Чашни истиқлолат муборак, Ватан!!!

      Ман дар шахр зиндаги мекунам. Аммо хайёлу хумори деха маро сўяш мекашад. Роххои хокии дехаам  ханўз кафи пойи урёни маро дар ёд доранд ва ба кавли Бозор дар кундаи хар чанору беду сафедораш, гуё як кўзача кудакии тиллоии ман нухуфта аст…

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (8)

     Мардумонат одату урфу анъанаи хубу шоистае доранд, ки тули солхо онхо хифз мекунад. Аммо наметавон гуфт, ки одату урфу анъанаи ношоистае надоранд. Мо надоштахоеро, ки бояд дошта бошем, зиёд дорем, мисли он, ки доштахоеро, ки бояд надошта бошем, кам надорем! Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (6)

     Точикистон! Ту диёри мардуми ба сурат ва ба сират зебои! Туро аз  сад обу оташ азизу шахиду авлиёат хифз карданд!  Мардуми  худододат зиёданд! Аммо бадгу ва бадниятонат низ, ки  чун магасе хамеша руи захмхои хануз шифо наёфтаат менишинад, кам нестанд! Онхоро ободихоят, баландихоят, шукуфтанхоят, пару болат мекушад!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!  

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (4)

        Диёри камзаминам! Мебини, ки киммати хар вачаб хокат хар соат меафзояд? Заминфурушонро сархаму шарманда мебини? Мукаддаси ту!  Дилам аз дидани талу теппахои сунъи ва обу дарёи сохта гул намекунад, хатто тани бечони ман дар огуши хоки бегона норохат хохад буд … Канорат мисли канори модарам гарм асту нарм!

 Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти