Баъди он, ки аксарияти мошинҳои кӯҳнаву фарсуда аз шаҳр бурун шуданд, ин ҷойҳо сермошин гашт. Аксарияти он мошинҳоро, ки акнун кирокашӣ мекунанд, онҳое ронандагӣ мекунанд, ки аз Русия депорт шуданд ва ё дигар хоҳиши ба онҷо рафтан надоранд. Ба болои ҳамаи ин мардумони дигар ҳам як одату кори аҷиби дигарро дар ҳамин чанд соли охир ёд гирифтанд — дигар барои кору бори худашон шаҳр рафтанӣ шаванд ҳам, ҳатман ба ин нуқта омада, се-чор мусофир мегиранд ва баъд суйи шаҳр ҳаракат мекунанд. Кадом шабе мардум дар масҷид ҷавонеро мазаммат кардаанд, ки падари беморашро дар курсии пеши мошинаш шинонида, як соат дар ҳамин истгоҳ мусофир кофтааст …
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: гун шудан, деҳа, мусофирон, сафар, смс, такси, телефон, хиёнат | Leave a comment »








