Чашни истиқлолат муборак, Ватан!!!

Хар чо ки намеравам дилам волаи туст,

Дар руи дилам шукуфтани лолаи туст.

Кишлокаки ман, пушти маро кас нагирифт,

Дар пушти сарам чанори садсолаи туст…

Диёри чанорхои садсола ва мазраи хоки азизу авлиё , Точикистони азиз, ид дорад!   Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!

Чашни истиқлолат муборак, Ватан!!!

Ман дар шахр зиндаги мекунам. Сари чанд вакт ба деха меравам. Рохам аз байни куху дашту сахро мегузарад. Шарфаи обхои муссафову чонбахш ба ман оромиву фарах мебахшад. Ба чонам нафаси тоза мерасад, хотирам чамъ мешавад… Ман дар бозгашт ба шахр мехру мухаббату  самимият меорам! Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (5)

      Ман наметавонам чудо кунам, ки барои чи туро дуст медорам! Ман наметавонам гуям, ки фалон дарёатро дуст дорам ва фалонашро на, ман намегуям, ки ин канорат бехтар асту он кунчат на. Ту саросар зебои, хар кунчат чун нигини накшини як халкае гардани дунёро зеб медихад, ту монанд надори!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак , Ватан!!! (1)

       Ту акнун мисли чавони зебову навкади, ки бо диданат хама мафтун мегарданд. Ту неку бадро дарк мекуни, ту дусту душманро мешиноси, ту миёни худиву бегона фарк гузошта метавони…

Чашни Истиклолат муборак , Ватан!!!

5 гапи хафта (Нигох)

   Ин мавод дар шумораи хамин хафтаи газетаи «НИГОХ»  нашр шудааст. Ба худ фикр кардам, ки аз  холи будани ин сахифа бехтар аст, ки хамин маводро гузорам ва  «нишон»  дихам, ки ман хастам, блог дорам…Холо дар хама чо хамин «холат»  хаст ку!  «Хоча бог дори-ДОРАМ…» Читать далее →

9 сентябри соли 2010

      Имруз барои ман ва мо рузи одди ва мукаррари нест! Имруз Ватани мо рузи Истиклол дорад, имруз мо тантанаи озоди ва сохибихтиёри дорем! Ин чашн барои мардуми азизи Точикистон муборак бошад! Сарбаланду комёб бошед!Биёед, барои пешрафти ин Ватан хама якчоя ва бо масъулияти баланд талош мекунем, биёед, аз ин пас барои хар чизи чузъи ва ночиз якдигарро танкиду сарзанишу маломат намекунем, биёед, хамватани дар тичорат муваффакамонро ба шикаст ру ба ру намекунем, биёед бегонапараст намешавем, биёед, факат дар мавзуъхои чидди ва мухиму такдирсозу ояндасоз бахс мекунем, биёед, ба кадри мардуми фарзона ва фидоии халку миллат замони дар кайди хаёт буданашон мерасем, биёед, эродгирии хандаоварро ба хамдигар бас мекунем, биёед, Точикистонро машхури чахон мекунем! 

Аммо ин навбат дар мавриди ба рузи мустакилияти давлати мо рост омадани рузи зебои, даргузашти Ахмадшохи Масъуд, нуктаи аз хама сердаромади Вазорати аз хам сердаромади Точикистон, таксими як империя аз чониби писарони император,  аввалину охирин консертхо ва нархи як «букка» навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти