Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (12)

Портленд ин субх борони буд. Вале атроф гуворо ва зебо аст. Мисли он, ки касе бароятон роххои ин шахрро об задаву бе чангу гард сохта бошад. Мисли рузхои гузашта утоки хоби ман гуё «штаб» аст. Соати 8:30 хама чамъ мешаванд… Тибки барнома имруз моро аввал вохури дар Созмони Чамъиятии «Мухочирону гурезахо» — IRCO интизор аст. Ин мавзуъ барои ман хамеша шавковар аст. Мухочирон дар тамоми дунё буданд, хастанд ва дар идома низ меомнанд. Барои ман хатто мавзуъи мухочирати дохилии Точикистон низ шавковар аст…(аламовар хам!)

IRCO — яке аз он созмонхоест, ки мухочирону гурезахо дар ончо чамъ шуда, забон меомузанд, тартибу кавоиди зиндаги дар Амрикро ёд мегиранд, чойи кор ва зист  пайдо мекунанд. Дар девору рохравхои ин созмон харитаву суратхо часпонида шудааст, ки хам барои омузиш асту хам барои саргарми. Синфхонахо барои онхое, ки забони англисиро тамоман намедонанд, мисли синфхонаи синфхои якуми мактабхои мо аст. Аммо барои онхое, ки аллакай саводи бехтар доранду пеш рафтаанд, синфхонахои замонавии компютери фаъолият мекунанд.  Сарвари ичроияи ин созмон Сохом ТАУЧ, ки зодаи Камбоча буда, дар чавони   якчоя бо гурухе киштии харбиеро рабуда, ба воситаи Филлипин ба Пенсилвания ва баъд ба Портленд омада будааст. Читать далее →

Замзама!

       Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли дар огоз вокеан хам лахзаи хеле хотирмон дошт. Ё ман кам ТВ тамошо мекунам ва ё вокеан хам ин бори аввал буд, ки  аксари намояндахои мардуми ва аъзоёни хукумат Суруди Миллиро замзама мекарданд. Ё оператор-наворбардори ТВ бомахоарт буд ва ё шояд ин гуна эхсос аз он буд, ки имсол ин макоми баланди конунбарори кишвари мо 15 сола мешавад. Хар гунае, ки набошад, кормандони ТВ нишон доданд, ки намояндагони хукумат ва намояндахои мардум зери лаб суруди миллиро замзама мекунанд. Читать далее →

Мо корвонем!!!

       Дар охирин чаласаи Шурои Мачлиси Милли зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаррар гардид, ки  минбаъд матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда шуда, лоиҳаи санади меъёри ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор бо забони давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Ин дархол боиси  дар матбуоти руси-хам рузномаву хам сахифахои интернети- пайдо шудани як навъ  «нигарони»  шуд. Ачоиб ба назари ман хамин  чиз аст, ки вакти дар Точикистон кушода шудани Донишгоху мактабу филиали макотиби олии руси он мардум хомушанд,  намегуянд, ки  «ин Точикиситон аст, ки барои хамин гуна муассисот ичозат дода истодааст, ташаккур».  Дар кишвари дигар, масалан хамон Украина, ки то чое бо русхо решапайванди хам доранд ва ё Гурчистону Эстонияву Латвия ва Литва  оё метавонанд, ки хамин гуна шумораи зиёди макотибу марказхои русиро фаъол кунанд? Онхо хам як замоне «узви хамон оилаи калони СССР»  буданд ку?!  НЕ! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти