Бо назардошти вазъи дунё дар самти истифодаи захираҳои энергетикӣ ва талоши кишварҳо барои хубтару беҳтар сипарӣ кардани зимистоне, ки ҳоло фаро нарасидааст, мо имрӯз бо такя ба маводи ҳафтавори ВЗГЛЯД як шарҳеро дар ихтиёратон мегузорем, ки ба ЧИН ва талошҳои он кишвар дар ҳошияи мушкилоти ҷиддии энергетикии Аврупо рабт дорад.
ЧИН акнун як роҳи ғайриодии дарёфти даромадро дар ҳошияи бӯҳрони энергетикие, ки Иттиҳоди Аврупо пушти сар мекунад, дарёфт кардааст. Ин кишвар акнун фурӯши гази моеъи амрикоиро ба кишварҳои аврупоӣ роҳандозӣ карда, аз ин кораш садхо миллион доллар даромад ба даст меорад. Бо гази моеъи русӣ ҳам ба гумони ғолиб ЧИН ҳамин гуна муносибат хоҳад кард. Ин фақат яке аз бандҳои даромади ЧИН аст. Иловатан он кишвар аз димоғсӯзӣ ва қаҳри Русия ва Аврупо боз чӣ фоидаҳо дошта метавонад?
Дар ҳоле ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо заводҳоро мебандад ва дар ҳавои бӯҳрони ҷиддии иқтисодӣ ба самти ретсесия равона аст, дар ин ҳошия ба назар мерасад, ки ду кишвар ҳатто даромади иловагӣ ба даст меоранд. Инхо ИМА ва ЧИН ҳастанд. ВЗГЛЯД акнун навиштааст, ки аз ин ҳолат ЧИН чи переференсияро ба даст меорад.
Аввал ин ки, як катор ширкатҳои энергетикии ЧИН аз ҳисоби хариду фурӯши гази моеъ ба кишварҳои аврупоӣ даромади калонеро ба даст меоранд. Он гази моеъро бошад, кишварҳои аврупоӣ барои захираи зимистони худашон харида истодаанд. Дар қиёс бо ИМА Чин акнун инҷо нақши воридкунандаро дорад. Бӯҳрони энергетикӣ дар Аврупо, локдаунҳо дар ЧИН ва кам шудани талабот ба захираҳои энергетикӣ ба як схемаи чолибе оварда расонидааст.
Гап сари ин аст, ки ИМА дар авҷи ҷанги тиҷоратиаш бо ЧИН ширкатҳои инҷонибро маҷбур сохта буд, ки чанд қарордоди дарозмуҳлатро барои интиқоли гази моеъи амрикоӣ ба имзо бирасонад. Он вақт амрикоиҳо гуфта буданд, ки ЧИН молу маҳсулоти камтарро аз онҳо харид мекунад ва аз ин рӯ барои баробар шудани ҳисобҳо гази моеъро аз онҳо бояд бихаранд. Иловатан қарордод бо ЧИН барои 25 сол аст ва ин сабаб шуд, ки амрикоиҳо терминалҳои навро барои гази моеъ бо харҷи миллиардҳо доллар дар сохилҳои халиҷи Мексика бисозанд. Маҳз ба шарофтаи онхо ИМА тавонист, ки хаҷми бештари гази моеъро содир кунад. Соли гузашта, масалан ҳамин газ барои ЧИН зиёдатӣ буд ва он кишвар намедонист бо ин хаҷм чӣ кор кунад, вале соли равон ин ҳолатро иваз кард. Талабот ба гази моеъ дар бозори дохилии ЧИН якбора коҳиш ёфт, вале шартҳои қарордоди басташударо ҳатман бояд иҷро кунанд. Пекин дар ҳамин вақт роҳи беҳтарини ҳалро пайдо кард: танкерҳои пури гази моеъро, ки аз талаботи кишвараш зиёдатӣ аст, аввалтар аз хама ба кишварҳои аврупоӣ, ки акнун ба ин маводи сӯхт ниёзи шадид доштанд, фурӯхт. Ин боз ҳам дар ҳоле буд, ки гази моеъ агар дар Осиё то 1500 доллар барои ҳазор кубометраш бошад, дар Аврупо нархи он то 2,5 ҳазор доллар расида буд. Фоидаи софро худатон акнун ҳисоб кунед. Тасаввур кунед, ки танкерҳо ҳатто ба ЧИН норасида, ба кишварҳои аврупоӣ мераванд ва фоидаро дар ин миён ЧИН ба даст меорад.
Дар ҳашт моҳи аввали ҳамин сол ЧИН на фақат аз руйи ҳамон қарордоди дарозмуддати бастаи худ бо ИМА гази моеъ харидааст, балки он кишвар ҳаҷмхои холиро ҳам аз бозор харидорӣ мекунад. Барои мисол, ширкати чинии ENN Natural Gas 18 октябр танкери пургазро аз як заводи худ дар Сабин Пасс ба соҳилхои халиҷи Мексика мефиристад. Он бор бояд ба соҳилҳои шарқии ЧИН бирасад, вале танкер онро якбора ба Аврупо мебарад. Фоидаи ЧИН фақат аз як ҳамин гуна интиқол то 130 миллион доллар будааст. «Мо ба фурӯши дубораи гази моеъ машгул хастем. Ин ичозат аст ва нархҳо ҳам мувофиқу қулай ҳастанд» — гуфтааст сариқтисодчии PetroChina International.
Вале маълум аст, ки ҳисоби пурра ва дақиқи онро, ки ЧИН чанд киштии газкашонро бо гази моеъи амрикоӣ ба Аврупо раҳсипор кардаву даромад мегирад, анҷом додан, душвортар аст. Вале тибқи иттилои гумрукӣ дар ҳашт моҳи соли равон ЧИН ба Аврупо ва Осиё ҳудуди 449 миллион доллар гази моеъ интиқол додааст. Ин нишондод, масалан соли пештар ҳамагӣ 7,3 миллион долларро ташкил дода буд. Вале ин ҳам омори охир ва дақиқ нест, зеро фурӯшандаҳо на ҳамеша дар ИМА ва ЧИН қарор доранд ва ҳам нархи гази моеъ имсол боз ҳам баландтар рафт.
Коршиносон, ки ин ҳолатро медонанд, ба ҳамин назаранд, ки ЧИН на фақат ба харида фурӯхтани гази моеъи амрикоӣ, балки ба харидуфурӯши газ, барои мисол аз ЯМАЛ ҳам машғул хохад шуд. ЧИН барои харидории 3 миллион куб гази моеъ солона қарордод бастааст. ЧИН ҳатто шояд ҳачми бештари гази моеъи русиро хам баргашта ба кишварҳои аврупоӣ мефурӯшад.
Даромади дигари ЧИН аз бӯҳрони аврупоӣ хамин аст, ки он кишвар бештар гази моеъро тариқи қубурҳо аз Русия мехарад. Ҳамин сол фақат тариқи лӯлаи СИЛА СИБИРИ ба ЧИН 10 миллиард метри кубӣ гази моеъ бештар интиқол дода мешавад. Интиқол аз қарордоди аввалия зиёдтар мешавад, зеро ба ин ҳам Русия ҳавасманд аст ва ҳам ЧИН, ки бо назардошти нархи мавҷуда даромади хуб ба даст меорад.
Коршиносони рус ба ҳамин назар будаанд, ки агар ин газ арзонтарин набошад ҳам, пас яке аз арзонтаринҳо аст, ки ЧИН ба даст меорад. Нархи газ тибқи қарордоде, ки бо ЧИН баста шудааст, аз нархи нафт вобаста хоҳад буд. Акнун агар ҳисоб кунем, газе ки тариқи лӯлахои газӣ ба ЧИН фурӯхта мешавад, аз 400 то 800 доллар барои ҳазор метри кубиаш арзиш дорад.
Ғайр аз ин ЧИН метавонад боз ба як банди дигари даромад ҳам умед бандад — Чин холо назорат мекунад, ки то барои Русия дигар алтернатива намонад ва маҷбур шавад, ки бо ЧИН барои содироти иловагӣ тариқи лӯлаи СИЛА СИБИРИ 2 қарордод ба имзо бирасонад. Ин он вақт бурди сеюми ЧИН хоҳад буд.
Як гурӯҳи коршиносони рус ба ин назар будаанд, ки ИМА тамоми корҳоро анҷом дода истодааст, то ин ки муносиботи Аврупо ва ФР дар самти газ сардтар шудаву инфрасохтори мавҷуда корношоям гардад. Чин медонад, ки дар ин ҳолат барои ФР интихоби ҳарчи камтар боқӣ мемонад. Аз ин рӯ ЧИН талош дорад, ки аз ГАЗПРОМ газро тариқи лӯлаи СИЛА СИБИРИ 2 ва тариқи лоиҳаҳои дигар бо нархи ҳарчи арзонтар бихарад.
Манфиати чоруми ЧИН аз буҳрони иқтисодии аврупоӣ ҳамин аст, ки Аврупоро маҷбур кард, то бо даъвоҳои экологиву муҳитзистӣ ин кишварро ба қавле нороҳат накунад. Пекин ҳам гуё ҳамин ҳолатро интизор буд, ки дасту остин барзада, ба истихроҷи ангишт барои бозори дохилии худ сар кард. Маҳз ҳамин афзоиши истихроҷи ангишт боиси он гашт, ки дар бозори дохилии ЧИН талабот ба гази моеъ камтар гардад.
Иловатан ЧИН имконият ба даст овард, ки ангишти русиро бо дисконт ба даст орад. Роҳҳои шарқии русӣ пури мошинҳоест, ки тарафи ЧИН равона хастанд. Тамоми сол ЧИН на гази киммат, балки ангишти нисбатан арзонро месӯзонад. Ин бошад, ба нархи аслии молу маҳсулот таъсир мерасонад ва имкон медиҳад, ки маҳсулоти чинӣ дар бозори ҷаҳонӣ дар қиёс бо молу маҳсулоти аврупоӣ рақобатпазир бошад.
Дар Аврупо бошад, ҳоло ҳолати баракс аст — заводу фабрикаҳо фақат барои он баста мешаванд, ки нархи газ хеле баланд аст. Нархи газ яке аз рақибони ЧИН-ро дар бозори ҷаҳонӣ ҳамин гуна осон аз сабқат берун кардааст. Имкони содироти бештар ва нархи дастрас – ин аллакай фоидаи панҷуме аст, ки ЧИН аз ин бӯҳрони аврупоӣ ба даст меорад.
Манфиати шашуми ЧИН аз бӯҳрони иқтисодӣ ва энергетикии аврупоӣ ҳамин аст, ки агар ин бӯҳрон дар он минтақа ба деиндустрализатсияи иқтисоди Иттиҳоди Аврупо оварда расонад, саноати аврупо ҳатман ҷой ва макони нав мекобад ва он вақт ҳам ЧИН як варианти маъмул хохад буд. Фақат ЧИН акнун бояд бо заводу фабрикаҳои амрикоӣ рақобатпазирии худро собит кунад. Зеро барои ҳамин ҳолат ва ҳоло ИМА як ҷойи қулай ва арзонтари истеҳсоли молу маҳсулот аст, зеро онҷо ҳам газ арзонтар аз аврупост ва ҳам нархи неруи барқ пасттар аст. Афзалиятҳои ЧИН бошад, ба ҳар сурат нархи арзонтари энергия ва нерӯи кории арзон нисбат ба Аврупо аст. Иловатан, ЧИН метавонад, ки фоизи андозҳоро барои сармоягузорони нав коҳиш бидихад ва қувваи дар қиёс бо ИМА арзонтари кориро дар атрофи онҳо ҷамъу гир созад.
Вале дар ҳошияи ҳамин мавзӯъ бояд гуфт, ки ЧИН, ки ҳоло Аврупоро дастгирӣ мекунад ва гази барои худаш харидорӣ кардаро ба онҳо мефурӯшад, дар як нафас метавонад, ки аз ин бозор маҳрум шавад. Тасаввур кунед, ки агар талаботи ЧИН ба гази моеъ бештар гардад, монеаҳо ва маҳдудиятҳои ба КОВИД вобаста пурра бардошта шаванд ва зимистони пешорӯ сардтар биёяд, кишварҳои аврупоӣ дигар ин меҳрубонии ЧИН-ро нахоҳанд дид, зеро газро ЧИН барои конеъ сохтани эхтиёҷоти худаш истифода хоҳад бурд. Коршиносон ба ин боваранд, ки ҳатто ИМА ҳам агар ба ин ҳолат дучор ояд, содироти гази моеъро ба Аврупо кохиш медиҳад ва дар ғами бозори дохилии худ хоҳад буд.
Бо назардошти он ки АВРУПО барои ЧИН як бозори бузурги фурӯши молу махсулоти чинӣ аст, ЧИН хам ба хеч ваҷҳ намехоҳад, ки иктисодиёти аврупоӣ ба зинаи поин фурояд ё ба бӯҳрони боз ҳам шадидтаре рӯ ба рӯ гардад…
Маводи болоӣ аз нашряи ВЗГЛЯД аз забонӣ русӣ ба тоҷикӣ баргардон шудааст.

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Аврупо, ВЗГЛЯД, Китай, Сила Сибири, Чин, гази моеъ, гази табиӣ, интиқоли газ, тазод, фоида |











Добавить комментарий