Мо аксаран тули умр ва ҳатто дар охирин нафасҳо ҳам барои наздиктарин нафаронамон васиятнома наменависем. Агар тамоми умр ин корро зарур нашуморидем, дар нафасҳои охирин ҳатман айбу шарму ким-чизи дигарро баҳона карда, тақдири ояндаи ҳар чизеро аз молу мулку пул ва сарвату хонаву ҳавлӣ, ки дорем, муаллақ мегузорему меравем. Ман ҳам ҳоло ин корро накардаам, яъне расман бо муҳри нотариус мушаххас накардаам, ки баъди сари ман чӣ аз кӣ хоҳад шуд (шояд барои он ин ки дар қиёс бо дигарон қариб ҳеҷ чиз надорам J) вале шифоҳӣ ин корро анҷом додаам ва фарзандонам медонанд, аз хонаву мошину ҳавлии нимсохте, ки ман дорам, чӣ чиз аз кӣ хоҳад буд!? Зеро дигар маълум аст, ки аҷал барои мо фурсат намедиҳем, ки фикр кунему қуръапартойӣ кунему маслиҳати касеро бигирему тасмимамонро ниҳойӣ кунему баъд сар ба болини марг гузорем.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: васиятнома, нотариус | Leave a comment »











