити харруза табдил медихад.

          Дар хошияи хамаи ин тахлилхо, дастуру супориш ва андешаронихо накши насли чавону ояндасоз  махсусан таъкид карда шуд. Дар Паём  аз чониби Пешвои Миллат аз чумла гуфта шуд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.»

        Хамин интизорихо аз мо, хамин  бахои баланд ба мо — чавонони замони Истиклол дар катори эхсоси ифтихорманди масъулияти иловагиеро медихад ва моро ухдадор мекунад, ки дар вокеъ ватандуст будани худро исбот созем, барои пешрафти кишвар  талош кунем,  дар халли камбудихои мавчуда ва эродхои Пешвои Миллат сидкан кушиш кунем.
       Мо насли имруз – бо рохи музаффариятхои бештар ва рохи шинохту шухрати Точикистони сохибистиклол равонаем ва  Паёми Пешвои Миллат моро дастури амал асту чароги рахнамо!!! 

 

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти