Қонуни авф. Ҷамоати Эсанбой ва шодии мардум

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз ҷониби Президенти кишвари мо 18-уми декабри соли 2019 таҳти рақами 1652 ба имзо расид. 

Аввалтар аз ҳама бояд дарк кард, ки худи АВФ дар ин қонун чӣ маънӣ ва мафҳум аст? Авф – ин аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ озод кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони  бешаҳрванди давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ барои риоя накардани тартиби истиқомат дар Тоҷикистон ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Тоҷикистон аст. Иловатан тибқи ҳамин қонун шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд  ҷазо дода намешаванд.

Қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бошад, раванди бақайдгирӣ, додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Тоҷикистон тавассути гувоҳномаи истиқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде аст,  ки ба таври ғайриқонунӣ дар кишвари мо истиқомат доштанд.

Муҳлате ки бо ин мақсад қонуни мазкур барои ин гуруҳи  шахсон муқаррар кардааст, се солро аз рузи нашри ҳамин қонун дар бар мегирад.

“Ин қонун озодсозиро аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои вайрон кардани қоидаҳои зист ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Ин яке аз кафолатҳои асосии ҳамин қонун аст”- мегӯяд Ҷомӣ Мирзозода, сардори шуъбаи шаҳрванди ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавӣ ва ба қайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Яъне, ин ба ҳамин маъно аст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тибқи ҳамин  қонун акнун метавонанд, ки статуси ҳуқуқӣ ва зиндагии худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе татбиқшавии ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ қонунӣ бигардонанд.

Дар аввали ин мақола мо чанд нуктаи муҳимро аз қонуни мазкур бароятон пешниҳод мекунем, ки донистани онҳо хеле зарур аст.

  • Ин авф ба ҳамон гуруҳи шахсоне дахл дорад, ки зодаи ин ё он кишвари собиқ шуравӣ аст ва то санаи 31-уми декабри соли 2016 ба ҳудуди кишвари мо ворид шудаанд;
  • Амали ин қонун фақат ба ҳамон гурӯҳи шахсоне татбиқ мешавад, ки бешаҳрванд буда, дорои гувоҳномаи иқомати давлати хориҷианд ва муҳлати эътибори он гузаштааст, шахсоне, ки ҳамин гуна гувоҳномаро гум кардаанд, шахсоне, ки ин гуна гувоҳномаи онҳоро аз ҷониби ҳамон давлати хориҷӣ гирифтаанд, шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди собиқ ИҶШС доранд ва ё ҳамин гуна шиносномаи худро гум кардаанду дар баробари шаҳрванди Тоҷикистон набудан, шаҳрванди давлати хориҷӣ ҳам нестанд, шахсоне, ки замони шуравӣ  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият нагирифтаанд, шаҳрванди ягон давлати хориҷӣ нестанд, шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мансубият ба давлати хориҷиро надоранд, муҳлати амали ҳуҷҷатҳояшон тамом шудааст ва ё ҳуҷҷатҳояшон беэътибор дониста шудааст, шахсоне, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон  бо шиносномаи эътибордоштаи давлати хориҷӣ зиндагӣ мекунанд ва наметавонанд раводиди кишвари моро дастрас кунанд, шиносномаи худро ба қайд гузоранд ва ҳуҷҷатҳои худро барои иқомати доимӣ пешниҳод кунанд;

Қонунгузории ҷорӣ дар мавриди шахсоне ҳам овардааст, ки ҳамин қонун нисбат ба онҳо татбиқ намешавад. Ин шахсоне, ки маълумоти бардуруғ ва ё ҳуҷҷатҳои қалбақӣ пешҳниҳод мекунанд, узви ҳизбу ташкилоте ҳастанд, ки фаъолияти он дар ҳудуди Тоҷикистон манъ аст ва ё бо асосҳои дигар таҳти таъқиби ҷиноӣ қарор дошта ё дар шакли маҳрумӣ аз озодӣ адои ҷазо карда истодаанд.

Вобаста ба тартиби қонунигардонии мақоми ҳуқуқии ин гуруҳи шаҳрвандон бошад, бояд гуфт, ки он раванд бо роҳи бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои истиқомати доимӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва ба даст овардани гувоҳномаи иқомат сурат мегирад. Ин гуруҳи мардум бояд ба мақомоти мазкур бо аримза муроҷиат кунанд. Баъди қабули ариза ба шахс дар бораи тасдиқи ба қайдгирии онҳо маълумотнома дода мешавад.

 Тачриба нишон медиҳад, ки баъзе шахсоне, ки ба ин гуруҳ шомил ҳастанд, ягон намунаи ҳуҷҷатҳоро надоранд. Пас онҳо бояд чӣ кор кунанд? Дар ин ҳолат мақомоти корҳои дохилӣ барои ҷамъоварӣ ва гирифтани маълумот аз ҷойи таваллуди шахси аризадиҳанда, ҷойи буду бош ё ҷойи истиқомати охирини ӯ инчунин аз давлате ки волидони ӯ ва ё ду аъзои оилаи ӯ шаҳрвандии он давлатро соҳибанд, силсилаи чораҳо ва тадбирҳоро меандешад.

Акнун кутоҳ дар бораи он хоҳем гуфт, ки аризадиҳанда дар доираи ҳамин қонун чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро бояд ба мақомоти дахлдор пешниҳод кунад:

  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи СССР, гувоҳномаи истиқомат, шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ, маълумотнома дар бораи гум шудани ҳуҷҷатҳо);
  • Шаҳодатномаи сабти никоҳ (агар дошта бошад);
  • Шакли пурраи тарҷумаи ҳол;
  • Шиносномаи шавҳараш (агар бошад);
  • Шаҳодатномаи таваллуди фарзандонаш (агар дошта бошад);
  • Маълумотнома аз ҷойи истиқомат, муҳлати иқомат, масоҳати замини ишғолкарда барои ҳавлӣ, шумораи дар қайди ҳавлӣ будаҳо);
  • 6 дона сурати андозаи 3,5 ба 4,5;

“Вақте ки шахс наметавонад ягон номгӯйи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худро пешниҳод кунад, он вақт мақомоти корҳои дохилӣ чораҳои мушаххасеро барои ҷамъоварии маълумот ва иттилоъ аз ҷойи таваллуди аризадиҳанда, ҷойи буду боши охир ва ҷойи охири зисти ӯ, ҳамчунин аз давлате, ки ягон аъзои оилаи ӯ, волидони ӯ  шаҳрванди он давлат мебошанд, барои муайянкунии шахсияти ӯ ва мансубияташ ба шаҳрвандии давлати хориҷӣ амалӣ мекунанд”-мегуяд Наҷиба Ширинбекова, Директори ТҶ “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ”

Бо назардошти он, ки аксарияти ҳамин гуруҳи мардум, ки шомили қонуни мазкури авф мешаванд, дар манотиқи сарҳадӣ ҳастанд, мо як сафари кутоҳе доштем ба ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ки 150 км дуртар аз Душанбе ҷойгир аст. Деҳаҳои “Гули бодом” ва “Чангоб” –и ин ҷомоатҳоро фақат дарёи Кофарниҳон аз ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистон ҷудо мекунад. Мардумоне, ки ин ҷо зиндагӣ мекунанд асосан чорводору кишоварз ҳастанд. Қаҳрамони аввали мо апаи Ҳурмат, ки чанд моҳ пештар ҳатто писари худро оиладор карду акнун келиндор ҳам ҳаст, ғайриқонунӣ дар ин ҳудуд чандин сол аст, зиндагӣ дорад. Муҳаббату дӯстдорӣ ва ишқи ҷавонӣ боиси он шуд, ки ӯ бо як хеши худашон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рудакии Тоҷикистон ҳамхона шавад ва соҳиби чор фарзанд гардад. Як вақт онҳо имкон доштаанд, ки ба дидорбинии волидону наздиконашон ба кишвари ҳамсояи Узбекистон бираванд, аммо чандин сол, аст, ки бо баста шудани сарҳадҳо онҳо аз ин гуна имконият маҳруманд. Бо роҳҳои дигар рафта наметавонанд, зеро ки ҳуҷҷати тасдиккунандаи шахсият надоранд. Набудани ҳуҷҷат ҳамин солҳо сабабгори он шуда аст, ки қаҳрамони мо ҷойи кори расмӣ ҳам надошта бошад. Ин гуруҳи мардум, ки дар манзили раиси маҳалла вобаста ба масъалаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҷамъ омада буданд, аз қабули қонуни мазкурхеле хурсанд буданд ва ҳатто ашки шодӣ мерехтанд.

Қаҳрамони дигари мо аз деҳаи “Гули бодом” бо ашки қатор  нақл кард, ки модари худро бештар аз 6 сол аст, ки надидааст. Фарзандони хурдиаш ҳарчанд ба сини мактабӣ мерасанд, ҳанӯз ҳам ҳуҷатти таваллуд надоранд. Хамсараш дар бозор аробакаш аст ва аробаи зиндагиро ҳам ӯ танҳо мекашад. Бинобар сабаби набудани ҳуҷҷати расмӣ ва ҷойи қайд барои ӯ дар ҳоли доштани хоҳиш ҳам ҷойи кории расмӣ пайдо намешавад. Ҳамаи ин занҳоро набудани ҳуҷҷат, мушаххас набудани мавқеъи шаҳрвандиашон, ояндаи фарзандонашон, қисмати баъдинаи  худашону вазъи нафақаашон ба ташвиш меорад.

Ҳолатҳои бе ҳуҷҷат мондани мардум, ки аксарият занону кӯдаконанд дар ин ҳудуд гуногун аст. Баъзеҳо ба ин деҳаҳо келин шуда омадаанд ва ҳуҷҷати доштаашон аз кишвари ҳамсоя дигар муҳлати эътибор надорад, баъзеҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро тамоман надоранд, баъзеҳо як муддат замони даргириҳо дар кишвари мо ба кишвари Узбекистон рафтаву онҳо зиндагӣ карда дубора баъди оромиҳо бозгаштаанд ва мақоми худро натавонистаанд, ки қонунӣ гардонанд, баъзеҳо аз ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти кишвари мо додааст, фақат ҳуҷҷати ақди никоҳ доранду халос. Баъзе занон афсус аз он мехурданд, ки бо сабаби надоштани ҳуҷҷат  натавонистаанд, ки ҳатто дар рӯзи дафни волидону наздиконашон ҳам дар он суйи Кофарниҳон ширкат кунанд…

Муҳимтарин чизе, ки аз суҳбати онҳо дарк шуд, ин аст, ки ҳамаи онҳо мехоҳанд, ки ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи шахсиятро аз кишвари мо ба даст оранд, яъне онҳо ҳатто орзӯ доранд, ки баъди гузаштани расмиёти мазкур дар доираи ин қонун соҳиби шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд. Ба саволи мо дар мавриди аввалин тасмимашон баъди гирифтани ҳуҷҷат ҳамаи онҳо – дидорбинӣ бо волидонашону пайвандонашро гуфтанд. Ҳарфи сипос ва меҳрубонӣ нисбат ба ин иқдоми бесобиқаи Президенти кишвари мо ҳам аз забони ҳар кадом бошандаи ин ҷамоат, ки акнун аз қонуни мазкур баҳравар мешавад, садо медод…

Чизи умедворкунанда ҳамин буд, ки созмону ташкилоти байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар доираи лоиҳаҳои мушаххасе бо ин гуруҳи мардум дар навоҳии таҷрибавӣ  кор мекунанд, алакай ба натиҷаҳои назаррасе расидаанд. Онҳо қисме аз хароҷотеро, ки ин раванд барои аризадиҳанда дар пай дорад, ба ӯҳдаи худ ҳам гирифтаанд. Барои мисол, мардуми ниёзманде, ки дар доираи қонуни мазкури авф мехохад, мақоми худро қонунӣ гардонад, метавонад дар пардохти боҷи давлатӣ барои ин кор аз кӯмаки ин гуна созмонҳо баҳравар шаванд.

Хизматрасонии мақомоти давлатӣ ҳангоми ба қайдгирӣ, пешниҳоди машварат, мусоидат ба муайянкунии шахсияти шахс ройгон, яъне бе пул аст. Фақат барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозати зист пардохти боҷи давлатӣ бо андозаи муайянкардаи қонун зарур мешавад.

Дар кори татбиқи ин қонун Хадамоти шиносномавиб бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии  Вазорати Адлия,  ҳукуматҳои маҳаллӣ, ҷамоатҳо, ташкилоти ҷамъиятии  ватанӣ — “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” ва  “Чашма” бо дастгирии намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар кишвари мосаҳмгузорӣ мекунанд.

Барои шахсоне, ки зери таъсири ин қонун қарор мегиранд, хати телефонии ҳамешафаъол таъсис дода шудааст, ки 8877 аст. Ба он рақами кӯтоҳ аз дилзоҳ рақами операторони алоқаи кишвари мо  занг зада, шумо метавонед  вобаста ба мавзӯи қонунгардонии мақоми ҳуқуқии шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд кӯмаки ройгони ҳуқуқиро ба даст оред.

Аз ин фурсат бояд самаранок бурд ва фаромуш накард, ки ин Қонун якдаъфаина буда,  муайянсозӣ ва қабули аризаҳо оид ба бақайдгирии вазъи ҳуқуқии шахсоне, ки таҳти амали Қонун фаро мегиранд, то санаи 25 декабри соли 2022 гузаронида мешавад.

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти