Нав рӯз мешавад ва як даста нур аз паси кӯҳи Ширбӣ оғоз гирифтаву аз пушти шишаи ҳуҷраи хоб мегузарад ва ба қади шишаву тахтаи поини тиреза то рӯйи рахти хоб метаровад. Ин пайғоми рӯзи наве буд, ки аз ба пешвозаш бо як ҷойнамоз дуо барнахестан димоғсухта ҳам, ки гардад, вонамуд намекард. Ва ин пайғом, ки аз синаи офтоб бархеста буд ва ҳам димоғсузӣ, ки хоси офтоб нест, мисли ҳамон почтаи дипломатик бе монеъаву саддҳо рост ба қуттии дил сарозер мешавад….
Боди саргардон, ки гӯё масири Дашти маҳтобӣ — Даргиёнро ба иҷора дошт, аз гирди ҳар талу теппа ва беху барги гиёҳу сабзаву дарахти ғарқи гул, ки борони як шабу як рӯзи охир ҷойи пойи замбурҳоро дар дона-донаи он гулҳо аз гарду чанги чигинароҳҳо тоза карда буд, накҳати ҷонбахшро аз ҳар роғии тирезаҳои хонаи хоб ворид мекунад. Ва ин ба ҳадди як шиша дору, ки табиб барои ҷуброни қуввати рафтаи бемораш рӯзе ду карат тавсия медиҳад, фоидабахш аст. Ин ҳамон табиб аст, ки ҳоло ҳам руйхати дорувораш, бар хилофи тавсияҳои момаи Иззатмоҳ номҳое, чун пудинаву шибиту чойкаҳаку барги зуф ва умочу олеваву ҳилмону …мисли инҳоро надорад…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Наврӯз, анъанаҳои наврӯзӣ, бахшидан, бедории табиат, фасли Баҳор | Leave a comment »











