Охири рох ва мох. Охири маош!

         Нарххо имрузу хар руз боло мераванд.(Баъди бандшавии каторахои сузишвори ва маводи дигар, баъди селу жола ва таъсири бади он ба кори дехкон дигар ба ин чиз шубха нест!) Ман ва хамкасбони ман ба гурухи мардуме ворид хастем, ки нисбат ба ин зухуроти аксар вакт сунъи сохташуда, бетафовут буда наметавонем. Дурустараш болоравии нарх ва кариб нонамоён шудани маош мардуми ин гурухро, ки аксариятро ташкил мекунанд, ба ташвиш меорад. Коидахои бозори бо коидахои нонавиштаи мардуми савдогар ва онхое, ки ин хама чараёнро дар бозорхо «назорат»  мекунанд, омехта гашта, бори вазнинро факат ба души онхое бор мекунад, ки хар мох мунтазири маош хастанд ва дигар манбаи иловагии даромад надоранд. Албатта хукуматдорону рохбарон гунахкор нестанд, ки мардум манбаи иловагии дарёфти маблаг дошта наметавонад ва ё надорад, аммо факат хаминро шиор кардан хам дуруст нест! Зеро бештари корхое, ки аслан бояд барои мардум анчом дода шавад, он хам дар сатхи зарури  анчом намеёбад. Бигирем хамон сифати махсулоти хурокаро!

Рох суи сифат ва зебои беохир аст?

     Дар карибии манзили зисти мо як магозае хаст, ки мардуми атрофи он кариб хама номгуи маводи гизоии онро на як бору ду бор бо сабаби он, ки мухлати истифодааш гузашта буду хатто хавфнок хам шуда буд, ба он фурушанда баргардонидаанд. Ман хатто ба хулосае омадаам, ки шояд дар Душанбе дар кучое анбори пинхонии махсулоти сифаташ пасту мухлати истифодааш гузашта ва гайрикобили кабул амал мекунад, ки мардуми «вафодор»-и савдогар махз аз хамон чо махсулоти арзон ва бесифатро ба магозахои худ –ба кунчу канори дигари  ин шахр  (ва шояд тамоми кишвар!) мекашонанд. Вагарна як бор баргардонидани махсулоти фурухташуда ба он точир бояд дарс шавад-ку? У бояд аз рафтани мизочонаш дар харос бошад. Аммо ман дар мисоли хамон магозаи назди хонаамон хис мекунам, ки ин тавр нест! Ман аз сихатии кудакон-насли оянда- хавф дорам! Ва баъди хамаи ин хайрон мешавам, ки чи гуна метавонад, ки махсулоти бесифату пастсифат ва мухлати истифодааш гузашта ба магозахо рох ёбад? (Мисли он, ки ханузам хайронам, ки наход барои мо когази ташнобро хам аз Узбакистон биёранд?!)

      Ман ба хамаи кормандони макомоти андоз, агентии «Точикстандарт» ва нафарони масъули дигар пешниход мекардам, ки вакти сахар хамон мошинхои яхмос, нони хушк (сухарики), картошкаи хушк (чипси) ва махсулоти дигари хурокаро, ки ба магозахои лоакал назди хонаи шумо меоянд, тафтиш кунед!  Масалан, ман дируз дар як магозае вакти сахар мушохида кардам, ки нони хушки истехсоли Украина бо номи «Флинт»  дар халтахое ба магоза дароварда шуд, ки аслан хакики будани онро зери суол мебарад. «Флинт» (ва боз сад чизи дигар!) дар Душанбе алакай (ва кайхо!) калбаки аст, чанобон! Шумо як бор аз пушти мошине, ки сахари ба магозаи назди хонаи Шумо хасиб меорад, биравед, ку то кучо мебарад он?! Бовар кунед- ман бовари надорам, ки гарами хасибхои калбаки ва бемаззаву пастсифатро масъулон дар магозахои атрофи саристгохи рохи охан то мехмонхонаи «Пойтахт»  надида бошанд!?  Истехсолкунандаи беимону беинсофи ватани хамватанонро ба тадрич кушта истодааст!

Ман шояд хато мекунам, аммо дигар ба «духтурон»-и бозор ва ичозатномахои сифати болои чаккаву тухму гушт, ба нозирони сифати махсулот ва назорати пардохти андозхо,(ки бояд додани чекро назорату танзим кунанд!), ба гумрук, ба сертификатхои гуногуни сифат ва шаробхои истехсоли худи  ва бегонахо… бовари НА-ДО-РАМ!

Фосила!

        Сифати махсулоти хурока боз аз он чихат  мухим аст, ки вай бевосита ба мардуми одди, зиёиён ва маошгирони бе манбаи иловагии даромад дахл дорад. Зеро  он гурухи сарватмандон, ки холо аз мардуми одди руз то руз дуртар шуда истодаанд, аз он магоза ва нуктахое, ки дигарон ва метавон гуфт, ки аксарият харидори мекунад, чизе намехаранд ва боре хам ба он чойхо ворид нашудаанд. Зиёиён, ки «хазинаи тиллоии миллатанд», имруз бесифаттарин махсулоти гизоиро мехуранд. (Ва бесифаттарин нушокиро менушанд!)  Боре ман бо бахонаи дастшуи ба нуктаи тахияи гизохои як ошхонае ворид шудам, ки ончо аксарияти мардуми рузноманигор хурок мехурад…

Агар сифати кору сифати махсулоти гизои дар нуктахои хуроки умуми назорати чидди карда мешуду нозирон аз «як пиёла чой»-и сарварони хамин гуна нуктахо худдори мекарданд, ин кадар ифлосиву бетартибиву форигболи нисбат ба сихатии инсонхо боло намегирифт ва бештар намешуд! Имруз дар як шахр- дар як фазо хама чиз ду нусха дорад-барои бой ва камбагал, фосила миёни як магозае, ки ба он вазир ворид мешавад ва магозаи як муаллими одди ва ё рузноманигор аз ин  чо то Бухоро аст!

Киссаи нолахо аз Малах ва Лой !

        Аз эхтимол дур нест, ки дар замонхои кадим хам ба заминхои мардуми кишоварз малахи зиёд хамла мекарду афзоиш меёфт. Ва мардуми камбагал, ки аксар дар он заминхо кор мекард, факат ба умеде, ки серпул шаванд, яъне пулхои онхо низ мисли малах зиёд шаваду «бачча кунад»,  пулро ба малах монанд мекарданд. Ва шояд аз хамон давра  пулро дар забони гуфтугуи мардуми одди- МАЛАХ мегуянд. Вале новобаста ба ин имруз хам малах зиёди зиёд асту пул ками кам! Лой хам ба хайси яке аз номхои пул миёни мардум эхтимол хамин гуна ворид шуда бошад. Бисёр ки буд (ва хаст!), онро мардуми одди ба пул часпониданд, ки пулхояшон хамин гуна бисёр шавад. Ва ин ду мафхумро мушаххас аст, ки мардуми одди ворид кардаанд ва оммави шудааст. Зеро дар замонхои кадим хам мисли имруз на заминхои мардуми бойро малах мезаду на кучахои онхо пури лой буд!

Ин ягон тадкикоти таърихи набуд. Ман факат хостам, ки ягон хел вобаста карда, суханро дар ин зерсахифа идома бидихам. Яъне, ки тафовути бештар дар маоши мардуми мансабдор ва мардуми одди, имруз боиси он гаштааст, ки дар ин кишвар хама чиз ду нусха дошта бошад!  Молхо як чо сифатноку киммат ва чои дигар хамон тамга-бесифату на арзон! Имруз аксарият, мисли ман, шояд намедонад, ки мувофики хулоса ва тавсияхои олимону мутахасисони дигар, мардум  чи чизхоро бо кадом микдор дар як руз ё мох бояд истеъмол кунад!? Ман хеле зиёд мехостам, ки хамин мавзуъро кормандони Радио ва ТВ ба хайси мавзуи руз интихоб кунанд ва хар замон дар борааш бигуянд. (мисли мавзуи зарари телефонхои мобили!) Он вакт мардум мефахмад, ки у ва кудакаш чи чизро кай ва бо кадом микдор бояд истеъмол кунад! Бовари дорам, ки он замон кариб хама сари маоши каму даромади ночиз карор мегиранд. Вокеан хам маоши миёна бояд лоакал барои  хамон сабади истеъмоли басанда бошад. Вале ин тавр нест!  Дар Душанбе, ки маоши миёна худуди 600 сомони будааст, ин кор-яъне пурра мутобикат кардани маоши хармоха бо харчи мохона холо мушохида намешавад!

Биёед, барои санчиш ва хулосабарори харчи як мохаи оилаи маро хисоб мекунем. (Харчанд, ки наметавон онро меъёр гуфт!)  Ман дар охир хохам гуфт, ки даромади мохонаам чанд сомони аст!

  • Пули тахсили писари калонии ман дар мактаби миёна бо иловаи маблаги харруза барои гизои у дар мактаб -90 сомони
  • Як халта орд- худуди 90 сомони
  • Равган-37,5 сомони
  • Маводи дигари гизои (картошка, пиёз, сабзи ва г.)-250 сомони
  • Маблаги шартномаи богча барои писари хурдии ман-30 сомони
  • Маблаг барои партов-5 сомони
  • Маблаги истифодаи телефони хонаги –аз 30 то 45- сомони
  • Рохкиро ва маблаги гизо барои ду кас (ману хамсарам!) дар чои кор-520 сомони
  • Мевачоту ширини, ки кариб ки хар руз барои хонавода, махсусан кудакон, харидан зарур аст-худуди 100 сомони
  • Маблаги истифодаи барк (бо назардошти набудани гази табии!) -50 сомони
  • Маводи гигиени барои ахли оила (мисли хамираи дандону маводи аттори ва г.)- 90 сомони

 Иловахо, иловахо…

     Илова ба хамаи ин дар холи кам нашудани таъсири бухрони молияви (мисли зиёд нашудани маош!)  ва болоравии нарххо  боз барои ба кучое тамошо ва истирохат бурдани кудакон, супоридани баъзе андозхо, ба деха ба аёдати волидон рафтан, шомгох як соат биллиардбози кардан, ба туй ва ё махфили дусту рафику хешу табор рафтан, пардохти комуннали, хар хафта харидории газетахо, баъзе китобчаву мачмуахо, касалшавиву нотоби, ашёи рузгору хочаги ва мисли ин бояд мабалаги муайянеро сарф кард.

 Ин дар холест, ки ман холо мошин надорам ва сарфаи мохонаи онро барои сузишвори ва кисмхои эхтиёти  хисоб накардам, тавсияхои духтуронро барои истифодаи доими ва мукарраршудаи витаминхо ва маводи барои сихати зарури ба инобат нагирифтам, аз такси неву аз мусофирбархои хурди хитои истифода мекунам, бо ахли оилаву дустону наздикон пайваста ба ресторану консерт ва марказхои дилхуши намеравам, нимаруз факат як намуд гизо фармоиш медихам, кудаконам дар мактабу богчаи одди таълиму тарбия мегиранд, либосу пойафзолро аз бозорхо харидори мекунам ва комилан маблаги пулие захира намекунам!

 Агар хамаи ин маблагхоро чамъ кунем – 1307,5 сомони бе иловахо хохад буд. Иловахое, ки дар боло гуфтам, аз хама кам 500 сомониро ташкил мекунад! Хулоса, ки сарфи як  мохаи ман аз маошам (бе хисоби иловахо!) 607,5 сомони (ва бо иловахо 1107,5 сомони!) бештар аст!

     Ё ман исрофкор хастам ва ё бояд бо оилаам дар Душанбе зиндаги накунам! Вале аламовар хамин аст, ки имруз дар Душанбе ва дар кишварамон мисли ман будахо хар кучо хастанд ва аксариятро ташкил мекунанд!  Ва он аксарият имруз хайрон аст,  ки  «чаро дар охири маош мох ин кадар зиёд мемонад?»

 

комментария 4

  1. Салом…Бехтарин навишта….ана хакикат дар кучо будааст….агар сарфи мохона ин микдор маблагро ташкил бидихад, солонааш……дуруст аст, ки харчи мо нисбат ба даромад зиёдтар будааст….

    Нравится

  2. Акаи Субхон ин капитализм аст охир .Капитали Карл Марксро хондан дар кор! Дар капитализ бояд норасогии пул хис карда шавад ва карздорхо бояд хеле зиёд бошанд вагарна у капитализм нест.Чихеле,ки Маркс гуфта буд «асоси капитализм ин истисмори синфи коргар ва ба даст овардани арзиши изофа аст.»Агар хохед ки аз ин вартаи иктисоди халос шавед аз синфи коргар баромада ба синфи истисморгар дохил шавед ! фикри ман хамин Акаи Субхон шумо тарафдори фикри ман ё зид?

    Нравится

    • Саломалейк…..Ман тарафдори фикри шумо, бародар! Лекин агар роххои баромадан аз синфи коргарро хам менавиштед, миннатдор мешудам 🙂

      Нравится

      • Салом. Ман нафахмидам, агар хама мисли Шумо бо тавсияи касе аз синфи МО-коргарон рафтани шаваду капиталист шавад, мо бояд чи кор кунем? :)Бовар кунед, ки ба БОЛО ба синфи дигар рафта на мехрро мебинеду на мухаббату дустдориеро, ки ИНЧО хаст…

        Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти