Нав рӯз шуд, Наврӯз шуд…

Нав рӯз мешавад ва як даста нур аз паси кӯҳи Ширбӣ оғоз гирифтаву аз пушти шишаи ҳуҷраи хоб мегузарад ва ба қади шишаву тахтаи поини тиреза то рӯйи рахти хоб метаровад. Ин пайғоми рӯзи наве буд, ки аз ба пешвозаш бо як ҷойнамоз дуо барнахестан димоғсухта ҳам, ки гардад, вонамуд намекард. Ва ин пайғом, ки аз синаи офтоб бархеста буд ва ҳам димоғсузӣ, ки хоси офтоб нест, мисли ҳамон почтаи дипломатик бе монеъаву саддҳо рост ба қуттии дил сарозер мешавад….

Боди саргардон, ки гӯё масири Дашти маҳтобӣ — Даргиёнро ба иҷора дошт, аз гирди ҳар талу теппа ва беху барги гиёҳу сабзаву дарахти ғарқи гул, ки борони як шабу як рӯзи охир ҷойи пойи замбурҳоро дар дона-донаи он гулҳо аз гарду чанги чигинароҳҳо тоза карда буд, накҳати ҷонбахшро аз ҳар роғии тирезаҳои хонаи хоб ворид мекунад. Ва ин ба ҳадди як шиша дору, ки табиб барои ҷуброни қуввати рафтаи бемораш рӯзе ду карат тавсия медиҳад, фоидабахш аст. Ин ҳамон табиб аст, ки ҳоло ҳам руйхати дорувораш, бар хилофи тавсияҳои момаи Иззатмоҳ номҳое, чун пудинаву шибиту чойкаҳаку барги зуф ва умочу олеваву ҳилмону …мисли инҳоро надорад…

Нав рӯз мешавад ва зани танҳову келине танҳотар аз ӯ ба рӯйи ҳавлии дар хумори руйи мард ва писари дар мусофират барои ёр сӯхтаву ташнаи ӯ панҷа-панҷа об мезананд. Ҳавлии хокӣ бо ҷорӯби афгори панҷтора фақат рах-раху шона-шона тоза мешавад. Ва ҳамвазни савоби ибодати саросемаи як ронандае, ки чанд сония пештар аз оғози фарзи намоз худравашро дар роҳи мошини ёрии таъҷилӣ гузоштаву рафтааст, он ду зан шояд аз иҷрои ҳавлирубӣ — як ҷузъе аз хонатаконӣ, чун як анъанаи наврӯзӣ аз худ қаноатманд шуданд…

Нав рӯз мешавад ва ин гурӯҳи занҳо, ки ҳамсарони раҳдурашон аз телефондориву интернетдории аксарияти онҳо ҳам розиву ҳам норозианду дар ҳарос, охирин кундаҳои аз Ҳут — яке аз бурҷҳои дувоздаҳгона боқимондаро таги деги далда мебаранд, то бисӯзад, мисли дилашон, ки дар хумору фироқи мардҳои иҷоранишини мулки занони рангу рӯ сап-сафеду дастҳо на шахшулу на кафида, ҳам метападу ҳам месӯзад. Ва ҳоло, ки барфу яхи миёни хонаву кӯчаҳо об шудаву таги телевизорҳо аз ҳузури зимистонии онҳо холӣ гаштааст, шояд далдаву оши наврӯзиву сари солии занҳои инҷоӣ аксаран дар ҳавои суҳбатҳои гарме атрофи «хислату фазилат»- и «хозяйка»-ҳои онҷоӣ мепазад…Ва он коса — коса муҳаббат тибқи анъана давру бари деҳаро чарх мезанад. Тибқи ҳамон анъанае, ки на дар Рублёвка ҳасту на дар Бирюлово ва на дар Можайск….

Наврӯз мешавад… Иду айёме, ки фосилаи гулро аз замин то бехи гӯш ва сари дасти ошиқе кӯтоҳи кӯтоҳ мекунад, мавсиме, ки орзӯҳо дар он акнун бо ба серӣ хӯрдани оби борон тез қад мекашанд…Мӯҳлате, ки ба даври пуштаҳову даври тоқиҳо гули барфаку гули сияҳгӯш мерӯяд ва як навраси деҳотӣ дар андешаи ҳанӯз зинда будани ошиқон садҳо ҳамин гуна гулро аз домани кӯҳ кандаву ба қоматаш қоғаз печида, ба умеди ба даст овардани чанд дирам ризқи наврӯзиаш ба таги пулҳои мошингузари шаҳр меорад…Шаҳре, ки дар он анъанаи таваҷҷӯҳ ба муҳаббати самимонаву беғараз ва тақдими гулҳои худрӯй қариб аз миён меравад ва ҳам мардумонаш аксаран ба бебӯйӣ, вале дерпойии гулҳои сунъиву гибридӣ одат кардаанд…

Ман дина (дар ҳамон ҳавои борониву шамоли табъи дил) хонаи диламро ба хотири покизагӣ аз гарду ғубори яксолаву чилучандсола такидам, рӯйи хотираҳои чангзадаро бо як қафаси сина ҳавои тоза пуф кардам. Фардо, ҳамин ки аз тамошои гуштин омадам, мебинам, ки дар хонаи ману хонаи дил чӣ мондаву чӣ чизи сабуке ҳалоку қурбони ҳамон як пуф шудааст…

Дар фосилаи хуфтан ва бомдод аз Баҳор номаи табрикотӣ омад, ки дар он аз ҷумла навишта шуда — «Наврӯзи оламафрӯз ба ошнову ноошно, ба ҳамсояву раҳдур, ба хешу бегона, ба дӯсту бародар, ба душманони дӯстнамо, дӯстони душманфеълу душманони дӯстонамон муборак бод!!!

Ва ҳамин буд, охирин ҷумлаҳои рӯзи рафтаву аввалин ҳарфҳои рӯзи нав, ки пештар аз кушодани дари дил ва дарвозаи ҳавлии падарӣ ба рӯйи Наврӯз ба забон омаду дар зеҳн нишаст:

«Оё синаатро бароят накушодем? Ва бори гаронатро аз пуштат барнадоштем? Боре, ки бар пушти ту сангинӣ мекард? (Иншироҳ; 94)

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти