«Эхтимол чизхое бошад, ки онҳоро бо пул харида намешавад. Вале шумо боре ҳам кӯшиш кардаед, ки онҳоро бе пул ба даст оред?» — гуфтааст Огден Нэш
Чанд рӯз аст, ки мардум дар мавриди интиқоли пулӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон тариқи як системаи нав ва миллии интиқолӣ суҳбат дорад, ки Бонки Миллии кишвари мо дар тараддуди ташкили он будааст. Яъне, баъди пурра омода шудан тамоми интиқоли пулӣ ба кишвари мо бояд тариқи ҳамон маркази интиқоли пул сурат гирад. Бонки Миллӣ мақсади ин тасмимро фароҳам овардани интиқоли зуд, бехатар ва собити пул дар шакли ғайринакдӣ гуфтааст. Ин тасмим акнун баъди онест, ки мардум пулҳои интиқолии худро фақат бо асъори миллӣ ва бо қурби хамонрӯзаи пул мегиранд, дар харидории асъори хориҷӣ ва фиристонидани он ба берун маҳдудият доранд. Ин нақшаи Бонки Миллии кишвари мо филфавр дар ВАО русӣ нигаронӣ ва радду бадалҳои мухталиферо ба бор овардааст. Барои мисол, КОММЕРСАНТ навиштааст, ки баъди чанд рӯз ин система ба фаъолият шуруъ мекунад, аммо дар Бонки Миллии кишвари мо ин ҳолатро ба хабарнигорон шарҳ надодаанд ва то ҳамин лахзае ки ин мавод омода мешуд, дар сомонаи расмии Бонки Милии кишвари мо ягон маълумот дар ин бора мавҷуд набуд.
Мардуми мо як андоза аз пули интиқолии аъзоёни оилаи худ асосан аз ФР вобастагӣ доранд ва ҳама сола маблағҳои калоне тариқи системаҳои мухталифи интиқолӣ ба кишвари мо ворид мешавад. Дар болодарии филиалҳои бонкҳои гуногуни кишвари мо мавҷуд будани овезаҳои таблиғотии системаҳои гуногуни интиқолӣ то имрӯз нишони он буд, ки бонкҳо ва идораҳои бонкӣ аз ин ҳамкорӣ ба қавле манфиатдор буданд ва эҳтимол, ки ҳамон ороишотрову овезаҳои интиқолиро намояндагони худи системаи интиқолии русӣ аз ҳисоби худашон насб карда бошанд (ва шояд таъмири филиалу идораҳои хизмати бонкиро ба дӯш ҳам гирифта буданд)
Тавре ки ВАО кишвари мо менависанд, Бонки Миллии Тоҷикистон ба системаҳои интиқоли пулӣ нома фиристонида, аз ҳамин нақшааш онҳоро огоҳ кардааст. Ин ба ҳамин маъно аст, ки агар онҳо дар идома хоҳанд, ки дар интиқоли пул ба кишвари мо саҳм дошта бошанду аз ин кор манфиат ба даст оранд, бояд ҳатман узви Системаи миллии интиқоли пулии кишвари мо шаванд. Баъде ки аъзо шуданд, дар Бонки Миллӣ ҳисоб мекушоянд, онҷо маблағ мегузоранд ва баъд бо тартибе ки қабул шудааст, кор мекунанд. Яъне, хамон системаи русӣ бояд аввал пулҳои худро ба қадри талаботе, ки мавҷуд аст инҷо нигоҳ дорад ва баъд ба интиқоли маблағ машғул шавад. Ба пурсиши хабарнигори сомонаи Озодӣ аз Бонки миллӣ дар ҳамин масъала ҷавоб гуфта шудааст, ки «Дар робита ба он ки Маркази протсесингии миллӣ дар ҳолати таҳия қарор дорад, Бонки миллии Тоҷикистон аз шарҳи ин масъала худдорӣ менамояд. Дар ҳолати иҷрои бомуваффақи лоиҳаи мазкур, Бонки миллӣ маълумоти муфассалро ба ҷомеа мерасонад.»
Аммо дар хабари ВАО наомадааст, ки барои узви Системаи интиқоли миллӣ шудан, ширкатҳои дигаре, ки ба интиқол машғуланд, чӣ шарту талабот ва уҳдадориро бояд иҷро кунанд. Вале мушаххас аст, ки акнун даромаде, ки то ин вақт онҳо доштанд, як миқдор камтар хоҳад шуд. Намояндагони анҷумани миллии пардохтҳои Русия аллакай дар мусоҳибахои худашон гуфтаанд, ки ин тасмими Бонки Миллии кишвари мо ба бархе аз меъёрҳои қонунҳои русӣ мутобиқат намекунад ва ширкатҳо наметавонанд, ки онро иҷро кунанд. Дар он анҷуман изҳори тааҷҷуб кардаанд, ки ин новобаста ба он ки кишварҳои дунё системахои интиқоли пулии худро доранд, вале дар ин гуна холатҳо тасмимҳо бояд бо мувофиқа бо ҷониби дигар гирифта шавад. Намояндаи ин асосиатсияи русӣ вобаста ба мақсади ташкили ин гуна система, ки онро Бонки Миллии мо «фарохам овардани интиқоли зуд, бехатар ва собити пул дар шакли гайринақдӣ» гуфтааст, назари худро байён сохта, илова кардаанд, ки ширкатҳои интиқоли пулии онҳо то имрӯз ҳам бо риояи тамоми талаботи мавҷуда кор кардаанд ва амнияти молиявиро таъмин кардаанд.
Коршиносон ва муттахасисон ба ин назар ҳастанд, ки ҷорӣ шудани ин система шояд ба як андоза боло рафтани нархи хизматрасонӣ ва комиссияҳо оварда мерасонад, ки он аввалтар аз ҳама бар зарари муҳоҷирони кории мо аст, ки бе ин ҳам даромадашон дар чанд соли охир кам шудаасту ҳучӯҷҷатгузориву харҷашон зиёдтар. Гузашта аз ин ширкатҳои интиқолӣ аз ҳоло хавф доранд, ки шояд аз ин ба баъд пули интиқолӣ бо ҳаҷми муайян ва сари вақт ба дасти наздикони мизоҷ нарасад. Ва онҳо ҳам дар ин шакли нав ва бо системаи нав акнун тамоми ҳамин равандро худашон мустақилона назорат карда наметавонанд. Эҳтимол, ки сари вақт пардохт нашудани пули интиқолиро ширкатҳои интиқолӣ бори системаи мо ва муассисоти мо мекунанд, инҷо бошад, шояд баракс. Акнун суоле ки ба он чавоб додан ҳоло каме мушкил аст, ин аст, ки оё болоравии арзиши хизматрасониҳо сурат мегирад ё не ва бо назардошти ин худи муҳоҷирони корӣ хохиш доранд, ки пулҳои худро бо шарту шароити нав ба ватан фиристанд!?
Дар мавриди он, ки Бонки Миллиии кишвари мо аз ширкатҳои интиқоли пулӣ кушодани суратҳисобу гузоштани маблағро дар он талаб кардааст, ин чизи нав нест. Ҳанӯз моҳи апрели соли гузашта ин гуна талабот гузошта шуда буд, ки бигузор системаҳои интиқолӣ аз ҳамон суратҳисоб пулхои интиқолиро пардохт кунанд. Хамзамон се талаби асосӣ ҳам барои фаъолияти бемушкили он системаҳо мавҷуд аст, ки он дар ҳисоби худ доштани маблағи на камтар аз гардиши як рӯзаи интиқоли пулӣ, рейтинги устувории дараҷаи мушаххас ва суғуртаи пулҳои интиқолӣ дар яке аз ширкатҳои суғуртаи тоҷикистонӣ аст. Бонки Миллии кишвари мо ин тасмими худро он вақт бо ин асоснок карда буд, ки масъули манфиати бонкҳои Тоҷикистон аст ва намехоҳад ҳолате, ки баъди муфлис шудани ду системаи интиқоли пулӣ — МИГОМ ва ЛИДЕР ба миён омада буд ва бонкҳои кишвари мо зарар дида буданд, дубора такрор шавад. Гуфта мешуд, ки он вақт бонкҳои мо аз ҳисоби худашон пули интиқолии мардумро пардохт кардаанд ва аз системаҳои русӣ натавонистанд, ки пули худашонро бо ҳаққи хизмати бонкӣ бигиранд.
Ҳар чизе, ки ба интиқоли пулӣ вобаста аст, наметавонад барои мардуми мо чизи дуюмдарача бошад, зеро тибқи баъзе ҳисобҳо вазъи иқтисодӣ ва молиявии шояд ҳар чорумин оила дар кишвари мо аз ҳамин гуна пулҳои интиқолӣ вобаста бошад. Тибқи омори мавҷуда, ҳарчанд Бонки Миллии мо гуфта буд, ки дигар ин иттилоро расонаӣ намекунад, фақат соли гузашта муҳоҷирони кории мо аз ФР ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар ва дар се моҳи аввали соли равон 462 миллион доллар интиқол додаанд.
Расонаҳои русӣ бошад, дар шарҳи ҳамин хабар дар мавриди ташкили Системаи миллии интиқоли пулӣ дар Тоҷикистон мавод нашр карда, асосан онро на ба манфиати муҳочирони корӣ гуфтаанд ва ҳам гуфтаанд, ки шояд боиси он мешавад, ки системаҳои русӣ дар он ширкат намекунанд. Ин гуна эҳтимол албатта хеле кам аст, вале ба ҳар сурат дар бораи он дар ВАО русӣ навиштаанд. Онхо навиштаанд, ки ин система шояд аз 1-уми сентябр фаъол мешавад. Барои мисол, СПУТНИК навиштааст, ки агар қаблан бонкҳои Тоҷикистон бо системаҳои интиқоли пулӣ бевосита ва бе миёнарав кор мекарданд, акнун дигар онҳо корро ба воситаи Бонки Миллии Тоҷикистон ва зери назорати он муассиса бояд ба роҳ монанд. Расонаҳои русӣ ҳаҷми маблағҳои интиқолиро аз ФР ба Тоҷикистон то 37% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гуфтаанд. Дар ФР тибқи Қонун дар бораи «Системаҳои миллии пардохт» маркази ҳисоб барои тамоми операторони интиқоли пул метавонад ё Бонки Марказии ФР, ё Внешэкономбонк ва ё дигар ташкилот ё муассисаи қарзии ҳатман русӣ бошад. Муассисоти хориҷӣ, дар мисоли мо — Бонки миллии Тоҷикистон тибқи ҳамин қонуни федеролӣ наметавонад назораткунанда ва танзимкунандаи ин самт барои системаи интиқоли пулии русӣ бошад. Яъне, коршиносони ин соҳа дар ФР ба ин назар хастанд, ки ҳамин талаботи қонун намегузорад, ки системаҳои интиқолии русӣ узви Системаи интиқоли милии пули кишвари мо бошанд. Онҳо ба ин назар ҳастанд, ки ҳамин нукта метавонад боиси ихтилоф миёни намояндагони системаи бонкӣ ва интиқолии ҳарду кишвари шарики стратегӣ бошад….
Намояндагони системаҳои интиқоли пулӣ аз ФР то ин вақт дар бораи он фикр мекарднд, ки чаро пулҳои интиколии муштариёни онхо, агар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ки бошанд, дар ватанашон фақат бо пули миллӣ ва бо назардошти қурби расмии асъор дар ҳамон рӯз дода мешавад?! Вобаста ба ҳамин мавзӯъ на фақат Бонки Миллии Тоҷикистон аз додани шарҳи бештар худдорӣ кардааст, балки намояндагони системаҳои интиқоли пулии русӣ, мисли «Золотая корона», «Контакт», «Юнистрим» ва MoneyGram – ҳам ҳоло хомӯшӣ ихтиёр кардаанд. Ҳоло фақат гуфтаанд, ки онҳо ин тасмим ва ояндаи татбики онро ҷиддӣ омӯхта истодаанд. Вазорати молияи ФР ҳам саволи хабарнигоронро вобаста ба ҳамин мавзӯ ҳоло беҷавоб мондааст. Тасаввур кунед, ки агар дар тӯли то 2 хафтаи дигар системаҳои интиқолӣ ва бонки асосии кишвари мо ба хулосаи мушаххасу ба мувофиқа нарасанд ва худо нокарда он системаҳо як муддат интиқоли пулиро қатъ кунад, мушкил печидатар ва на ба манфиати мухоҷирони мову мардуми кишвари мо мешавад….
Акнун чанд ҷумла дар мавриди роҳҳои интиқоли пулӣ. Ҳоло роҳи стандартии интиқоли пулӣ – интиқол аз суратҳисоби бонкӣ аст. Он одатан камтар мавриди истифода аст, зеро барои он рақамхои зиёдро навишту рақами суратҳисоби гирандаи интиқолро оварду маълумотро вобаста ба бонк навишт, SWIFT-коду боз чанд протседураи дигарро бояд иҷро кард. Иловатан аксарияти онҳое, ки дар муҳочират дар ФР кор мекунанд, пули маоши худро нақдӣ мегиранд ва аз ин рӯ корти бонкӣ кушодан ва ташкили суратҳисобро зарур намедонанд. Дар утоқҳои онлайн ва ё саҳифаи бонкҳо опсияи махсусе ҳаст, ки ба воситаи он пул аз корт ба корт мегузарад. Ин барои муассиса ҳам қулай аст – комиссияи хуб дорад ва ҳам корманди бонк қариб ки ягон кор намекунад. Худи фиристонандаи интиқоли пулӣ худаш ҳама корро мекунаду ҳама рақамҳои заруриро мечинад. Интиқол аз корти комилан ҳамаи бонкҳои русӣ ба корти шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳамчунин аз ҳамёни вертуалӣ ҳам истифода бурдан мумкин аст. Интиқолдиханда онро дар Русия кушода, ба он аз суратҳисоби худаш пул мегузаронад. Баъд онлайн пулҳоро ба ҳамёни гирандаи интиқол мегузаронад. Комиссиси ин тартиб ё роҳи интиқол 7% аст. Яъне, каме гаронтар аст. Аввал барои интиқол ба онлайн ҳамён комиссия мегиранд ва баъд барои нақдӣ кардани пулҳои вертуалӣ.
Ҳоло хизматрасонии интиқоли пулӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли рушд аст. Барои ин кофӣ аст, ки маълумоти корти Visa ва ё Mastercard- худро дар саҳифаи махсус ворид кунед. Барои интиқол ҳатто номи пурра ва реквизити пурраи гирандаи интиқоли пулӣ ҳам шарт нест. Кофӣ аст, ки ҳаҷми ҳамон пули вертуалӣ дар пайёмаки инфиродӣ ба ӯ фиристонида шавад. Ин тартиб ҳоло машҳур ҳам набошад, умед аст, ки дар идома мавриди таваҷҷӯҳи бештар қарор мегирад. Зеро акнун системаҳои интиқолӣ кушиш карда истодаанд, ки ҳар гуна замимаҳои мувофиқ ва осони телефониро фикр кунанду амалӣ созанд, ки барои мардум ҳам осон аст, зеро дигар ба идораи бонк рафтан шарт намешавад.
Ягона бартарии интиқоли пулӣ ба воситаи бонкҳо ин аст, ки онҳо метавонанд якбора пулҳои хеле калонро ҳам интиқол диханд. Аммо системаҳои ғайрибонкии пардохтӣ аз он ҷиҳат қулай ҳастанд, ки тариқи онҳо интиқол осонтар аст, комиссия камтар аст, суръати интиқол баландтар аст ва аз ҳуҷҷатҳо фақат шиноснома даркор асту халос. Он хизматрасониҳо имкон медиханд, ки якбора то 500 хазор рубл ва ё 20 ҳазор доллари амрикоӣ интиқол дода шавад. Барои шаҳрвандони ФР бошад, дар як шабонарӯз то 5 ҳазор доллар аст. Комиссия барои интиқол бошад, 1% аст ва пулро дар фослаи то ним соат гирифтан мумкин аст. Аз ҷиҳати интиқоли пулӣ аз муҳоҷирони тоҷик бошад, Тоҷикистон баъди Узбекистон дар мақоми дуюм будааст.
Як каме болоравии қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ дар кишвар мавзӯи дигаре аст, ки мардум ва коршиносону иқтисоддонҳо ба он таваҷҷӯҳи бештар карданд. Сомонаи расмии ин мақом дар як шарҳ вобаста ба дурнамои сиёсати пулию карзии Тоҷикистон барои соли равон ва давраи миёнамӯҳлат аз ҷумла овардааст, ки Бонки Миллии Тоҷикистон дар соли 2019 сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфтаро, амалӣ карда истодааст. Яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани талабот ба доллари нақди ИМА, ин афзоиши тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад. Аз муроҷиати корхонаву ташкилотҳо ва истеҳсолкунандагони ватанӣ маълум мегардад, ки масъалаи норасоии асъори хориҷӣ яке аз мушкилоти асосии пешбурди фаъолияти самараноки онҳо гардидааст. Дар ҳаҷми пурра қонеъ нагардидани талаботи мизоҷон ба доллари ИМА аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, онҳоро маҷбур месозад, ки бо мақсади нагирифтани зарар аз фаъолият ба бозори ғайрибонкии асъор рӯ оваранд.Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорат қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода хоҳад бурд»
Хулоса, дар ҳошияи боло рафтани нархи баъзе намуди маҳсулоти ниёзи аввалия, дар ҳоли боло рафтани арзиши чиптаҳои тайёра ба самти Русия дар арафаи соли нави тахсил ва ба тадриҷ баргаштани муҳоҷирони корӣ, як каме боло рафтани қурби расмии доллари амрикои нисбат ба сомонӣ – ташкили Системаи миллии интиқоли пулӣ акнун руйдоди дигари муҳиме хохад буд, ки ба ҳар сурат ба натичабахш будани он ва муҳимтар аз ҳама ба манфиати мардуми оддӣ будани он мо хеле мехостем, ки бовар кунем.
PS: Ба муҳим будани ин мавзӯъ ман ҳамон вақте бовар кардам, ки чанд иқтисоддон аз гуфтани назараш дар ин бора худдорӣ кард. Агар хулосаи хамаи онҳоро ҷамъ кунему бо як ҷумла ифода кунем, тахминан ин аст, ки «биё, ака, ин мавзӯ қати ғаммон нате….»

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: банк, бонки милли, денежный перевод, интиқоли пулӣ, кредит, мардуми оддӣ, муҳоҷират, муҳоҷирон, пул, системаи интиқоли пул |










