Пешниҳод (15)

Иду ҷашнҳо дар кишвари мо дар қатори дигар интизориҳое, ки аз онҳо дорем (ва гоҳо бароварда мешаваду гоҳо не) як эҳсоси дигарро ҳам дар зеҳни мо устувортар мекунад, ки (ҳарчанд баъзе дуздиву азхудкуниҳои мо хеле дертар ошкор шавад ҳам) мо аз хеле барвақт одати дуздӣ (махсусан, дуздии моликияти зеҳнии дигарон)-ро доштаем. Ин одат ҳарчанд, ки аввалтар аз ҳама  аз камҳавсалагӣ, надоштани хайёлбофӣ, кам будани донишу савод ва кофӣ набудани истеъдод дарак бидиҳад, ба назар мерасад, ки кам-кам заминаро барои дуздиҳои бештар ва бадтар аз ҳама-шарм накардан аз ин ҳолат ба бор овардааст.  Иловатан он чизе аз моликияти зеҳнӣ, ки ким кадом нафар фикр кардаасту дар фазои маҷозӣ (интернет) паҳн шудааст, дар аксар маврид чизи бикру дилчаспу гуворову фавқулода аҷибу ғайриоддӣ нест. Ҳамин гуна ҷумлаҳои содда аст, ки касе онро ё тарҷума кардааст ва ё бо роҳи пушти ҳам гузоштани ҷумлаҳову маъниҳову андарзҳову суханҳои дигар тартиб додааст. Ба назар мерасад, ки баъди як соат аз ҳамон чанд ҷумлае, ки касе ба як дусту рафиқаш фиристод,  ҳазорҳо то нусхабардорӣ шуда, ба тамоми кишвар паҳн мешавад. Читать далее →

Пешниҳод (13)

Се-чор даҳсола қабл шояд касе фикр намекард, ки сарвари ширкату раиси коргоҳ чӣ ки бе маълумоти махсус ҳатто фурушандаи мағоза буда тавонад. Он замон мардум ба ҳадде тинҷу осуда буданд, ки дар мавриди хариду фуруш, арзонхариву қимматфурушӣ, бор овардану чизе ба куҷое бурдан қариб ки фикр намекарданд. Касе дастрасӣ ба васоити ахбори оммаи кишварҳои капиталистӣ дошт, адабиёт вобаста ба низоми тиҷорати бенақша ва бозориро хонда буд, касе имкон дошт ба он кишварҳо сафар кунад, шояд дар мавриди ширкатҳои хусусиву коргоҳҳои шахсӣ чизе медонист ва тасаввурот дошт.

Аммо мушаххас аст, ки мисли имрӯз ҳама дар мавриди савдову тиҷорату хариду фуруш фикр намекард. Ҳоло шояд ҳар дуюмин кас дар андешаи мағозаи худу нуктаи тиҷоратӣ, бизнесу савдову харидуфуруш  бошад. Бо дигар шудани сохтор, бо гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, бо ба даст омадани имконияти тиҷорат ҳар каси ҳатто камсавод ҳам, ки мавқеъ, истеъдоди корчалонӣ ва савдову бозордорӣ дошт, рӯ ба тиҷорат овард. Онҳое, ки ҳудуди сӣ сол пештар оғоз карда буданд, аксаран имрӯз хеле муваффақу комёб ва сарватманд ҳам ҳастанд. Чанд нуктаро вобаста ба доираҳои тиҷоратӣ бо чашми оддӣ ҳам дидан мумкин буд:  Читать далее →

Пешниҳод (11)

Ин ки санҷишу тафтишҳо дар субъектҳои хоҷагидори кишвари мо як мавзуъи дарднок аст, гапи нав нест. Аз онҳо на фақат соҳибкорону масъулоне метарсанд, ки кадом қоида ва тартибро вайрон кардаанд, балки ҳатто ҳамонҳое ҳам ҳарос доранд, ки кору фаъолияташон комилан дурусту қонунӣ аст ва агар кадом камбудие ҳам доранд, ҷузъӣ ва камарзиш аст. Ин ҳам гапи куҳна аст. Ҳоло андешаи он, ки “санҷишгарон ҳатман камбудӣ меёбанд…”,  масъулини ниҳоду коргоҳу ширкатҳоро ҳатто пештар аз оғози он санҷиш маҷбур мекунад ба қавли момаи Иззатмоҳ, ки “асошона ба рӯшноӣ бзананд…”

Мушоҳида мешавад, ки ҳоло ҳамон нозироте, ки санҷишашон на барои ҷаримаву бастани кадом ниҳод, балки  бояд фақат барои ошкору мушаххас ва бартараф кардани камбудӣ бошад, як навъ талош ҳам мекунанд, ки дар коргоҳу ширкатҳо онҳоро ба қавле “дигар хел” қабул кунанд ва ё аз онҳо тарсанд. Ба ҳар сурат ба назари ман ҳамин гуна метобад. Ин дар ҳолест, ки дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”  омадааст: Читать далее →

Пешниҳод (10)

          Ман фикр намекунам, ки дар кишвари мо комилан ҳама корро барои ба театр ҷалб сохтани мардум карда бошанд. Зеро ҳоло мардум ба театр на чандон таваҷҷуҳ доранд, ё худ таваҷҷуҳи мардум, махсусан насли ҷавон ба театру синамову ҳунармандӣ на ба он сатҳу дараҷае ҳаст, ки дил мехохад. Вале аз суйи дигар боз меандешам, ки “чаро моро бояд касе барои рафтан ба театр маҷбур кунад?” Воқеъан, ҳам агар волидон натавонистаанд дар замири фарзанду ҷигарбанди худашон меҳри ҳунару санъату саҳнаву театрро ҷо кунанд, агар муҳит ва фазои зисти касе фарҳангиву театрӣ набуд, агар он ҷавон худаш фаҳму дарки саҳнаву асарҳои бадеӣ ва офаридаҳои ҳунариро надорад, мешавад, ки ӯро маҷбурӣ бурда ба толори театр ворид карду ба умед шуд, ки у фарҳангӣ шуду босавод шуд?! Не, албатта!!! Агар дида бошед, маҳз ҳамин гурӯҳи ҷавонони маҷбурӣ ба театр оварда шуда ба актёрон дар иҷрои нақшҳо ва ба ду се тамошобини асили театр барои тамошои хубашон халал мерасонанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти