Пешниход (5)

Як вакт агар касе мегуфт, ки аз ким кадом куттии канори рох пул гирифтан мумкин аст, мо аслан уро аз акл бегона мепиндоштем. Аммо имруз ин чиз комилан мукаррари аст ва банкоматхову терминалхо мавриди истифодаи мардум карор дорад. Имруз хатто нафакагирон низ нафакаи худро ба воситаи кортхои бонки аз банкоматхо мегиранд. Аввалтар аз хама мехостам, ки дар бораи  коидахои истифодаи банкоматхо чанд бандро пешниход созам:

 

  • Сохибони кортхои пардохти ва кортхои нафака бояд кушиш кунанд, ки он кортро хуб нигохдори кунанд. То хадди имкон аз хамон банкоматхое пул бигиред, ки дар нуктахои тичорати ва чойхои боэътимоде гузошта шудаанд;
  • Ба худи банкомат нигох кунед то касе скиммер, клавиатураи иловаги, камерахои иловагиро барои пайдо сохтани рамзи шумо истифода накунад;
  • Агар дидед, ки дар банкомат навбат аст, шарт нест, ки ба нафари пештар часпида истед, дуртар равед, камтар интизор шавед;
  • Ман хис мекунам, ки холо аксаран кортхои нафака ва рамзи худро ба дигарон медиханд, то нафакаи онхо бигиранд. Ин аслан хуб нест. Баъзехо худашон то пеши банкомат омада, баъд корташонро ба каси дигари дар навбат истода медиханду рамзашонро ошкор мекунанд то у пулахояшонро гирифта дихад. Ин хам нодуруст аст;
  • Агар дидед, ки  кадом нафари бефахме аз пеши шумо вакти пулгири нарафта истодааст, хангоми чиндани рамз клавиатураро бо дастатон пушонед. Бехтараш талаб кунед, ки у аз назди шумо дур биравад;
  • Агар дидед, ки банкомат нодуруст кор карда истодааст, ё дер амалиётро ичро мекунад ё дар монотораш ким кадом маълумоти дигаре намоён аст, бехтараш аз истифодаи он худдори кунед;
  • Агар пин-кодро се маротиба нодуруст ворид мекунед, корти шумо муваккатан баста мешавад;
  • Баъди анчоми амалиёт пул ва чекро бигиред, вагарна банкомат метавонад, ки онхоро бозпас бигирад;
  • Вакте ки пулро аз банкомат неву аз идора ва филиали бонк мегиред, корманди он идора хатман бояд аз шумо хуччати тасдиккунандаи шахсиятатонро бипурсад ва бубинад;

            Пешниходи навбатии ман аслан ба хамон бандхое аз матни болои дахл дорад, ки ман онхоро сиёхтар кардам. Мушохида мекунам, ки мардум аксаран коидаи истифодаи банкомат ва эхтироми нафари дигарро намедонанд — болои саратон меистанд, гумонам мехоханд фахманд, ки шумо чанд сомони мегиред ё бо кадом нияти дигаре бошад, ки дур намераванд! Аз ин ру мехостам, ки кормандони муассисоти молияви (бонкхо махсусан) пештар аз он ки корти касеро ба дасташ медиханд, хамин коидахоро фахмонанд, огох кунанд, ки хангоми пул гирифтани каси дигар болои сари у рост истодан хуб нест, мумкин нест, кабул нест!!! Мояи нигарони хамин аст, ки ин тартиб ба тадрич  ба одати ин гурухи мардум табдил меёбад ва он яке аз бадтарин одатхо хохад буд…

    %d0%b1%d0%b0%d0%bd%d0%ba%d0%be%d0%bc%d0%b0%d1%82

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти