Бахшида ба 60 солагии шоир ва журналисти тавоно — ВОРИС (Урун Калонов)
“…Бегонагӣ девонагӣ мекунад. Мо натанҳо ба ҳамдигар, балки ба худамон бегона мешавем. Оташи шубҳа, хусумат ва нафрат бунёдамонро месӯзад. Дар шаҳри танг, деҳи танг, кишвари танг вақти роҳ рафтан китфҳо бо ҳам меҷанганд. На танҳо сарҳо, ҳатто китфҳо акнун табақа доранд. Мо ҳам табақабандӣ шудем. Табақаи ноф, табақаи ишкам, табақаи сина, табақаи гардан…” ВОРИС
Дар ин деҳа, ки сари бунёдаш ҳамеша баҳс аст ва дар ин роҳу пайроҳ, ки мардумони ҳамин як деҳа розиву норозӣ аз ҳама чизе, ки ба иродаи онҳо кам вобастагӣ дошт, ҳамдигарро баъзан хуш надошанду ҳатто мекӯфтанд, мардумон фикр мекунанд, ки ғайри онҳо дигар ҳама аҷиб асту ғариб. Агар ошкор ҳам, ки нагуфтаанд, ҳис мешавад, ки ҳар тасмимеро, сокинони ин деҳа, ҳатто мусафедони пири фартуташ ҳам доштанд, барои ҷамъи дигар мақбул набуд ва зарур ҳам. Ҳама инҷо фикр мекунад дилхоҳ кор, агар ҳатто пойи аспи колхозиро наъл задан бошад ҳам, касе ба ҷуз ӯ беҳтар наметавонист.
Мо ҳам намедонем, ки чаро мардумони ин деҳа фикр мекунад, ки садои думбраи Алӣ аз думбраи Валӣ беҳтар аст, зеро дар думбраи аввалӣ бибикалонаш, ки ними деҳа рӯйи дасти ӯ таваллуд шудааст, як чолбанд аст ё пупак аст, бофтаасту ӯ онро овезон кардааст. Мардуми деҳа ҷумбиши ҳамон риштаҳои муҳракашидаро дида, фикр мекунанд, ки ин думбра садои беҳтар дорад…Аҷиб ин аст, ки Аливу Валӣ ҳарду ҳам намесароянд. Фақат кам-кам менавозанд. Ва ҳоло мардуми деҳа ҳам пай набурдаанд, ки ин амал вақти кору бори дастаҷамъӣ гуё барои онҳо ҳам ки бошад, дар асл барои ин ҳарду навозанда муҳим аст, ки вақти навозиш ҷонҳояшон аз кори деҳа ва саҳро ба андозаи як оҳанги Карими шиш ё Ҳаким Маҳмуд роҳат мекунад.
Ҳамин мардум фикр мекунанд, ки оби чашмае, ки дар ҳотаи ӯ аст ё дами дарвозааш, ширинтар ва хунуктар аз оби ҳамон чашмаест, ки поёнтари деҳа аст. Вале боз ҳам тааҷуббарангез аст, ки ба дил мардумеро, ки баъди ин таъриф ба хона аз ҳамон чашма об мебаранд, сад наҳ мекунад, ки сари оби чашма зағобур асту баҳсу даъвову хандаву бозӣ ва боиси нороҳатии онҳо…
Мардуми ин деҳа фикр мекунанд, ки шиғи атрофи ҳавлии онҳо ҳатто аз шиғи гирди боғи муллои деҳа ҳам беҳтар аст, зеро аз ӯ чуби бед асту аз онҳо чуби йирға. Аммо ин, ки ҳарду шиғ ҳам фақат як вазифаро иҷро мекунад – пеши роҳи гову бузу гусфандро мегирад, ки ба боғу ҳавлӣ ворид нашаванду онро поймол насозанд, касеро дар зеҳн намеояд.
Мардуми ин деҳа чанд сол аст, ба дараҷае пинҳонкору эҳтиёткоранд, ки аз амалкарди бобокалонҳои худ дар асри пор ба даҳшат меоянд. Чӣ хел мумкин будааст, ки мӯсафеди Қаландар вақти хӯроки нимрӯзи сари кӯча барояду ким-кадом мӯйсафеди раҳгузарро, ки роҳи деҳааш аз ҳамин талу куҳу пушта аст, ба сари дастурхонаш орад ва ҳамон ним нони гандуми дар оби чашма ва чаккаву дуғи тоза таршудаву нугулолударо, ки ду тиккаи ҳалоли марди деҳқону деҳотӣ мешавад, бо ӯ нӯши ҷон кунад? Ин мардум ҳайронанд, ки чӣ хел мардумон дар гузашта аз хонаи ҳамдигарӣ алов меовардаанд? Чӣ тарз мумкин будааст, ки барои ҳамсояат, ки аловгирӣ омадааст, бе кадом забонхату шарту уҳдадорӣ алов бидиҳӣ?
Мардумони ин деҳа аз сари баланду дили кушоди бобокалонҳои худ аз даҳони як-ду пири беҳоли дар кунҷи хона бемор боқимонда мешунаванд, ки онҳо дилҳое доштаанд, фароху кушод мисли заминҳои атрофи деҳа, ки акнун аз ҳама нест ва сарҳое доштаанд, баландтар аз девори ҳамсояҳои имрӯз, ки тарафи даруни ҳавлӣ каҷ шудааст, то оби барфу борон, ки он мардум онро баракат мегуфтанд, ба ҳавлии ҳамсояи бадқавоқу бадқаҳри онҳо нарезад…
Мардумони ин деҳа дар бораи онҳое, ки чанору тираку сафедори гирди деҳаро кадом вақте шинонида будаанд, кам чизе медонанд. Онҳо як вақт ба гапи муаллими ҷуғрофия ва табиатшиносӣ, ки дар мавриди дарахтбурӣ ва гармшавии иқлими деҳа мегуфтанд, бо далели як ҷавони нав аз мардикорӣ омада ҷавоб гуфта буданд, ки ду мавсим буд, лойдевори хонааш таги барфу борон буд…Ва ба сари табақи сиёҳтобе, ки аз чуби ҳамон дарахтон буд, ҳамфикронашонро даъват кардаву ба ин баҳс нуқта гузошта буданд.
Хулоса, дар деҳае, ки фақат хари меҳмони ҷомайи зардузӣ доштаро обу коҳ медиҳанд, дар фотиҳаи падари симу зардоре сураву ояти дарозтар мехонанд, дар ин деҳае, ки қассобу кафшдӯзаш ҳам гапчину гапбиёр дорад…., дар канори як новардони қадимаву баланде рӯ ҷониби офтоббаро осиёбе аст, ки онро як марди осиёббони баинсофе гардон мекунад. Он оби ба шаст сӯйи поин хамбида ҳам неву гарди орд ҳам не — он мард дили поку сафедро аз чанд пушти гузаштаи худ, ки нони ҳамин осиёбро мехӯрдаанд, мерос гирифтааст. Вориси ҳақиқии онҳост!
Ин мард ба дили мардумони ин деҳа, ки хоҳу нохоҳ бо баҳонаи орди гандум ба дари осиёбаш меоянд, дар фосилаи гардшавии як халта гандум ишқу меҳру сидқ меоварад. Сару гардану китфи онҳоро бо гарди орди гандум сафед мекунад. Ин мардум ҳайронанд, ки осиёддор ин қадар андешаҳои тозаву наву бикрро аз кӣ ва кай шунидаасту мешунавад? Дар ҳоле, ки мардумони деҳа як лаҳза ҳам бе ғами нону бе ғами шикам нестанд ва чархи осиёб гардону осиёббон бекор нест, боз кай фурсати тамаркузро ба китобу ба он масоили муҳим доштааст?
Ин марди осиёбдор ғами шикастани новардону камии оби равон ва хурдашавии санги осиёбро сад бор камтар аз ғами камшавии муҳаббату вафову инсоният мехӯрад. Нони гандумаш бо табақ –табақ шакароби лаби осиёб ва хона –хона мардуми ҳамин деҳу раҳгузарон як тика ҳам кам нашудааст… Мардумон имрӯз гӯё аз осиёбхонаи ӯ халта-халта умеду боварӣ ва қаноатпешагӣ мебаранд, баракатро сари як табақ ғизои хушмаззааш ҷойи дигар намеёбанд.
Ин дӯкону ин касб, ки ба он сад қиссаву ириму шугунро ҳам рабт медиҳанд ва ба назар мерасад, ки корест саҳл, дар асл агар ба душвориҳо ҳам, ки печида бошад, баракати дигар дорад.
Агар мардумони ин деҳа сари вориси ҳар куҷову ҳар кунҷу канори ин деҳа баҳсу даъво ҳам дошта бошанд, ҳарфи каҷе дар ҳаққи вориси ин осиёбхонаи кӯҳна ва табаррук намеёбанд…Андешаву афкори ин марди осиёбдор ба ҳадде сафед аст, сафедтар аз орди гандум ва илҳомаш равонтару саршортар аз оби новардони осиёбаш…
Баъди мо ҳам офтобе ҳаст,
Зиндагиро сўзу тобе ҳаст.
Баъди мо ҳам дар сарои ишқ,
Илтиҳобе, инқилобе ҳаст.
Ҷодаҳо асфалт ё хокист,
Раҳнаварде, дилкабобе ҳаст.
Дар китоби умри ҳар инсон,
Ҳам гуноҳе ҳам савобе ҳаст.
Баъди мо ҳам дар тану дар ҷон,
Печутобе, изтиробе ҳаст...

PS: Чанд рӯз пештар маҷмуи мақолаҳои дӯстону ҳамкорон ва шогирдони устод ВОРИС бо номи «Барги дуо» бо заҳмату талошҳои Муҳамадуллоҳи Табарӣ интишор ёфт. Дар он муҳимтарин нуктаҳо вобаста ба кору эҷоди як қаламкаш ва шахси эҷодкор гирдоварӣ шудааст.
Устод Ворисро бо фарорасии баҳори 60-уми умрашон самимона таҳният мегӯем. Саломату муваффақу комёб бошед!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 60 солагӣ, Ворис, Иттифоқи нависандагон, Сурхакчашма, Уруни Назар, гандум, орду дона, осиёб, сафедӣ, шеъру шоир, шоир, Ҳисори шодмон |












Добавить комментарий