Андар боби системаи миллии интиқоли пул

«Эхтимол чизхое бошад, ки онҳоро бо пул харида намешавад. Вале шумо боре ҳам кӯшиш кардаед, ки онҳоро бе пул ба даст оред?» — гуфтааст Огден Нэш

     Чанд рӯз аст, ки мардум дар мавриди интиқоли пулӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон тариқи як системаи нав ва миллии интиқолӣ суҳбат дорад, ки Бонки Миллии кишвари мо дар тараддуди ташкили он будааст. Яъне, баъди пурра омода шудан тамоми интиқоли пулӣ ба кишвари мо бояд тариқи ҳамон маркази интиқоли пул сурат гирад. Бонки Миллӣ мақсади ин тасмимро фароҳам овардани интиқоли зуд, бехатар ва собити пул дар шакли ғайринакдӣ гуфтааст. Ин тасмим акнун баъди онест, ки мардум пулҳои интиқолии худро фақат бо асъори миллӣ ва бо қурби хамонрӯзаи пул мегиранд, дар харидории асъори хориҷӣ ва фиристонидани он ба берун маҳдудият доранд. Ин нақшаи Бонки Миллии кишвари мо филфавр дар ВАО русӣ нигаронӣ ва радду бадалҳои мухталиферо ба бор овардааст. Барои мисол, КОММЕРСАНТ навиштааст, ки баъди чанд рӯз ин система ба фаъолият шуруъ мекунад, аммо дар Бонки Миллии кишвари мо ин ҳолатро ба хабарнигорон шарҳ надодаанд ва то ҳамин лахзае ки ин мавод омода мешуд, дар сомонаи расмии Бонки Милии кишвари мо ягон маълумот дар ин бора мавҷуд набуд.  Читать далее →

Пешниход (5)

Як вакт агар касе мегуфт, ки аз ким кадом куттии канори рох пул гирифтан мумкин аст, мо аслан уро аз акл бегона мепиндоштем. Аммо имруз ин чиз комилан мукаррари аст ва банкоматхову терминалхо мавриди истифодаи мардум карор дорад. Имруз хатто нафакагирон низ нафакаи худро ба воситаи кортхои бонки аз банкоматхо мегиранд. Аввалтар аз хама мехостам, ки дар бораи  коидахои истифодаи банкоматхо чанд бандро пешниход созам: Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти