Ҳамин андеша ким-кай — вақти тамошои як гузориши телевизионӣ дар зеҳнам пайдо шуда буд. Ҳамон вақте ки дар гузориш муаллиф мегуфт, ки дар ким-кадом маҳаллаи шаҳри Душанбе як сехи пинҳонии истеҳсоли машруботро ошкор кардаанд. Дар охири гузориш ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳамаи он шишаҳои шароб ҳатман нест карда мешаванд. Вале ман ҳамчун бинанда, истеъмолкунанда ва як шаҳрванд (на чун муҳаррир, сармуҳаррир, Директори барномаҳои радио) тамоман аз он гузориш қаноатманд набудам. Ман албатта аз рӯйи таҷрибаву кору фаъолиятам медонам, ки ҳар як ҳамон гуна гузориш чандин карат бозбиниву таҳриру қайчӣ мешавад, вале дар ҳамин гуна гузоришҳо ва рейдҳо ман ҳамон пайёми асосӣ ва аз ҳама муҳимро намебинам ва намешунавам. Поёнтар хоҳам гуфт, ки чӣ пайём аст он?
Мақсади ҳамон гуна рейд ва санҷишҳо албатта ошкор кардани ҳолатҳои фаъолияти ғайриқонунии баъзе ашхосу гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ба мардум намоиш додани ҳолати бебақо будани пулҳои ғайриқонунӣ ба даст омада ва торик будани роҳи каҷ аст. Ба ҳар сурат ман ҳамин гуна фикр мекунам. Ин гуна гузоришу намоишҳо ҳатман бояд ба зеҳни мардум таъсир расонад ва онҳоро аз роҳи кач баргардонад. Иловатан барои гурӯҳи дигари мардум бояд иттилоъи бештар, маълумоти зарурӣ ва муфид бидиҳад. Барои мисол, агар дар ТВ нишон доданд, ки фалон маҳсулот қалбакӣ ва бесифат аст, мо дигар ҳамонро намехарем. Ин гуна гузориш ҳам бояд барои он бошад, ки ҳамон намуди тиҷорати ғайриқонунӣ мизоҷони худро гум кунад, аз боварии мардум берун шавад ва аз миён биравад. Зеро молу маҳсулот ва хизматрасонии он ғайриқонунӣ, хавфнок ва ҳатто марговар буда метавонад.
Барои мисол, дирӯз дар ТВ нишон доданд, ки чӣ гуна ду кас аз “соҳибкорон”-и беинсоф ва бесавод гӯшти каллаи говро, ки ким кайҳо муҳлати истифодааш гузашта буду кирм зада буд, ба соҳибкороне аз Душанбе фурухтанӣ шудаанд. Дар гузориш гумонбар гуфт, ки як бор аллакай чандсад килло гӯшти ҳамин гуна бадбӯ ва бесифатро ба Душанбе равон кардааст. Инҷо бо он гӯшти кирмзада самбусаву сихкабоб мепухтаанд (!)
Бояд иқрор шуд, ки ҳамон гӯшти каллаи гов дар вақти нав забҳ шудани гов ҳам он қадар гӯшти дилкашу босифату хурданбоб нест. Чӣ расад ба ҳамин гуна гӯште, ки моҳҳо дар шароити ғайри санитарӣ нигоҳ дошта шуда, пур-пури кирм аст! Ин гуна ба қавле “ҳамкорӣ”-и “соҳибкорон”-и Суғду Душанбе бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад.
Мисли ҳамон гузориши дигари ТВ-ӣ, ки ким-кай тамошо карда будам, дишаб аз дидани ин гузориш ҳам на фақат қаноатманд нашудам, балки ҳатто ба ғазаб омадам, ки чӣ гуна мумкин аст ин гуна гузоришҳоро бе ҳамон пайёми асосиаш пешниҳод кард? Чанд саволе дар баробари дидани он гузориш пайдо шуд, ки инак шумо ҳам бихонед:
- Чаро дар масъалаи пули барқи он манзиле, ки мисли як фермаи чорво истифода мешудааст, чизе гуфта нашуд? (шумораи яхдонҳо дар он хона хеле зиёд буд ва ин ҳатман бояд таваҷҷӯҳи гузоришгарро ҷалб мекард)
- Чаро вақте гумонбар гуфт, ки як партияи ҳамин гуна гӯштро ба Душанбе фиристонида буданд, дарҳол ҳамон соҳибкори душанбегӣ нишон дода нашуду суҳбати ӯро надидем?
- Ба кадом ошхона ё самбӯсахонаи Душанбе ва ё ноҳияҳои тобеи марказ он гӯшти кирмдорро оварда будаанд? Кӣ бо он самбусаву сихкабоб пухта будааст?
- Чаро нишон дода нашуд, ки он гӯшти кирмдор маротибаи аввал аз роҳи дуру дарози Хуҷанд то Душанбе чӣ гуна гузашту омад, ки онро ягон корманди БДА, корманди “карантин” ва ё мақомоти дигар надид?
- Чаро ҳамон нуктаи фуруши самбуса ва сихкабоб нишон дода нашуд, ки мардум дигар ба онҷо наравад?
Маротибаи аввал ҳам вақте ки ман гузоришеро дар бораи кашфи як сехи пинҳонии шароб тамошо кардам, зиёд интизор шудам, ки ҳоло муаллиф ва ровӣ ҳатман навиштаи танаи шишаҳои арақи бесифатро нишон дода, мегуяд, ки “мардум, ана ҳамин гуна арақро агар дар дӯкону мағозаҳо дидед, фаҳмед, ки ин қалбакӣ аст, нанӯшед ва ҳатман мақомотро огоҳ кунед…” Аммо ин тавр нашуд. На ровӣ номи он шишаҳои арақи бесифатро гуфт ва на оператор онро нишон дод….
Муаллифони азиз, шумо дуруст мекунед, ки ин гуна ҳолатҳоро расонаӣ мекунед ва дар ТВ нишон медиҳед, вале пайёми асосиро ҳам дар охири гузоришатон фаромӯш накунед. Ҳатман ба мардум гӯед, ки он моли бесифати шумо кашф карда чӣ ном дошт ва дар куҷоҳо фурӯхта мешуд, то мардум дар борааш маълумот дошта бошад ва онро нахарад.
Таҷрибаи дигаре, ки муаллифон метавонанд ба хотири боварии бештари мардум ба он рӯ биёранд, такроран санҷиш кардани ҳамин гуна ҷойҳо ва нуқтаҳо баъди як муддати вақт (4 моҳ, 6 моҳ, як сол) аст. Он вақт боварӣ бештар мешавад ва қаллобу мардумфиребон дарк мекунанд, ки ин гуна ҷинояти худро наметавонанд такрор кунанд, зеро ТВ ва Радио онро пайгирӣ мекунад, ҷомеа дар ин бора маълумот дорад ва кирдори бешарафонаи онҳоро фаромӯш накардааст.
Иловатан, агар воситаҳои ҷиноят (мисол, мошин) аз онҳо тавре ки қонунгузориҳо ҳам онро дар вақти қочоқ пешбинӣ кардааст, мусодира шавад, ҳамаи иштирокдорони ин занҷираи ҷиноӣ (духтурони санитарӣ, нозирони роҳ, масъулони карантин ва мисли инҳо) муҷозот шаванд, ҳамон нуқтаи ғизо (ошхона ва сихкабобхона) комилан баста шавад, ҳамин ҳолат то рафтани кори онҳо ба дасти суд нишон дода шавад, боварӣ ҳаст, ки таъсирбахштар шуда, ба манфиати миллат ва мардум мешавад. Будани ошхона албатта аз нигоҳи иқтисодӣ муҳим аст (ҷойи корӣ ташкил мекунад, андоз месупорад), вале ҷони инсонҳо, сиҳатии мардум ва миллат ба назари инҷониб муҳимтар аст.
Чизи дигаре, ки маро на камтар аз мавзуъи болоӣ ба ташвиш меорад, бесаводии баъзеҳо аст. Чӣ гуна мумкин аст, ки маҳсулоти вайрону буйгинро ба мардуми худат бо пул пешниҳод кунӣ, кӣ бояд бошӣ, ки сиҳатии мардум бароят бефарқ бошад, чӣ пӯсти рӯву чашму ақлу фаросат бояд дошта бошӣ, ки оқибати ногувори ин ҳолат пеши рӯят наояд, чӣ гуна бояд аблаҳ бошӣ, ки аз қонун, ҳукм, додгоҳ ва аз рӯзи ҷазо (ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё) натарсӣ?? Хаёлам, ки ин нотарсӣ нест – вақте ки хираду ақл кӯтоҳӣ мекунад, дигар он тоифа мардум қобилияти баркашидани дурустӣ ва нодурустии амалу рафтор ва ҳаракатҳои худро надоранд. Ва ҳам ин нишон медиҳад, ки аксарияти онҳое, ки сиҳатии мардум ба онҳо бовар карда мешавад (духтурони санитарӣ, мақомоти назорату стандарт, нозирони мухталиф, масъулони идораҳои беҳдошти ғизо, нозирони минтақа ва мисли инҳо) дар кори ҳаррӯза ва вазифаи ҷонии худ бепарво ҳастанд. Бепарвоӣ ҳам ба назари ман ҷинояти сахте аст. Агар онҳо бепарво намебуданд, ҷинояти фуруши гӯштҳои кирмзадаи каллаи говҳоро (дар вилояти Суғд) на мақомоти амният, балки бояд онҳо ким- кай мекушоданд. Пешгирии ин ҳолат вазифаи ҷонии дигарҳо буд, ки мутаасифона иҷронашуда монд.
Худо нигаҳбони мардуми оддӣ (кампул, пуртаҳаммул, оромтабиат…) бошад, ки ҳар тоифае аз савдогари қаллобу соҳибкори фиребгару муфтхӯр ва дузду раҳзан, ки фаъол шавад, ситамашро маҳз ҳамин мардум мекашад. Нархи ҳама молу маҳсулот, ки хоҳ табиӣ ва ё хоҳ сунъӣ боло шавад, ҷабру гарониашро ҳамон гурӯҳи мардум мекашад…
Аҷибу ҳайратовар ва ҳам аламовар он аст, ки ҳамин гуруҳи савдогарону тоҷирону соҳибкорону мардумони қаллоб (мисли гӯшти калла фурушону ошпазҳои беинсоф)-ро тавре ки ман хеле боз мушоҳида мекунам, на ҷаримаву ҷазо дарс мешавад ва ҳатто на маҳбасшавии худашону дигарон. Ин ҳама фишангу омилҳои замонавӣ ва дунявӣ чӣ, ки ҳамин тоифаро ҳатто ҳарфи Қуръону ҳадису амри маъруфҳое, ки гӯш мекунанд (шояд аз он, ки дониши кам доранд, саводу илми кофӣ надоранд, қадри миллату сарзамину ҳамватанонро намешиносанд, қалбу забонашон бо ҳам як нест ва маънии он суханҳоро амиқан дарк намекунанд!), мутаасифона ба роҳи рост набурдааст….

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: гушти вайроншуда, гӯшти гов, гӯшти кирмдор, маҳсулоти гӯштӣ, сихкабоби Хуҷандӣ, тазод, шашлик, қассоб |










100% бо Шумо розӣ акаи Субҳон.Ин гуна гузоришро нопурра мегуянд.
Баъзан бо айби сармуҳаррир,ки мегуяд
-ҳамин шаб бояд пахш шавад.
-Худи муҳаррир низ гунаҳкор аз он сабаб аст,аз бетаҷрибагӣ ва камҳавсалагиаш намегузорад маводро каме омузад ва пас он пешниҳод намояд.
Ҳ
НравитсяНравится