Чунин ба назар мерасад, ки бо берун шудани воситахои наклиёти мусофиркаш – Старексу Мерседсхо аз роххои асосии Душанбе харакати воситахои дигари наклиёт барохаттар шудааст. Харчанд дар ташкили холатхои садамави, бандшавии роххо ва мисли ин факат ронандахои мусофиркаш гунахкор нестанд. Гумонам дар ба миён омадани чунин вазъ – яъне садамахои зиёд дар роххои Душанбе, холатхои бандшавии роххо, риоя нашудани коидахои харакат дар рох, коидахои таваккуф ва истгоххо, махсусан субху шом — як катор омилхо накш доранд ва мусоидат кардаанд. Мо дар чанд маводи дигар дар мавриди заминаву сабабхои рух додани садамахо ва маргу мири одамон, мушкили танбашавии мошинхо ва роххои халли он, роххои камтар кардани холатхои садамави ва коидавайронкунихо гуфта будем.
Рост аст, ки роххои мо пахнбар нестанд, дуруст аст, ки аксарияти мошинхое, ки дар кучахои мо харакат мекунад, кухна ва мухлати истифодааш кайхо гузашта аст, пушида нест, ки як кисми ронандахо аз ду руз бештар шояд дар курсии мактаби ронандаги нанишаста бошанд ва аслан коидахои харакат дар роххои кишварро надонад. Вобаста ба танзими харакати мошинхо ва наклиёти мусофиркаши хурд дар роххои кишвар пешниходи зиёд кардан мумкин аст, ки чанд намунаро инчо меорам:
- Барои мусофиркашони дар мусофиркашхои хурду бузург рох надодани он ронандагоне, ки камтар аз 10 сол тачрибаи ронандаги доранд;
- Сохтани таваккуфгоххои калон дар чор кунчи шахр –дар наздикии дарвозахои шахр, то ки мардуми навохи мошинхои худро ончо гузошта бо истифодаи наклиёти шахри вориди шахр шавад (ба чуз холатхои истиснои);
- Бештар сохтани чарогакхои танзимкунанда дар кучаву чорроха ва гардишхои пойтахт;
- Насби камерахои назорати дар навохии дигари кишвар – Кургонтеппа, Рудаки, Хисор, Вахдат, Норак, Файзобод, Турсунзода.. Ман тахмин мекунам, ки агар камерахо аввалтар аз хама дар ин манотик насб мешуд, ронандахо хеле «боодоб» мешуданд;
- Кам кардани мактабхои ронандаги, ки ба талаботи руз чавобгу нестанд. Дар бештари онхо на ягон компютер аст, на устодонаш истифодаи Интернетро медонанд, на як навори видеои доранд, на як адабиёт мавчуд аст ва на чизи дигаре…Як вакт онхо кисман баста шуданд, аммо баъди як муддат хамаги боз ба фаъолият идома доданд…Ман аслан чонибдори он хастам, ки дар садамахое, ки ронанда то ду соли ронандагиаш содир мекунад, мактаби ронандагиаш хам чавобгар дониста шавад. Он вакт шояд кор ранги дигар мегирад;
- Дар кабули шунавандаи курсхои ронандаги донишу фахмиши дигари у хам ба назар гирифта шавад, ё худ чизе дар шакли IQ тест чори кардан ба маврид мебуд;
- Харакати автобусу тролейбус мисли хама кишвархои пешрафта чидди аз руйи накша ва тартиб бошад;
- Автобус ва тролейбусхо бояд тачхизоти сабти харакат ва назорати электрони дошта бошанд. Мисли он ки дар кишвархои дигари дунё GPS навигаторхо ва барномахову замимахои махсус хама гуна харакати воситахои наклиёт, хатсайр, суръат ва хатто сарфаи сузишвории онхоро мониторинг мекунанд.
- Системаи чипта ва билети рох бояд замонави ва соддаву осон коркард шавад, то мардум ба харидани билети рох одат кунад.
- Хатсайрхо бояд аз хамон куча ва махаллахое хам гузарад, ки серодам аст. Ин аз чанд чихат манфиатовар аст. Холо мушохида мешавад, ки факат канори роххои асоси фаро гирифта мешаванд;
- Истгоххо бояд замонави, электрони ва диккатчалбкунанда бошанд. Барои интизори дар дигар чой барои мусофирон ва барои истодан дар беруни истгоххо барои ронандахо чарима чори карда шавад;
- Гурухи сайёр агар хар руз дар роххо харакати воситахои наклиётро назорат кунаду гунахкоронро фавран чарима кунад, вазъ бехтар мешавад. Масалан, тасаввур кунед, ки мошини БДА ва ончо чанд тан навбатдори мекунанд ва онхое, ки коидаро вайрон мекунанд, ба навор мегиранд, ба мардум нишон медиханд, дар чойи ходиса чарима мекунанд;
Ин пешниходхоро давом хам додан мумкин аст. Аммо чизи дигаре, ки ба назари ман дар сохаи наклиёти кишвари мо аз он чумла пойтахт як навъ печидагиро ба миён овардааст, назорати хамин соха аз чониби чанд макоми гуногуншаклу мухталиф аст. Бубинед, ки коидахои харакатро дар рох БДА назорат мекунад, ичозатномадихиро макоми дигар амали месозад, хукмро барои чаримахо суд содир мекунад, хатсайрхоро чамъиятхои алохида рохбари ва танзим мекунанд, ки асосан тичоратианду максадашон ба даст овардани даромад аст, назорати видеоии роху равон кардани расиди чаримаро маркази дигаре ба душ дорад, мошинхои мусофиркаши бошанд, харчанд дар кадом чамъият сабт шуда бошанд, хам кариб хама хусуси хастанд…..Хис мекунед, ки инчо чи гуна печидаги мавчуд аст!?
Шояд сабаби асосии мушкил будани танзими наклиёт ва мусофиркаши хам хамин бошад…..
Пешниходи ман ин дафъа вобаста ба хуччати ронандаги ва гирифтани он аст, ки хайёл мекунам заминаи асоси барои хама гуна холатхои ногувори болои аст. Фикр мекунам, ки махз додани хуччати ронандаги дар кишвари мо бояд танзим карда шавад. Ин шояд аз лихози иктисоди каме таъсири манфи дошта бошад, вале бо назардошти он ки ягон чиз кимматтар аз чони инсон ва сихатии у нест, мешавад, ки ин пешнихдро чори кард. Ман пешниход мекардам, ки барои гирифтани хуччати ронандаги дар кишвар ЛИМИТ чори шавад, яъне пешаки мукаррар карда шавад, ки барои имсол дар тамоми кишвар факат, масалан 2000 хуччати ронандаги дода мешавад. Имтихон бошад, барои гирифтани он дар шакли электрони (тести) ва дахони баргузор шуда, тарики ТВ ва ё шабаки алохидаи интернети дар режими онлайн пахш шавад. Яъне, мардум бинад, ки чи тавр довталабони хуччати ронандаги имтихон месупоранд ва гуна сохиби хуччат мешаванд. Хамчунин дар кишвари мо тачрибаи махрум кардан аз хукуки ронандаги барои якумри чори гардад. Масалан, агар садама талафоти чони надошт, ронанда дар катори чарима 1 сол аз хукуки рондани воситаи наклиёт махрум шавад, агар 1 талафоти чони дошт, 3 сол аз хукуки ронандаги махрум шавад ва агар талафот аз 3 тан бештар буд, он ронандаро, ки гунахкор аст, якумри аз хукуки рондани мошин махрум кунанд.
Гумон мекунам, ки он вакт хам садамахои маргбор кам мешаванд, хам ронандахои мо масъулиятшинос мегарданд, хам мо аз мактаб рафтану омадани кудаконамон нигарон намешавем ва хам аз саду як мушкилу холати ногувори ба роху наклиёт вобаста халос мегардем.

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: БДА, авария, авто, мусофирон, наклиёт, ронандахо, садамахо, чарима, шахри бехатар |










Добавить комментарий