Ҷойи сӯҳбатҳои нотамом

Ин ҷо гӯё монанд аст ба як нафас будан дар погаҳи дари дунё то рафтан ба истгоҳи дигар ё дунёи дигар. Ҳаминҷо мисли он, ки анъанаи ин дунё аст, нафасҳо пештар аз сафарҳои дуру дароз як бори дигар рост мешавад. Мусофирон гӯё бори охир сӯйи деҳа ва кулбаи лойини худ назар мекунанд, аз ҳамин ҷо барои гирифтани кадом молу ашёи фаромӯшкардаашон бармегарданд, сагҳои аз пушташон то инҷо омадаро ба хона пеш мекунанд, кӯдакони хурдсоли худро, ки барои ҳамраҳӣ гиря доштанд, бо ширинӣ ё чанд танга ва ё ҳатман бо ҳарфи дурӯғе бозпас мегардонанд…

Ва маҳз ҳамин ҷо дида ба дидори сафаракиҳои дигар мерасад, тӯшаи роҳи онҳоро бо таличаи худатон муқоиса мекунед, аз либосҳои аксаран зебо ва гоҳ ҷандаи тани мусофирон фикрҳое ба саратон меоянд, мебинед, ки мардумон дар сафарҳо кӣ ва чиро ҳамроҳ мегирифтаанд, мебинед, ки мусофирон пештар аз омадани воситаи интиқолашон ба ҷои дигар чӣ гуна пулҳои қатшудаву шикаставу аз арақи кафи даст тару беҳолро аз панҷаҳо раҳо кардаву барои ҳисобӣ омода мешаванд ва дар идомаи ҳамин хаёл дарк мекунед, ки касоне ҳам кам нестанд, ки дар ҳамин нукта охирин пулҳои доштаи худро, охирин тангаҳои худро баргашта ва ба такрор шумурдаву бо алам ба кафи дасти кадом пулчинаке ё ронандае медиҳанд…

Читать далее →

Андар боби системаи миллии интиқоли пул

«Эхтимол чизхое бошад, ки онҳоро бо пул харида намешавад. Вале шумо боре ҳам кӯшиш кардаед, ки онҳоро бе пул ба даст оред?» — гуфтааст Огден Нэш

     Чанд рӯз аст, ки мардум дар мавриди интиқоли пулӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон тариқи як системаи нав ва миллии интиқолӣ суҳбат дорад, ки Бонки Миллии кишвари мо дар тараддуди ташкили он будааст. Яъне, баъди пурра омода шудан тамоми интиқоли пулӣ ба кишвари мо бояд тариқи ҳамон маркази интиқоли пул сурат гирад. Бонки Миллӣ мақсади ин тасмимро фароҳам овардани интиқоли зуд, бехатар ва собити пул дар шакли ғайринакдӣ гуфтааст. Ин тасмим акнун баъди онест, ки мардум пулҳои интиқолии худро фақат бо асъори миллӣ ва бо қурби хамонрӯзаи пул мегиранд, дар харидории асъори хориҷӣ ва фиристонидани он ба берун маҳдудият доранд. Ин нақшаи Бонки Миллии кишвари мо филфавр дар ВАО русӣ нигаронӣ ва радду бадалҳои мухталиферо ба бор овардааст. Барои мисол, КОММЕРСАНТ навиштааст, ки баъди чанд рӯз ин система ба фаъолият шуруъ мекунад, аммо дар Бонки Миллии кишвари мо ин ҳолатро ба хабарнигорон шарҳ надодаанд ва то ҳамин лахзае ки ин мавод омода мешуд, дар сомонаи расмии Бонки Милии кишвари мо ягон маълумот дар ин бора мавҷуд набуд.  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти