Киссаи фарзанди 17-ум!

         Дар таърихи рушди илм бисёр ихтирооти бузург маъмуланд. Вале на хамаи онхоро дар як саф бо ихтирои Менделеев, кимиёдони барчастаи рус, гузоштан мумкин аст. Харчанд аз кашфи конуни даврии у солхои зиёд сипари гаштаанд, хеч кас гуфта наметавонад, ки кай маънои «чадвали машхури Менделеев» то хадди охир «хазм» мешавад. Читать далее →

Чанд далел вобаста ба шаробу майхораги!

   Имрузхо дар бештари кишвархои дунё  дар самти фуруши шароб баъзе махдудиятхо  амал мекунанд ва хам чори шуда истодаанд.  Аммо ба ёди Шумо хам шояд бошад, ки дар гузаштаи на чандон дур дар кишвари мо хам баъзехо хамсояву хамдехаи худро барои шаробхори ва майнуши худашон «бе суду бе тафтишот» чазо медоданд. Маълум мешавад, ки дар гузаштаи дур хам хамин гуна мушкили будааст ва барои мубориза бо ин зухурот ва  ин гунахо роххои ачоибу гайриоддиро хам фикр карда будаанд. Вале чизи маълум ва рушан ин аст, ки то ин дам ягон роху тачриба боиси пурра нест шудани зухуроти майзадаги нашудааст. Хаёлам, ки дар гузашта  хам мисли имруз хам пулдор менушид ва хам камбагал, хам марду хам зан…. Акнун шумо хам ошно шавед, ки бо мардуми майхору «шароби»  дар гузашта чи гуна рафтор мекардаанд!  Читать далее →

9 ноябри соли 2010

      Танхо будан хам душвор будаасту бо хама ва миёни бисёри будан хам. Аммо  баъзан дар миёни анбух хам кас худро танхо эхсос мекунад. Аз хама дахшатбортар хамин гуна танхои аст! Боз чи дахшатбор аст? Хаёлам холате, ки як гурух шуморо бо кадом максаде ва ё чазо додани шуда, касдан танхо мегузоранд. Аммо холате хаст, ки шумо аз дигарон бо бартарияте, ки доред, канортар хастед, дар танхои хастед…Инро бошад, як бузурге на танхои, балки ягонаги гуфтааст. Танхои аз ягонаги харчанд ба зохир якранг бошанд хам, бо маъни ва бо мантикаш тафовут дорад!

         Имруз дар мавриди монологи як марди шоиртабиати шароби, расми мехмони рафтан, нафака ва як эълони Вазорати мехнат, гунох ва савоби Горбачёв, рохе, ки дар он ягон корманди БДА нест, мушкилии  нарасидани «одам» ва манфиати зану дустдоштаи бисёр навиштам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти