Замин дар хама давру замон василаи рузгузарони ва имконияти бехтар сохтани вазъи оилави буд. Заминдорон дар гузашта хам сарватманд буданду имруз хам. Дар гузашта агар заминдорон онро бояд кишт мекарданду хосил мегирифтанд ва ё акалан ончо рамаи худро мечарониданду баъд пулу сарват меёфтанд, имруз бошад, заминхои холи хам (масалан агар таваккуфгохи мошин шавад) метавонад ба сохибаш даромад орад. Вале то солхои 90-ум ин мавзуъ — чудокунии китъаи замин ва хариду фуруши гайриконунии он то ин хад дог набуд. Ба хар сурат мардум бовари дошт, ки барои чудо кардани китъаи замин ва гирифтани ордери хона аз руйи навбат ба хадде, ки имруз аст, азоб намекашад. Холо барои хар ду чониб – хам рохбарони нохияхо ва хам мардуми одди осон нест. Мардум аксаран бояд ким кихоро кофтаву ёфта, восита кунаду ба назди раиси нохия равон кунад ва ё уро ягон хел барои гирифтани китъаи замин истифода барад. Бечора раиси нохияи хам бояд саду як хиллаву истеъдодашро истифода барад, ки шиносу хешу табораш хафа нашавад.
Боре шунидам, ки як марди дехоти мегуфт, «барои халли мушкили замин «пир» — и раиси нохияро восита кардам». Аввалхо, ки хатто хар раиси чамоату заминсозу котиби у кудрати мусоидат дар таксимоти заминро дошт, кор тамоман дигаргуна буд, яъне печидатар буд. Дурустараш сари калоба дар ин самт тамоман гум буд. Тахмин мекунам, ки дар охири солхои 90-ум ва аввали солхои 2000 –ум дар катори хама навгоние, ки замони нав дошт, як гурухи хурди мардум заминфуруширо ёд гирифту гурухи дигараш заминхариро. Сол то сол шаклхои нави гирифтану истифодаву чудокунии китъаи замин пайдо шуданд. Факат як нигоху бархурди журналисти хам, ки набошад, як шахси кунчков кофи буд, то шахс дар мавриди холатахои мухталифи ба таксимоти замин ва хариду фуруши он вобаста иттилоъ чамъовари кунад:
- Руйхати ниёзмандон барои гирифтани китъаи замин мисли руйхати сарояндахо дар кадом галла-консерт буд (шояд холо хам хамин тавр бошад!) – номи касе хат зада шуда, ба чойи каси дигар навишта мешуд, номи баъзехо дертар илова мешуд, баъзехо «хат зада мешуданд», дар сархати руйхат номи нафарони вазифадор меистод ва кам касоне дар бораи он руйхат чизе медонистанд;
- Гурухе, ки аслан максадашон хонасози набуд ва ниёз ба китъаи замин хам надоштанд, баъди як муддати гирифтани он бо арзиши гаронтаре онро ба сохибияти каси дигар доданд. Вокеъан хам, агар касе махз хамин чизро тахлил кунад хам омори наздик ба вокеъиятро пешниход месозад ва фикр мекунам ба дурустии хамин мушохида бовари хосил мекунад;
- Гурухи дигар «замин пушти касеро намезанад» гуфта, онро гирифтанду инак солхо аст, ки чизе насохтаанд. Шояд интизоранд, ки нархи он боз хам осмони шаваду баъд онро фурушанд!?
- Мушохида мешавад, ки дар хар нохия як ё якчанд оилае хаст, ки нисбат ба дигарон (махсусан дар таксимоти замин, ичораи замин ва истифодаи дарозмуддати заминхои кишту богзорхо) гуё авлавият ва бартари дошта бошанд. Ин хеле шубхаовар хам хаст;
- Варианти дигари таксимоти заминро сохибони собик паркхои трактори, автобазахо, заводхои вайроншуда, калоннахои сохтмонии хусусигардонидашуда, анборхо, фермахо ва мисли инхо фикр карданд. Онхо охиста-охиста аввал барои худашон ончо чизе сохтанд ва баъд катор-катор заминхоро 5 ва 6 садяки ба мардум «пешниход» карданд.
- Мушохида мешуд, ки ходимони чамоату нафарони дигари масъул чамъоварии «як чи ним чи» -ро хатман ба масрафоти хучатгузори ва корхои дигари ташкиливу идораи дар дохилу дар марказ вобаста мекарданд. Ва баъдтар ки шумораи зиёди мардуми заминфурушу миёнараву каллобу фиребгар дастгир шуду чарима гашту махбус гардид, схемахои гуногуну «истеъдод»-и гайриодии фиребкуни ва ба боварии мардум даромадани бисёрихо ошкор гашт;
- Чизи дигаре, ки баъдтар боиси ба холати аввала баргардонидани як кисме аз китъахои замини гайриконуни таксимшуда гашт, огохии нокифояи мардум аз конунгузори, санадхои хукуки, коидахои хучатгузори ва истифодаи замину ба истифодаи каси дигар додани он аст. Холо шумо бовари доред, ки мардум донад, ки замини конуни таксимшуда чи тавр хучатгузори мешавад, чи санаду карору фармону ичозатномаву сертификат барои он лозим аст? Кадом вакт шартномаи харидуфурушро ба имзо расонидан мумкин аст? Каблан ва холо хам фиреб додани мардуме, ки хамин тартиб ва коидахоро намедонад, хеле осон аст. Агар осон намебуд, холатхои як заминро ба чанд фурухтан аслан вучуд намедошт. Аммо чи гунае, ки мушохида мекунем, ин тавр нест …
- Мушохидаи дигари мо ба тарххо ва накшахои тамоман качу килеб вобаста аст. Чунин ба назар мерасад, ки хар кучое ду кадам замин будааст, мардум ончо чизе сохтааст. Яъне, макоми дахлдоре барояш ичозат додааст. Аз як баланди агар тарху накшаи кишлокхои хатто навбунёди моро бини, дилат хатман аз дипломи заминсозу меъмору лоихакашу дигарон ях мешаваду ба хайёлбофии рангини онхо шубха пайдо мекуни. Бигузор кишвари мо камзамин бошад, аммо ин маънии онро надорад, ки бояд ба мардум дар нуги теппаву лаби гору чар ва чойхои хавфнок замин «бидиханд». Чаро мумкин набошад, ки он теппахо барои мардум факат чойи тамошо, истирохат фарогат ва хавои тоза бошад? Холо бошад, тахмин мешавад, ки аз ин дида вазъи иктисоди ва молиявии баъзехо авлотар аст!
- Мушохидаи дигари мо вобаста ба лоиха ва накшаи деха ва минтакахои нави ахолинишин аст. Аксаран, ки аз ичоранишини ба чон расидаву ба хонахои нимтайёр кучида омадаанд, аслан намедонанд, ки чуйбор аз кучо ё аз кадом тарафи куча мегузарад, обпартои деха аз кучо ба кучо аст, рохи асоси аз кучо мегузарад, чаро баъзе кучахо дар он махаллахо сарбаста хастанд, чаро дар тасдики лоихахои сохтмони холатхои сухтор, селу обхези ва мисли ин ба назар гирифта нашудааст, чаро махаллаи онхо ё кишлоки наве, ки онхо акнун мукимии онанд, на мактаб дорад, на майдончаи варзиши, на партовгох ва на инфрасохтори дигаре, барои гузаронидани хати обу барк, симчубхо, алока ва рохи миёни хонахо ки бояд тасмим бигирад, макомоти махалли кадом кисмати ин корхоро бояд ичро кунанд??? Саволхое, ки холо ба онхо чавоб ёфтан мушкил аст, аз ин хам бештар аст…
- Мушохида мешавад, ки мардум шоду сармаст аз он, ки як китъа замин ба у расид, дигар дар бораи ягон масъулият ва ухдадории макомоти махалли, идораву коргоххои масъул фикр хам намекунад. (Ё шояд онхо дигар масъулият надошта бошанд? Намедонам…) Аксарияти мардум дар ин гуна китъахои замин ва дехахои навбунёд дигар мачбур аст факат худаш пул чамъ кунад, хашар ташкил кунад, симчуб харад, чохи об канад ва мушкили дигарашро хам мустакилона хал кунад;
Пешниходи навбатии инчониб ба чанд холати ба таксими китъахои замин ва накшаву тархи сохтмони хонахо вобаста аст:
- Бигузор мардуме, ки дар аризааш ба макомоти махалли худро ниёзманду ночору зарур барои гирифтани китъаи замин унвон мекунад, баъди ба он сохиб шудан акалан то 5-7 сол хукуки фурухтан, ба ичора додан, ба истифодаи каси дигар додан, ба сохибияти дигаре доданро надошта бошад. Он вакт ба гумони голиб шумораи холатахои фасод ва порагири дар ин самт агар пурра аз миён хам наравад, лоакал кам мешавад;
- Меъморону заминсозон ва лоихакашон тарху накшаи худро барои тасдик ва баррасии умум пешниход кунанд. Бигузор мардум дар накшаи пешаки бинад, ки дар дехаи нав партохгохаш дар кучо аст, майдончаи варзиши дар кучо чойгир аст, чуйбору обпарто ва рохи борону сел кадом аст? Наход, ки хар гушаву кунчу канору лаби чару таги кухро хам шарт бошад, ки таксим карда ба мардуми бечора диханд? Як бор шумо дехаву махаллахои аврупои ва амрикоиро бинеду дехахо ва махаллахои навбунёди моро махсусан дар нохияхо бубинед. Шумо инчо хавлихои секунчаву панчкунчаро хам вохурда метавонед. Наход танзиму идораи ин кор душвор бошад?
Ман фикр мекунам, ки сохтори дехахо, камбудихои накшави ва лоихавии он хатман сифати зиндагии мардуми мукимии он чойхоро паст мекунад. Онхо кариб, ки дар танхои ними умри худро барои пурра сохтани хонаи худу рохсозиву обкашони ва хати барку рохи мошини дехаи навашон сарф мекунанд. Хамон дехае, ки аз баланди хонаву пайрохаву бому дарахту чуйбораш ба «шарофат» -и ким-кадом заминсозу меъмору лоихакаше качу килеб асту тамоман безеб…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: деха, замин, заминсози, кишлок, лоихаи сохтмони, накшаи сохтмон, пешниход, проект, хариду фуруши замин |












Добавить комментарий