Вохӯрии мо имрӯз баъди субҳона аз идораи як рӯзномаи шаҳрии Варшава бо номи “Poludnic” оғоз шуд. Он рӯзнома бузургтарин шабакаи паҳнкунӣ дошта, бепул ба мардум тақсим карда мешавад. Муассис ва сармуҳаррираш Andrzey Roginski моро дар идораи худ, ки ҳамагӣ 60 м2 андоза дорад қабул кард. Замони таъсисёбии ин рӯзнома онҳо як компютери кӯҳна, мизу курсӣ ва мошинаи чопии иҷорагирифтае доштаанду халос. Ҳоло 30 корманди ғайриштатӣ ва 3 корманди штатӣ доранд. Чизи аҷоиб он буд, ки онҳо дар рӯзномаи худ маводи навиштаи хонандагони мактабро чоп мекунанду агар муаллим дар бораи мактабу чорабиниҳои он нависад, чоп намекунанд. Ҳудуди 750 нуқта барои тақсимоти ин газетаи 8 саҳифагии бепул фаъол аст. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Прага, Роҳи оҳан, газетаҳо, иҷозатнома, маркази тиҷоратӣ, рӯзнома, қатора, ҳуқуқи журналистон | Leave a comment »











