Ҳайронӣ (4)

Мо аксаран тули умр ва ҳатто дар охирин нафасҳо ҳам барои наздиктарин нафаронамон васиятнома наменависем. Агар тамоми умр ин корро зарур нашуморидем, дар нафасҳои охирин ҳатман айбу шарму ким-чизи дигарро баҳона карда, тақдири ояндаи ҳар чизеро аз молу мулку пул ва  сарвату хонаву ҳавлӣ, ки дорем, муаллақ мегузорему меравем. Ман ҳам ҳоло ин корро накардаам, яъне расман бо муҳри нотариус мушаххас накардаам, ки баъди сари ман чӣ аз кӣ хоҳад шуд (шояд барои он ин ки дар қиёс бо дигарон қариб ҳеҷ чиз надорам J)  вале шифоҳӣ ин корро анҷом додаам ва фарзандонам медонанд, аз хонаву мошину ҳавлии нимсохте, ки ман дорам, чӣ чиз аз кӣ хоҳад буд!? Зеро дигар маълум аст, ки аҷал барои мо фурсат намедиҳем, ки фикр кунему қуръапартойӣ кунему маслиҳати касеро бигирему тасмимамонро ниҳойӣ кунему баъд сар ба болини марг гузорем.

Ман ба таърихи муноқишаҳои оилавӣ, баҳсҳои манзилу хона миёни наздикон, фарзандони як падару модар ва хешу табор зиёд таваҷҷуҳ мекунам ва барои худам муътақид мешавам, ки қариб ҳамаи онҳо дар заминаи як чиз ба миён омадаанд ва дар як нуқта реша доранд – каси калонсоле, ҳамин васиятномаву тақсимотро вақти зиндаву ҳайёт буданаш анҷом надодааст. Касе фикр кардааст, ки ҳоло ӯ бардаму ҷавон аст ва вақти мурданаш нест, касе фикр кардааст, ки барои ин гуна васиятномаи тариқи нотариалӣ ба қайд гирифташуда зарурат нест, касе шояд шарм кардааст, ки ин корро анҷом бидиҳад ва аниқ аст, ки касе бовар намекард, ки фарзандони ӯ ҳамин гуна барои молу мулк ва ё шояд чанд садяк замин пагоҳ ҳамдигарро ба суд медиҳанд, латту куб мекунанд ва шояд ки мекушанд.  

Чун мо аксаран хеле содда фикр мекунему зудбовар ё хушбовар ҳам ҳастем, барои ба миён наомадани ҳамин гуна ҳолатҳо дар оянда ҳоло ки вақту фурсату имкони бештар дорем, машғул намешавем. Аз сӯйи дигар аксарият нисбат ба ҳама гуна ҳуҷҷатҳо хеле камаҳамият ҳастем. Ҳоло агар ҳисоб кунему санҷиш бигузаронем, ҳазорҳо хонае ҳаст, ки соҳибаш дар ҳуҷҷатҳо каси дигар аст, харидор онро пурра ба номи худ сабт накардааст, дар расиди истифодаи барқ номи ким-кадом соҳиби пешинаи ҳамон хонаву ҳавлӣ аст,  садҳо ҳазор кас дар хонаву манзиле зиндагӣ мекунанд, ки аз кадом хешу табори онҳо аст ва он хешу табор боз чанд фарзанду зане дорад, ки метавонад бо ӯ маҳз дар ин масоил ҳамфикр набошад. Кам нестанд оилаҳое, ки дар хонаи амак мезистанд ва баъди марги амак ҳамсари ӯ ин оиларо пеш кард ва ё гуфт, ки бояд хонаро холӣ кунанд. Маҳз набудани ҳамин гуна васиятнома, қарордод, шартнома ё кадом ҳуҷҷати дигар метавонад ба сари садҳо оила бало ораду ҳазорҳо тифлро бехонаву бемакон ва асабӣ кунад. Ҷониби дигар ҳам ҳақ аст охир. Расман манзили онҳост (ё молу ашёву таҷҳизоту моликияту замину ҳавлии онҳо),  марди хона ягон вақт ягон чӣ намегуфт, васиятнома нанавишта буд, як бор аз пеши ҳама хешону пайвандон нагузашта буд…

Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки фарзандони як падару модар баъди гузаштани волидон то ҳадде бо ҳам душманӣ меварзанду қаҳрӣ мешаванду рақиб мегардад, ки ба қавли момаи Иззатмоҳ, “иллоҳӣ тоба…”. Сабаби ҳамаи ин муноқишаҳои дуру дарози оилавӣ, деворҳои миёни ҳавлиҳои падарӣ, душманӣ миёни додару хоҳару аппа ва фарзандони онҳо, судбозиву мурофиаи зиёду баҳсу талошҳо – набудани ҳамин гуна васиятномае аст, ки пеши роҳи шояд тамоми ин гуна ҳолатҳоро мегирад. Вақте ки падар ё модар расман, тариқи наториалӣ худаш дорои ва доштаву надоштаи худро миёни наздиконаш тақсим кард ва нусхаи он ҳуҷҷатро ба дасти ҳар кадоми онҳо дод, дигар чӣ ҳолати баҳсӣ инҷо ҷой дошта метавонад? Ягон ҳолат! Касе аз наздикон суолу шикоят дорад, розӣ нест, ё агар он тасмими водидонашро қабул надорад, ҳангоми баррасии ин масъала байён мекунад ва фикр мекунам, онҳо якҷоя роҳи ҳалро метавонанд пайдо кунанд. Ин сад бор беҳтар аст аз ҳолате ки баъдтар ба миён меояду боиси беобуруйӣ, баҳсу талошу кашокашҳои зиёдатӣ мегардад.

Мушоҳида мекунам, ки ҳар қадар фарзандону наздикони як оила  шикастанафсу, қаноатпешаву босаводу донишманду доро ва мустақиланд, ҳамон қадар эҳтимоли ба миён омадани муноқишаҳои оилавӣ дар байни онҳо камтар мешавад. Ҳолатҳо печидаву мушкилтар мегардад, агар фарзандҳо саводи кофӣ надошта бошанд, қаноатпеша набошанд, обу рӯйи оилаву авлодро фикр накунанд, аз ранҷиши арвоҳи волидон парво надошта бошанд, бо ҳам қаҳриву ҷангӣ бошанд, якдигарро бад бубинанд, бародарону хоҳарони угай бошанд ва бадтар аз ин — ҳамсарону фарзандони гапногиру саркаш ва  ҷанҷоливу беандеша дошта бошанд.

  Мояи дигари нигаронӣ ҳоло боз ҳамин аст, ки муноқишаҳо на фақат миёни фарзандони волидони сарватманд, балки миёни фарзандоне ҳам сурат мегирад, ки падару модарашон  барои онҳо фақат як ҳавлича ва ё ду хонаи куҳнаро мерос мондаанд. Акнун тасаввур кунед, ки ин гуна муноқишаҳо, баҳсу судбозиҳо, ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ, ки дар он ҳаққу ноҳақро ёфтан хеле душвор аст, чӣ андоза сифати зиндагии инсонҳоро коста мекунад, вақту соати онҳоро мерабояд, ҳазорҳо сомонӣ пули онҳоро ба комаш фурӯ мебарад!? Дар ҳоле ки он метавонист бо як тасмими дурусти шумо, як тақсимоти одилона ва ба қайдгири нотариалӣ бо сарфи ночизе пурра ҳалли худро ёбад ё тамоман ба миён наояд. Ҳамин бепарвоиҳо, фориғболиҳо ва дуруст тасмим нагирифтанҳо ҳоло маро ҲАЙРОН мекунад. Наход барои ҳамин кор ҳам қонуни алоҳида, супориш, тавсияи ҳатмӣ ва ё ягон усули дигари маҷбуркунӣ лозим бошад?! Аҷобат ҳамин аст, ки ин гуна васиятномаҳо дар Амрикову Аврупо хеле роиҷанд, фақат мо —  дар кишварҳои пасошуравӣ ба он одат накардаем.

Варианти ба ҳар сурат мақбултар ба назари инҷониб ҳамин аст, ки ҳар кас дар вақти дар қайди хайёт будани худ бо маслиҳат, одилона ва оқилона молу мулку дороӣ ва сарвату ҳавлии худро, ки бе ин ҳам баъди вафот ба дасти фарзандону наздикон мегузарад, миёни онҳо тариқи васиятнома тақсим кунад. Дар он (ба хотире, ки баъзе фарзандони нохалаф волидонро аз ҳавливу хонаи худаш пеш накунанд) қайд кардани як ҷумлаи муҳиме, ки “ин тасмим фақат баъди марги ман ҳукми қонунӣ мегирад” кофӣ аст ва ба ҳама баҳсу моҷароҳо нуқта мегузорад.

PS: дар ҳошияи ҳамин мавод, ман намунаи чанд васиятномаи шавқовар, ғайриоддӣ ва аҷоибро (ки аз саҳафоти Интернет ҷамъоварӣ кардаам) бароятон пешниҳод мекунам ва умедворам, ки дар хулосабарории дуруст шояд бароятон кӯмак кунад.

  • Яке аз кӯтоҳтарин васиятномаҳо шояд ҳамоне бошад, ки онро Карл Тауш дар соли 1967 дар Олмон навишта буд – “Ҳама чиз аз ҳамсарам”
  • Вильям Шекспир дар васиятномаи худаш хеле муфассал навиштааст. Ӯ ҳатто онҷо навишта буд, ки ҳамон пойафзолҳои кӯҳнаашро ба кӣ бидиҳанд?!
  • Як бонкдор дар васиятномаи худ кӯтоҳ навишта буд, ки “Ман тамоман муфлисам” (ё ба қавли Хайрандеш – “Мо ҳам ба Худо, ки банкротем… :)” )
  • Як марди австралиягӣ васиятномаи тамоман аламовар навишта буд. Ӯ тамоми дороиву сарвату молу мулки худро ба дӯстони наздикаш, ба бунёди хайрия ва хизматгоронаш васият карда, ба занаш фақат як шиллинг монда буд, то онро роҳкирои трамвай карда, ягон ҷо равад ва худро дар об ғарқ кунад;
  • Васиятномаи як пулдоре аз Вермонт бо ному насаби Джон Боумен тамоман ғайриоддӣ буд. Пеш аз маргаш ӯ ҳамсару ду духтарашро аз даст медиҳад. Фикр мекард, ки онҳо ҳатман як рӯз бармегарданд. Дар васиятномааш ӯ навишта буд, ки ҳамон қасрашро ҳамеша тоза нигоҳ доранд ва ҳар шом барои чанд нафар (ҳамон зану духатарони вафоткардааш) хурок омада кунанд. Джон соли 1891 вафот мекунад, аммо оростани мизи хуроки шомро фақат дар соли 1950 бас мекунанд, ҳамон соле, ки пулҳои он сарватманд барои иҷрои ҳамин кору амал тамом мешавад.
  • Овозхону шоумен — Фрэнк Синатра, ки пули зиёду молу мулк ҳам доштааст, онҳоро ба ҳамсару фарзандонаш васият карда будааст. Дар васиятномаи ҳамин шахс як нуктаи муҳиме будааст, ки “ҳар касе баъди марги ӯ аз ин васиятнома розӣ несту шикоят мебарад, аз ҳама чизи ба ӯ васиятшуда ҳам маҳрум шавад”. Баъди ин дигар кадоме аз наздикон баҳс мекунад? Ягон тоаш албатта!!!
  • Нависанда ва журналисти машҳур — Хантер Томпсо соли 2005, замони 67 сола буданаш ба хотире, ки ба наздиконаш сарборӣ нашавад, худро парронда буд. Баъди ин ҳодиса наздиконаш ҳамон як мусоҳибаи ӯро, ки соли 1978 анҷом шуда буд, ба хотир оварда, маросими гуру чӯбашро  ҳамон тарзе, ки худаш онҷо нақл карда буд, баргузор мекунанд.
  • Самуэл Братт-як сарватманди шухтабиат будааст, ки сигараи зиёд мекашидааст ва дар ин замина ҳамеша бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол доштааст. Қисми дороии худро иборат аз  330 000 фунт ба ҳамсараш васият мекунад ва фақат шарт мегузорад, ки дар сурате ин пул аз они ҳамсараш мешавад, ки ҳар рӯзе 5 дона сигара бикашад…
  • Леона Хелмсли, пиразане буд, ки дар васиятномааш 12 миллион доллари худро ба сагчааш БЕДКА бахшида буд.
  • Васиятномаи як зани хонашин аз ИМА бо ному насаби Фредерик Эвелин Стилуэл Кук аз 95 000 калима иборат будааст. Он васиятномаро ин бону дар тули 20 соли умраш навишта будааст. Ӯ ягон молу мулки ғайриоддӣ надоштааст, фақат дар он васиятномааш дар бораи ҳамаи дӯстон ва ҳатто душманонаш ду се чумлаӣ гуфтааст.
  • Нависанда Лев Толстой аввал мехоҳад, ки ҳуқуқи бознашри асарҳояшро ба ХАЛҚ бидиҳад. Баъд барояш мегӯянд, ки ӯ бояд ҳатман номи касе нависад. Ӯ ному насаби ҳамсарашро нанавишта, ин ҳуқуқро тариқи васиятнома ба духтари хурдиаш — Александра медиҳад.
  • Пули мушаххас ва калонро дар васиятномаи худ Генри Форд овардааст. Ӯ онҷо навишта буд, ки 500 миллион долларашро миёни 4157 муассисаи таълимӣ ва хайриявӣ баробар тақсим кунанд.
  • Як адвокате бо ному насаби Ти Зинк занҳоро он қадар хуш надоштааст ва бо онҳо ҳамеша муноқиша мекардааст. Вай дар васиятномааш соли 1930 менависад, ки бо пулҳои ӯ китобхона созанд ва онҷо фақат ҳамон китобҳоеро ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ кунанд, ки муаллифонаш мардҳо ҳастанд. Ҳатто аввал мехостааст дар он васиятномааш нависад, ки ба он китобхонаи бо пулҳои ӯ сохта шуда ягон зан ворид нашавад, вале баъд аз ин тасмим мегардад. Аҷиб ҳамин аст, ки ба духтараш (ки баъдтар ҳатто аз рӯйи ҳамин васиятномаи падараш ба суд ҳам муроҷиат карда будааст) ӯ ҳамагӣ 5 доллар васият карда будааст.
  • Васиятномаи тамоман ҷолибро нафаре бо номи Джордж навишта будааст. Ӯ ҳама сарваташро, ки бештар аз 65 миллион доллар буд,  аз роҳи синамо ба даст оварда буд.  Ҳамаи он пулро ӯ тариқи васиятнома ба сагаш мебахшад. Ба ҳамсараш, ки фақат бо ӯ ҷангӣ будааст, ҳамагӣ 1 сент васият мекунад.  Ҳамсараш, ки акнун чандин солу “обу нон”-и оқилу босаводу миллиондорро хурда буд, роҳи ҳалро пайдо мекунад. Вай ба ҳамон саги миллиондор расман оиладор шуда, никоҳи худро ба қайд мегирад. Яъне, вақти мурдани саг ӯ дигар ҳамсари бевамондаи (саг ҳам ки бошад) “як миллиондор” буд…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти