Бардоштхо аз ПАЁМ

        Бе шубха мушкилтарин кору амал, ки хамзамон мояи ифтихор хам хаст, ватандориву механпарасти аст. Ифтихор аз механ ва аз таъриху тамаддун, ки дар калби хар ватандор нихон аст, хамзамон барои амалхои шоистае чихати шинохти бештари ватанаш тахрикаш медихаду водораш мекунад.  Бе шубха соли 2016 – соли тачлили 25 солагии Истиклолияти Давлатии Точикистон —  барои кишвари мо ва мардуми сарбаландаш соли пур аз комёби ва дастовардхои беназир буд. Огози корхои сохтмони дар доираи лоихаи КАСА-1000,  огози корхо дар сарбанди НБО Рогун, аввалин медали тиллоии олимпии Точикистон, таъсиси Рузи Президент дар кишвари мо, раъйпурсии умумихалки вобаста ба тагироту иловахо ба Конститутсияи Точикистон, ба руйхати экосайёхии чахони воридшавии куххои осмонбуси Помир, расман пазируфта шудани унвони Асосгузори сулху вахдати милли ва Пешвои миллат, огози гуфтушунидхо вобаста ба хатсайри хавои миёни Душанбе ва Тошканд, ба истифода додани басти дуюми Маркази барку гармидихии Душанбе-2, ба руйхати ёдгорихои чахонии фархангии ЮНЕСКО пазируфта шудани Оши Палови точики ва боз чандин руйдоду ходисаи фархабахши дигар дар соли 2016 ба вукуъ пайвастанд.  Читать далее →

Замзама!

       Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли дар огоз вокеан хам лахзаи хеле хотирмон дошт. Ё ман кам ТВ тамошо мекунам ва ё вокеан хам ин бори аввал буд, ки  аксари намояндахои мардуми ва аъзоёни хукумат Суруди Миллиро замзама мекарданд. Ё оператор-наворбардори ТВ бомахоарт буд ва ё шояд ин гуна эхсос аз он буд, ки имсол ин макоми баланди конунбарори кишвари мо 15 сола мешавад. Хар гунае, ки набошад, кормандони ТВ нишон доданд, ки намояндагони хукумат ва намояндахои мардум зери лаб суруди миллиро замзама мекунанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти