Мухочирон ва мухочират!

         Ба хама маълум аст, ки мухочират кардан ба кишвархои дигар барои кор, хусусан ба Русия чанд сол аст, ки давом дорад. Сабабхо хар гуна мешаванд, вале агар хато накунам, аксари мардуми точик, хатто занхо хам  бештар ба хотири пайдо кардани чои кор ба Русия мераванд. Мутаассифона, баъзехо гирифтори фиреби корфармо мешаванду хакки кори худро ногирифта бармегарданд, баъзеи дигар бошад бо сабабхои гуногун ё саломатии худро аз даст додаанд, ё ин ки чисми бечони онхоро ба ватанашон меоранд.     

Маълумоти поёниро ман аз сахафоти гуногуни интернет чамъ овардам, ки шояд барои шумо шавковар бошад. Читать далее →

Чаро дигаронро тахкир мекунем?

Мо точикон хазорон хусусияти хубу нек дорем, аммо дар баробари ин хусусиёти хуб гохе низ ба вижагихое бармехурем, ки чандон хушоянд нестанд. Бархе аз мо дар хона, коргох, мактаб, куча ва ё чои дигар одат дорем, ки дигаронро тахкир кунем, ба таври мисол барои дигарон ном бигзорем ё бо таъна ва киноя ба онхо неш ва захми забон бизанем… ва гайра. Читать далее →

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (6)

     Точикистон! Ту диёри мардуми ба сурат ва ба сират зебои! Туро аз  сад обу оташ азизу шахиду авлиёат хифз карданд!  Мардуми  худододат зиёданд! Аммо бадгу ва бадниятонат низ, ки  чун магасе хамеша руи захмхои хануз шифо наёфтаат менишинад, кам нестанд! Онхоро ободихоят, баландихоят, шукуфтанхоят, пару болат мекушад!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!  

Нигох аз толор!

     Чанд руз пештар (29 апрел) Рузи байналмилалии Ракс буд. Барои ман дубора шавковар шуд, ки ин сана ба  рузи таваллуди як марди фаронсавии раккос -Жан Новер (1727) вобаста будааст. Як зани раккос не, як мард! Ва ман баъди ин  дар мавриди ракси мардона боз амиктар фикр кардам.  Маълум аст, ки  на факат точикон ракси мардона доштаанд,  аксари миллату халкиятхои дунё ракси ба худашон хоси мардона доштаанд ва холо хам доранд! Ман албатта  пеш аз хама аз мардхои раккоси точик узр мепурсам, вале мехохам пурсам, ки барои чи ракси мардони мо баъди хама гуна талошу кушишхо хам кариб ки хамон ракси занона аст? Ё ин хамин гуна ба назари ман метобад? Читать далее →

Замзама!

       Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли дар огоз вокеан хам лахзаи хеле хотирмон дошт. Ё ман кам ТВ тамошо мекунам ва ё вокеан хам ин бори аввал буд, ки  аксари намояндахои мардуми ва аъзоёни хукумат Суруди Миллиро замзама мекарданд. Ё оператор-наворбардори ТВ бомахоарт буд ва ё шояд ин гуна эхсос аз он буд, ки имсол ин макоми баланди конунбарори кишвари мо 15 сола мешавад. Хар гунае, ки набошад, кормандони ТВ нишон доданд, ки намояндагони хукумат ва намояндахои мардум зери лаб суруди миллиро замзама мекунанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти