SWIFT чӣ аст? Бе он намешавад?

Баъд аз оғози амалиёти низомии ФР мардум ҳарчӣ бештар дар бораи санксияву таҳриму маҳдудиятҳо мешунавад, ки ин ё он кишвари дунё ҷорӣ ва татбиқ мекунад. Фишори иқтисодӣ ва молиявӣ —  яке аз он фишангҳое ҳаст, ки кишварҳои дунё муқобили якдигар истифода мекунанд. Кишварҳои дунё наметавонанд гӯянд, ки аз қатъ шудани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва молияашон онҳо зарар намебинанд, мебинанд. Ва акнун таҷриба нишон медиҳанд, ки ҳамин гуна таҳримҳои иқтисодиву санксияҳо на ҳамеша самараи дилхоҳ медиҳанд. Аллакай дар хабарҳо буд, ки чанд бонки русӣ аз SWIFT ҷудо шуданд ва боз ҳам кишварҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки талаб доранд, ки ин хизматрасониро барои ФР пурра қатъ кунанд. Вале мавзӯи сӯҳбати мо дигар аст. Мо мехоҳем дар ин нашр кутоҳ барои шумо маълумот бидихем, ки худи он SWIFT, ки ҳоло ба шумори калимаҳои серистифода ворид шудааст, чӣ аст? Чаро он муҳим аст? Агар набошад, чӣ ҳодиса рух медихад?

SWIFT чи аст? Ин шакли кутоҳшудаи ҷамъияти телекоммуникатсияҳои миёнибонкии молиявии ҷаҳонӣ аст. Яъне, системаи ҳифзшавандаи табодули паём ва иттилоъ аст, ки барои анҷоми зуди пардохтҳо дар тамоми дунё мусоидат мекунад. Ин системаи стандартии ҳифзи иттилоъ ва паём мавриди боварии комили муассисоти молиявӣ қарор дошта, ба онхо имконият медиҳад, ки ҳаҷми зиёди транзаксияҳоро коркард кунанд. Ин системаи белгиягӣ соли 1973 ташкил карда шудааст. Ва ҳоло маҳз ҳамин система асоси коммуникатсияи молиявии байналмиллалӣ аст. Дар соли 2020 тибқи ҳисобҳо тариқи платформаи SWIFT ҳамарӯза бештар аз 38 миллион пайём равона мешуд. Ҳама сола тариқи ҳамин система триллионҳо евро мегузарад. SWIFT албатта алтернатива дорад (мо дар ин бора поинтар хоҳем навишт). Барои мисол, ФР ва Чин аз системаҳои худашон ҳам истифода мебаранд, вале ба фарқ аз SWIFT шӯҳрат ва омавияти ҷаҳонӣ надорад.

Агар муассисоти молиявӣ аз SWIFT бурида шаванд, чӣ мешавад. Он вақт албатта дастрасӣ ба бозори молиявии дунё душвортар мегардад. Барои мисол, ҳамин гуна бонкҳои русӣ ва коргоҳҳову шахсони воқеӣ наметавонанд ба воридоту содироти молу маҳсулот , гирифтани қарз, ҷалби сармоя ва саргузорӣ дар хориҷи кишвар машғул шаванд. Аз рӯйи ҳисобҳои имрӯз бештар аз 300 бонки русӣ ва муассисоти молиявӣ барои интиқолҳои миёни бонкӣ аз системаи SWIFT истифода мекардааст. Вале роҳи ҳалро дар ҳолати набудани SWIFT ҳам пайдо кардан мумкин аст. Барои мисол, баъзе бонкҳои эронӣ ҳанӯз аз соли 2019 дар натиҷаи санксияҳои амрикоӣ аз SWIFT ҷудо шудаанд. Дар онҷо миёни солҳои 2012 то 2016 ҳам дастрасӣ ба ин платформа маҳдуд шуда буд. Чаро ИМА ва кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд, ки муассисоти молиявии русӣ аз SWIFT ҷудо гарданд, боз ҳам дар ҳоле ки ин тасмим ҳатман ки бар зиёни худи онҳо ҳам хаст?! Намояндагони чанд кишвар, мисли Олмон, Итолиё, Маҷористон, Кипр ва ҳатто Латвия аллакай нигаронанд, ки ин тасмим метавонад боиси қатъ шудани интиқоли газ ва маҳсулоти дигар аз ФР мешавад ва хисороти онҳо ба маротиб зиёд мегардад.  Коршинсон ба ҳамин назаранд, ки агар ба ҳар сурат ин тасмим амалӣ шавад, ФР маҷбур мешавад, ки ё бо сенарияи чинӣ амал кунад ва ё роҳро барои худ бо қабули қарор дар заминаи блокчейн ҳамвор кунад. Брайан Фрей, собик прокурор аз Вазорати адлияи ИМА дар замони ҳукумати Трамп ба хабарнигори Associated Press гуфтааст, ки ҳарчанд SWIFT системаи асосии табодули иттилоъ ва пайём барои пардохтҳои молиявӣ аст, вале системаҳои алтернативӣ мавҷуданд ва қатъ кардани ФР аз ин система фақат дарди сари ҷомеаи ҷахонӣ хоҳад шуд. Раиси комиссияи аврупоӣ бошад, гуфтааст, ки «санксияҳои Иттиҳоди Аврупо барои ФР боиси таварруми бештар, камшавии сармоягузорӣ ва ба тадриҷ харобшавии базаи саноатӣ мешаванд…»

Дар соли 1973 замони ташкили ин система 248 бонк аз 19 кишвари дунё ҳаммуассис буданд. Қароргоҳи ин система  дар Белгия ҷойгир аст. Фақат дар соли 2015 бештар аз 11 ҳазор муассисаи молиявӣ узви SWIFT буд. SWIFT ҳама сола як конфронсро ҳам баргузор мекунад, ки асосан ба мавзӯи хизматрасониҳои молиявӣ бахшида мешавад. Дар SWIFT протоколҳои асосии корӣ, қоидаҳо ва ӯҳдадориҳои муҳим соли 1975 таҳия шудаанд ва аввалин трансаксия дар соли 1977 сурат гирифтааст. Аввалин маркази амалиётии SWIFT дар ИМА аз суйи губернатори ҳамонвақтаи Вирджиния дар соли 1979 таъсис дода шудааст.

SWIFT чӣ гуна кор мекунад: Ду намуди паём ва иттилоъ мавҷуд аст: молиявӣ, яъне миёни истифодабарандагони система ва системавӣ миёни истифодабаранда ва система. Паёми шумо дар SWIFT аз сарлавҳа, матн ва трейлер иборат аст. Баъд ба воситаи терминали компютерӣ бо компютери универсалӣ робита, интикол ва қабули пайём сурат мегирад. Паёмҳои ҷамъ шуда, барои идомаи коркард ба маркази амалиётӣ равона мешавад. SWIFT дар онҷо пайёмҳоро тариқи алгоритми зерин коркард мекунад: санҷиши синтаксис, номгузории нав барои табодули пайём дар шакли паёми содиротӣ, иловакунии трейлер, нусхабардорӣ ва шифровкаи пайём барои ҳифз кардани он. Фиристонанда аз руйи натиҷаҳои ин санҷиш иттилоъ дарёфт мекунад. Ҳар пайём ба таври автоматӣ соҳиби рақами содиротӣ мешавад. 

Барои маълумоти шумо бояд кайд кунем, ки баъди ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 ЦРУ, ФБР ва Вазорати молияи ИМА ба маълумоти молиявии шабакаи SWIFT дастрасӣ пайдо карданд. Мақсадашон ин буд, ки трансаксияҳое, ки бо мақсади сармоягузории терроризм анҷом дода мешавад, назорат ва пешгирӣ шавад. Баъди соли 2006, ки ҳамин маълумот расонаӣ шуд, доираҳои рузноманигорӣ ин системаро мавриди танқид қарор доданд, ки ҳимояи кофӣ надошту ба ин тасмими мақомот розӣ шуд. Баъдтар гуфта мешуд, ки онҳо ҳимояи худро ба қавле чандқабата карданд. Вакте ки ҳамин гуна бо фишори кишварҳои абарқудрат чанд муассисаи молиявии дунё аз SWIFT бурида шуд, роҳбарияти ин система иброз дошта буд, ки онҳо фақат имкони алоқа ва табодулро барои амалиёти молиявӣ фарохам меоранд ва намехостанд, ки ба як фишанги санксияҳо табдил ёбанд. Ягона роҳе, ки SWIFT маҷбур мешавад, ки ин ё он бонкро аз ин система ҷудо кунад, ин қарори парлумони аврупоӣ аст, ки онро ҳукумати Белгия ҳам бояд тасдиқ карда бошад.

Бояд гуфт, ки кишвархои ҷудогонаи дунё ҳамин гуна системаҳои интиқоли маълумоти молиявӣ, яъне аналоги SWIFT –ро доранд. Масалан, ФР ҳамин гуна система дорад, ки 331 иштирокчӣ аз 9 давлати оламро гирди ҳам овардааст. INSTEX — аналоги  SWIFT барои тиҷорат бо Эрон ва CIPS бошад, аналоги чинии SWIFT  аст. Яъне, бурида шудани ФР аз системаи SWIFT албатта нигаронкунанда ва боиси ташвиш ҳаст, ки ҳатман барои ФР мушкил эҷод мекунад, вале на ба он ҳадде, ки кишварҳои дигари дунё сахт барои расидан ба он талош мекунанд.

(Аз интернет ҷамъоварӣ ва тарҷума шудааст)

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти