Ҳайронӣ (2)

Замонае, ки мо зиндагӣ дорем, пури тазод аст, пури кору гапу амале аст, ки аксаран ҳайронӣ ҳам намеорад. Ҳар чизе, ки рух медиҳаду ба вуқӯъ мепайвандад, чунин ба назар мерасад, ки мо одамон онро интизор будем ва он дигар наметавонист ҳамин гуна нашавад. Аҷобат ҳамин аст, ки новобаста ба ҷумлаи болоӣ, дар ин доира ҳоло ҳам чизе саволбарангез пайдо мешавад, чизе таваҷҷӯҳи моро якбора ба худ ҷалб мекунад, чизе боқӣ мондааст, ки дарвоқеъ майнаи моро дуру дароз машғул медорад. Инсони муосир мисли анкабут рафтуойи печидае миёни воситаҳову василаҳои зиндагӣ ва кору эҷод дорад. Иловатан ба назари ман чунин мерасад, ки ҳамин инсонҳо дар як рӯз метавонанд, дар фосилаи мушаххаси вақт чанд коре кунанд, ки хубу шоиста аст ва чанд кору амале ҳам дошта бошанд, ки нохубу ношоиста аст. Ва кам нестанд шахсоне ки дар як хилват муртакиби гуноҳ мешаванд ва хилвати дигареро барои тавба истифода мебаранд. Вале инсонҳо тӯли як рӯзи худ чӣ кор мекунанд, ин мавзӯйи суҳбати мо нест. Қобили таваҷҷӯҳ ҳам намешавад, агар он кору бор бар зиёни каси дигар ва ҷомеа набошад. Вале вақте инсонҳо ҷое мераванд, ки ҳар амалу ҳаракаташон метавонад ба атрофиён ягон хел таъсир дошта бошад ва вақте кас ҳис мекунад, ки баъзеҳо миёни амалу ҳаракат ва беамалии худ дар хилват ва дар миёни мардум тафовут гузошта наметавонанд ё дарк намекунанд, ки инҷо бояд тафовуту фосила бошад ва вақте ки баъзеҳо қоидаҳои умумии қабулшударо эътироф намекунанд, риоя кардан намехоҳанд ва ё намедонанд, чӣ тарз риоя кунанд, боиси нигаронӣ аст.

Ман хуб мефаҳмам мояи нигаронии роҳбари коргоҳро, вақте ки тундтару ҷиддитар суҳбат мекунад ва касеро барои гуноҳу ҷурмаш таҳдид ба ихроҷ ва пешкунӣ месозад. Коргоҳ ҳоло дар аксарияти вақт — ҷоест, ки аксарияти кормандон дилашон ба он гарм нест. Баъзеҳо метавонанд ҳар чизеро аз коргоҳ, ки беназорат аст, бекор хоб аст, куҷое фаромуш шудааст, бубаранд. Мефаҳмед? Баъзеҳо агар фаҳманд, ки дар коргоҳ ба ғайр аз маош даромади дигар надоранд, чизе рабудаву дуздидаву касеро фиреб карда наметавонанд, онҷо кор намекунанд. Инро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Вале ман риоя накардани қоида ва тартиби ибодату рафтан ба масоҷидро аз сӯйи як гуруҳи мардум намефаҳмам. Ду ҳафта пештар як имом қабл аз адои фарзи намози ҷумъа бо узр аз мардум аз дуздии молу ашёи мардум аз сӯйи мардуми дигаре, ки ҳамон лаҳза дар саф буду интизори гузоштани намози фарз, изҳори нигаронӣ кард. Даҳшат нест? Айб нест? Як қиссаи нимшухиву нимҷиддӣ ба ёдам меояд, ки кӯдаке гуфтааст: “ман ҳамеша Худоро зора мекардам, ки бароям велосипед бидиҳад. Баъд фаҳмидан, ки Худо аз осмон велосипед намепартояд. Ман як велосипедро дуздидам ва акнун Худоро зора дорам, ки ҳамин гуноҳи маро бубахшад…”. Ин гуруҳи мардум ҳам шояд ҳамин тарз рафтор кунад!? Намедонад ва намефаҳмам!!! Ман қасам мехурам, ки дар ҳамин гуна ҷой ман ҳатто ба чеҳраи нафаре, ки дар паҳлӯйи ман истода, ибодат дорад, наменигарам. Ҳушу ёдам тамоман ҷойи дигар аст, ман дар фикри дигару розу ниёзи дигарам…. Фикр мекунам, дигар хел наметавонад бошад. Бубинед, ки мо ризои Худовандро ба даст овардан мехоҳем, вале оддитарин кору амалу тавсияро иҷро намекунем. Мошинҳомон пушти дари масҷид ва дар миёни роҳу пайроҳа аст, садҳо бор агар таъкид кунанд, ки телефонҳоро хомуш кунед, миёни ибодат ҳамеша ва чандин садои телефону смс-у ким кадом садои дигареро мешунавед, ки ҳатман риштаи таваҷҷуҳу тамаркузро аз он ҷониб қайчӣ мекунад. Боре баъди як ишораи дурусти имом, ки ҳамеша дар зеҳнам мечархид, хеле фикр кардам, вале ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас пайдо накардам. Ӯ хаёлам зиёд мушоҳидакор буд, ки гуфт, вақте ки вориди хонаи Худо мешавад, бо такаббур қадам нагузоред, инҷо ҳама баробар аст, аз ин сӯ ки рафтед, мардуми корафтодаро аз пушти дари утоқи кориатон пеш накунед, ба ҳарфаш гӯш бидиҳед….

Мушоҳида мекунам, ки як гуруҳ ислоҳ намешаванд, як гуруҳ аз гузаштаву таҷрибаи имрӯзи рузгор сабақ намегиранд, як гуруҳ амалу одату феълу рафтор ва ҳаракату андешаро аз доираи як хонавода то майдонҳои дигару ҷойҳои оммавӣ мебаранд ва ҳис намекунанд, ки қоида ва тартиби умумиро инкор кардаанду поймол сохтанд…Вале худашон инро намефаҳманд, ба ин андеша комилан розӣ нестанд, тасаввур намекунанд, ки ин хислату одати онҳост, намехоҳанд бовар кунанд, маҳз онҳо ҳамин гуна ҳастанд…

  Тасаввур кунед, ки дунё чӣ қадар зебову орому роҳат мешуд, агар ҳама чиз самимона, аз сидқ, бе риё, холисан ва аз сари муҳаббату ихлосу садоқат сурат мегирифт, агар мо ҳамеша якрӯ мебудем, агар мо хоксору заминӣ мебудем, агар гӯши пандшунав медоштем, агар кору амалу ибодатро дурусту шоиста, бе риё, бе тамаъ ва бе шуҳратталабӣ анҷом медодем!!!

Аммо ҳоло акси ҳамин чиз маро ҲАЙРОН мекунад…

Акс аз Википедия

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти