Портленд ин субх борони буд. Вале атроф гуворо ва зебо аст. Мисли он, ки касе бароятон роххои ин шахрро об задаву бе чангу гард сохта бошад. Мисли рузхои гузашта утоки хоби ман гуё «штаб» аст. Соати 8:30 хама чамъ мешаванд… Тибки барнома имруз моро аввал вохури дар Созмони Чамъиятии «Мухочирону гурезахо» — IRCO интизор аст. Ин мавзуъ барои ман хамеша шавковар аст. Мухочирон дар тамоми дунё буданд, хастанд ва дар идома низ меомнанд. Барои ман хатто мавзуъи мухочирати дохилии Точикистон низ шавковар аст…(аламовар хам!)
IRCO — яке аз он созмонхоест, ки мухочирону гурезахо дар ончо чамъ шуда, забон меомузанд, тартибу кавоиди зиндаги дар Амрикро ёд мегиранд, чойи кор ва зист пайдо мекунанд. Дар девору рохравхои ин созмон харитаву суратхо часпонида шудааст, ки хам барои омузиш асту хам барои саргарми. Синфхонахо барои онхое, ки забони англисиро тамоман намедонанд, мисли синфхонаи синфхои якуми мактабхои мо аст. Аммо барои онхое, ки аллакай саводи бехтар доранду пеш рафтаанд, синфхонахои замонавии компютери фаъолият мекунанд. Сарвари ичроияи ин созмон Сохом ТАУЧ, ки зодаи Камбоча буда, дар чавони якчоя бо гурухе киштии харбиеро рабуда, ба воситаи Филлипин ба Пенсилвания ва баъд ба Портленд омада будааст. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Портленд, ТВ ва радиои Амрико, гурезахо, журналситони точик, корт, мачлис, мухочирон, IRCO, хабарнигор | Leave a comment »











