Се кунҷи як сафар (ҳикоя)

Баъди он, ки аксарияти мошинҳои кӯҳнаву фарсуда аз шаҳр бурун шуданд, ин ҷойҳо сермошин гашт. Аксарияти он мошинҳоро, ки акнун кирокашӣ мекунанд, онҳое ронандагӣ мекунанд, ки аз Русия депорт шуданд ва ё дигар хоҳиши ба онҷо рафтан надоранд. Ба болои ҳамаи ин мардумони дигар ҳам як одату кори аҷиби дигарро дар ҳамин чанд соли охир ёд гирифтанд — дигар барои кору бори худашон шаҳр рафтанӣ шаванд ҳам, ҳатман ба ин нуқта омада, се-чор мусофир мегиранд ва баъд суйи шаҳр ҳаракат мекунанд. Кадом шабе мардум дар масҷид ҷавонеро мазаммат кардаанд, ки падари беморашро дар курсии пеши мошинаш шинонида, як соат дар ҳамин истгоҳ мусофир кофтааст …

Читать далее →

Гуноҳкада (ҳикоя)

(Хилватгаҳи ду гунаҳкор)

Фақат кофӣ буд, ки дару тирезаи ин хона кушода шавад. Гӯё банди дили ин ду меҳмон буд, ки кушода мегашт. Насими тирамоҳ бо панҷаи сарду шахшул он чеҳраҳои тарсхӯрдаро ламс мекард. Гӯё кадом паёму пайғомеро аз дуриҳо барои меҳмонони ин хона меовард. Оби чашм буд ё оби рӯ ва ё обрӯ, ки ҳамин ҷо сад карат бо роҳи ҷӯяҳои аз ғами зиндагӣ ва зистан пайдошуда поин метаровид. Накҳати гуворои фазои ин хона қариб ҳамеша ба ҳадди ифрот мерасид. Фурсати андак ҳоло нагузоштааст, ки фазои ошхона ғайри бӯйи ҳамин гулоби занона бо кадом бӯйи дигаре ошно шавад. Ҳамеша баъди ин вохӯриҳо ғайри он чизе, ки дар сарҳову дилҳо монда буд, як халта пур аз пӯчоқу қуттии ширинӣ, зарфҳои нӯшоба ва гоҳе пасмондаи сигору хокистари тамоку боқӣ мемонд…

Читать далее →

Шустушӯ (ҳикоя)

Ҳамин андешаву фикр агар сӣ сол пештар ба сараш меомад, шояд он касе набуд, ки имрӯз аст. Ҳароина беҳтар аз ҳамин рӯзаш рӯз медошту хубтар аз ин шабҳояш шаб. Он замон ҷуръати бештарашу саҳнасозиҳояш аз ҳар ҷуръа май аз буфети ягонаи маркази колхоз то хонааш мисоли як филми фоҷиавӣ буд, ки гӯё сенарияи он пеши чашми мардум — раҳораҳ эҷод мешуд. Чӣ гапҳое дар мастиву ҳушёриаш мегуфтанд ва чӣ насиҳатҳое аз касу нокасҳо мешунид…Он сӯйи даҳлези гӯшҳояш гӯё ғори бетаге буд, ки ҳама насиҳату маслиҳату ҳатто таҳдидҳоро аз худиву бегона ва худиҳои кайҳо бегонашуда бенишон ва бенатиҷа фурӯ мебурд. Магар он вақт мисли имрӯз дар ҳошияи боғчаи гӯё бесоҳибашу мизу курсиҳои аз кундаи дарахт ва бо дастони ҳунарманд сохтааш талх мегирист? Албатта мегирист, аммо мардуми ҳушёр намефаҳмид ӯ чаро мегиряд?! Ва он гиряи мастона мушаххасан мисли имрӯз гиря барои худашу ба ҳоли худаш набуд…

Читать далее →

Чанд нишонаи хиёнати як мард.(на Факат барои занхо!)

Мутаассифона, падидаи накухидаи хиёнат дар бархе аз мардон мушохида мешавад, ки дар нихоят мучиботи тахрифи равобити хонаводаро фарохам хохад овард. Дар ин кисмат ба чанд нишонаи хиёнат дар мардон ишора мекунем. Ин алоим (аломатхо) мумкин аст шуруи киссае гамангез бошад, пас саъй намоед хавоси худро бештар чамъ кунед. Читать далее →

Чанд сабаби хиёнаткории занхо!

  Сабабхои хиёнаткории занхо метавонанд, гуногун бошад. Инчо мо чанд сабабро оварда, хеч гох намехохем, ки шумо баъди ошнои бо  он ба хамсарони боаклу донои худ, ки кучое кор хам  мекунанд бо шубха назар кунед. Муносибатхо метавонанд комилан гуногун, фарккунанда ва фиребанда бошанд!  Кадом сабабхо боиси хиёнати зан мешаванд? (Бояд гуфт, ки мо аксаран бевафои ва хиёнаткории мардхоро чидди кабул намекунем ва ё баъзан чун кадом «кахрамони» кабул мекунем. Дар мавриди хиёнаткорихои мардхо  ва окибати он ягон вакти дигар хохем гуфт! ) Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти