Бахшида ба 60 солагии шоир ва журналисти тавоно — ВОРИС (Урун Калонов)
“…Бегонагӣ девонагӣ мекунад. Мо натанҳо ба ҳамдигар, балки ба худамон бегона мешавем. Оташи шубҳа, хусумат ва нафрат бунёдамонро месӯзад. Дар шаҳри танг, деҳи танг, кишвари танг вақти роҳ рафтан китфҳо бо ҳам меҷанганд. На танҳо сарҳо, ҳатто китфҳо акнун табақа доранд. Мо ҳам табақабандӣ шудем. Табақаи ноф, табақаи ишкам, табақаи сина, табақаи гардан…” ВОРИС
Дар ин деҳа, ки сари бунёдаш ҳамеша баҳс аст ва дар ин роҳу пайроҳ, ки мардумони ҳамин як деҳа розиву норозӣ аз ҳама чизе, ки ба иродаи онҳо кам вобастагӣ дошт, ҳамдигарро баъзан хуш надошанду ҳатто мекӯфтанд, мардумон фикр мекунанд, ки ғайри онҳо дигар ҳама аҷиб асту ғариб. Агар ошкор ҳам, ки нагуфтаанд, ҳис мешавад, ки ҳар тасмимеро, сокинони ин деҳа, ҳатто мусафедони пири фартуташ ҳам доштанд, барои ҷамъи дигар мақбул набуд ва зарур ҳам. Ҳама инҷо фикр мекунад дилхоҳ кор, агар ҳатто пойи аспи колхозиро наъл задан бошад ҳам, касе ба ҷуз ӯ беҳтар наметавонист.
Мо ҳам намедонем, ки чаро мардумони ин деҳа фикр мекунад, ки садои думбраи Алӣ аз думбраи Валӣ беҳтар аст, зеро дар думбраи аввалӣ бибикалонаш, ки ними деҳа рӯйи дасти ӯ таваллуд шудааст, як чолбанд аст ё пупак аст, бофтаасту ӯ онро овезон кардааст. Мардуми деҳа ҷумбиши ҳамон риштаҳои муҳракашидаро дида, фикр мекунанд, ки ин думбра садои беҳтар дорад…Аҷиб ин аст, ки Аливу Валӣ ҳарду ҳам намесароянд. Фақат кам-кам менавозанд. Ва ҳоло мардуми деҳа ҳам пай набурдаанд, ки ин амал вақти кору бори дастаҷамъӣ гуё барои онҳо ҳам ки бошад, дар асл барои ин ҳарду навозанда муҳим аст, ки вақти навозиш ҷонҳояшон аз кори деҳа ва саҳро ба андозаи як оҳанги Карими шиш ё Ҳаким Маҳмуд роҳат мекунад.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 60 солагӣ, Ворис, Иттифоқи нависандагон, Сурхакчашма, Уруни Назар, гандум, орду дона, осиёб, сафедӣ, шеъру шоир, шоир, Ҳисори шодмон | Leave a comment »









