Як шаби бе саҳар (ҳикоя)

Фақат ҳамин зан буд, ки камтарин ҳиссаи моҳиро дар сатилчае ба он мағоза меовард. Ӯ баъди он, ки як мошини бузурги пур аз моҳиро дар пушти ҳамон мағоза дид, дарк кард, ки маъмури онҷо, ки зоҳиран як ҷавони хушахлоқу хушлибос ва худотарсе буд, сирф аз дилсӯзӣ барои ӯ гузашт мекунад. Ё шояд ӯ дарк карда буд, ки рӯзгори ин оила ба пули он чанд дона моҳича вобаста аст. Аммо акнун чанде аст, ки як зани ғайритоҷик ба ҳайси маъмур онҷо кор мекунад ва ӯ на фақат моҳичаҳои овардаи ин занро намехарад, балки ҳатто бо тамасхур ба ӯ назар мекунаду ҳайронии таҳқиромезеро ба намоиш мегузорад. » А где сертификат качество?», «Они не ядовитые?»… Бозори дигар бояд ҷуставу пайдо кунад. Ё боз ба дари ҳамон ресторани шабона биравад? Ҳамон ҷое, ки на дар чеҳраи ошпазу муҳофизаш нур буду на дар дили маъмураш раҳм…

Читать далее →

Лаб-лаби андеша. Аз лаби ёр то лаби ғор…

Аз ҷамъи лабҳое чун лаби бому лаби ҷару лаби чакдону лаби роҳу лаби чоҳ, лаби чашмаву об ва лаби ёр — қариб ҳама хавф доранд. Чун аз лаби бому лаби ҷару лаби об зиёд касон огоҳу нохудогоҳ сарозер шудаанду аз лаби роҳҳо нопадид… Кам набуданд касоне ҳам, ки аз қошу лабу лунҷи ёр аввал ба шикам рӯйи шикаму баъд ба фук пеши пойҳои сутунчамонанду кафшҳои занонаи чиниву туркӣ фитоданд…

Яъне, лаб-лаби лабони хати қирмиз дошта бепарвову бе ӯҳдадорӣ гаштан ба ҳадди убури беиҷозаи заминҳои мансабдоре, ки ихтиёри идорааш ба дасти ким-кадом шахси ошнои дар нақши деҳқонбуда аст, ҳам хатарзосту ҳам саволу ҷавоб дорад…

Ва лаби об аст, ки ҳазорон асрори ошкору ниҳони мардумони шаҳргурезу коргурезро дидаву ба дил ниҳон медорад, лаби об аст, ки сарфи назар аз ҳушдори муфаттиш дар бораи ҷавобгарӣ доштани баёноти бардурӯғ, дидаву дониста воқеъияти меҳмониҳову ҳамсафарҳову сарпарастҳоро таҳриф мекунаду пинҳон.

Читать далее →

Як шабандеша

Шаб буд ва андешаҳое, ки акнун дар қолаби як сар намегунҷиданд, соҳибашро ба кӯча кашонданд. Ҳам ҷисми хаставу ҳам андешаҳои гаронро ба дуриҳо кашола кардаву бурдан саҳл нест. Ва як асрори кӯчаки нимкушода ҳам ҳамин аст, ки аксарият аз он, ки ин ду бору чанд бор барояшон гаронӣ меорад, якеро ё якчандеро раҳо мекунанд — ё ҷисми хастаро ё бори андешаҳои андешазоро ё бори ҳар гуна амонатро…ва ҳатто бори нангу номусро….Вале ғайриинтизор бори ранҷишу озурдагиро бо ҳама гарониву бӯйи бадаш мебаранд баъзан то охири роҳи зиндагиашон…

Канори ин об аз борҳои партофташудаву гузошташудаву фаромӯшшуда пур аст, мисли қаъри обҳои пур аз қуфлҳои баставу бекалид. Басо дилҳо буда, ки на аз нури моҳ равшан шудаву на аз нури чароғҳои канори роҳ, басо андешаҳоеро ин об ёд дорад, ки на дар дили соҳибонаш ғарқу фано шуданду на дар дили об, мисли ҳамон равғани рӯйи шир…

Андешаҳо баъзан чун борҳое, ки расмиёти гумрукиро нагузаштанду соҳиби худро эҳтимол ба мушкилу ҷарима мувоҷеҳ кунанд на дили дилхоҳе барои ба он гузаштан меёбанду на дар он сар ҷойи амне барои пинҳон шудан… Ва шояд қуттиҳои холиву зарфҳои машруби соҳили обҳо осори бо дард берун омадани ҳамон андешаҳоянд, ки якҷо бо чанд дона моҳичаи аҷалрасидае қурбон шудаанд. Аз ин гуна қиссаҳо канори обҳо зиёд ёд дорад ва ҷо-ҷо гулханҳои хомӯшгашта ва хокистартӯдаҳо ба он гувоҳ аст…

Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд-Астория (15)

Ин субхи ман аз навис-навис бо писарам Аличон огоз шуд. (У дар синфи 5-ум тахсил мекунаду Эхсон дар синфи 2-юм) Ман онхоро пазмон шудаам, ба хамон хадд, ки онхо хам маро пазмонанду интизор! Аз хар боб навиштаму навишт, аз ину он пурсидам…Каме насихату васият кардам. Ва медонед у чи навишт? Айнан ин чумларо:

«оли сахар барои мактаб пул гирум  да аднакласникум мегзаронум баъд да шумо да пеши сураттон як чиз мемонум – инамира -мой золотой папа»

Гиряам омад, бори аввал буд, ки ман ин кадар мухаббату дустдориву пазмонии писарамро хис мекардам …

Читать далее →

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (5)

      Ман наметавонам чудо кунам, ки барои чи туро дуст медорам! Ман наметавонам гуям, ки фалон дарёатро дуст дорам ва фалонашро на, ман намегуям, ки ин канорат бехтар асту он кунчат на. Ту саросар зебои, хар кунчат чун нигини накшини як халкае гардани дунёро зеб медихад, ту монанд надори!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти